сиёсат
МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ
25 августи соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супурданд.
Қабл аз оғози маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиронро ба муносибати Ҷашни миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки тибқи анъанаи нек мо ҳар сол дар арафаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатӣ заҳмати шахсонеро, ки барои пешрафту ободии Ватан ва оромиву суботи ҷомеа саҳми арзишманд гузоштаанд, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне афсарону сарбозони шуҷоъ ва содиқи Ватанро, қадрдонӣ менамоем.
Бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олӣ сарфароз гардидани шумо подоши ҷасорату далерӣ, матонату шуҷоат ва хизмати содиқона ба халқи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад.
Сӣ соли соҳибистиқлолӣ ва, хусусан, солҳои нахустини он барои миллати куҳанбунёди мо давраи бисёр мушкил ва пур аз лаҳзаҳои ниҳоят сахту сангин буд. Яъне, расидан ба ин рӯзи пурсаодат, ки мардуми шарифи Тоҷикистон як марҳалаи томи таърихи навини худро бо амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ ҷамъбаст мекунанд, ба мову шумо саҳлу осон нашудааст.
Бо саъю талош ва заҳмату кӯшишҳои фидокоронаву шабонарӯзии фарзандони сарсупурдаи миллат сулҳу оромӣ, ризоият ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат барқарор карда шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми низомиён, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар барҷаста буда, маҳз ба туфайли ҷасорати хизматчиёни ҳарбӣ, садоқату адолати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар солҳои минбаъда дар пешгирӣ кардани ҷинояту қонуншиканӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, амнияти давлату ҷомеа ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандони кишвар мо ба дастовардҳои бесобиқа дар ҷодаи созандагиву ободонии Ватан ноил гардидем.
- Дар роҳи таъмин намудани суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорон садҳо нафар ҷавонмардони баору номуси Ватан ҷони худро қурбон кардаанд, ки мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем, - изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки ҷасорату мардонагӣ ва фидокории чунин фарзандони содиқи Ватан ҳамасола аз ҷониби роҳбарияти давлат қадрдонӣ мегардад ва мо чандин нафари онҳоро имсол низ бо мукофотҳои олӣ қадр кардем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди қавӣ нисбат ба афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъкид намуданд, ки рушди устувори кишвар, тараққиёти бомароми давлат ва зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат аз амнияту субот, низому тартибот, яъне таъмин будани волоияти қонун дар ҷомеа вобастагии мустақим дорад.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ниҳоят мураккабу пешгӯинашавандаи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла буҳронҳои шадиди иқтисодиву молиявӣ ва таҳдиду хатарҳои муосир андеша ронда, таъкид доштанд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро як лаҳза ҳам аз даст надиҳанд, бо интизоми оҳанини ҳарбӣ, риояи қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ омодабошии ҷангӣ ва иқтидори мудофиавии давлати соҳибихтиёри тоҷиконро боз ҳам баланд бардоранд.
Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок, бештар аз 100 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ордени Спитамен дараҷаи 1, ордени Спитамен дараҷаи 2, ордени Шараф дараҷаи 2, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус қадр шуданд.
Дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои содиқонаи собиқадорони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр гаштанд.
Дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 18 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 5 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 10 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 13 нафар бо медали Ҷасорат, 14 нафар бо медали Хизмати шоиста, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, 4 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус” ба 37 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси генерал-полковники милитсия, генерал-лейтенанти адлия, генерал-майори адлия, генерал-лейтенант, генерал-майор, рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал-майори милитсия, генерал-майори хизмати дохилӣ ва генерал-майори хадамоти гумрук супурда шуданд.
Давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши занону духтарон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим амалӣ гаштанд. Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар нахустин зан бо рутбаи баланди генерал-майори милитсия сазовор гардид.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои арзанда ба Саидвализода Барно Саиднабӣ - сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия дода шуд.
Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи таъмини амну субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадр гардиданд, самимона табрик гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан вазифаҳои хизматии худро дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо масъулияти баланд, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсӣ иҷро менамоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.08.2021 №: 170 Мутолиа карданд: 653