иҷтимоиёт
ДОСТОНИ МАРДИ МИЛЛАТ
Шириншоҳ Шоҳтемур барҳақ фарзанди ҷонфидои миллат ва Меҳани худ маҳсуб мешавад. Ин марди муборизу қавиирода аз танқиду фишори бегонапарастон ва душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик наҳаросида, ҷасурона манфиатҳои халқу миллаташро ҳимоя мекард. Ӯ аз тоҷик будани худ ифтихор дошт ва аз рушду нумуи Ватанаш меболид. Дуруст гуфтаанд, ки ҳарчанд қаҳрамонони миллат бар асари беадолатиҳои замон муддате ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд, вале боз чун офтоби зиёбахш тулуъ хоҳанд кард.
Эмомалӣ РАҲМОН
Воқеан ҳам, вақте ба фаъолияти доманадори сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маорифпарваронаи фарзанди фарзонаи миллат Шириншоҳ Шоҳтемур назар меафканем, новобаста аз ҷавонӣ, дар айни ҳол ба ҷасорату матонати ӯ мутаҳайир мегардем. Дар замони муборизаҳои шадиди сиёсӣ, ки мавҷудияти миллатеро чун тоҷик муаррифӣ кардан кори осон набуд, Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳаммаслаконаш ин кори таърихиро анҷом доданд. Эҳсоси руҳу равони ин қаҳрамони миллат, корнамоиву ҷоннисории муборизи матин минбаъд асоси чандин шеъру ҳикоя, достон ва дигар жанрҳои адабии адабиёти навини тоҷик гардид. Гарчи шоири инқилобӣ Абулқосим Лоҳутӣ замони тираву тори давраи зиндагии хешро инъикос кардаву барои пасояндагон таъкид намудааст, ба рӯзгори пуршебу фарози Шириншоҳ Шоҳтемур низ монандӣ дорад:
Таърихи разми ранҷбаронро
бирав, шунав,
Хоҳӣ агар хабар шавӣ аз достони ман.
Дар давраи мубориза умрам тамом шуд,
Даврони теғу оташу хун буд замони ман.
Оре, замони зиндагии ин қаҳрамони миллат низ на камтар аз рӯзгори Лоҳутӣ буд. Ниҳоят, бо ин ҳама часпу талош, ӯ тавонист, ки мавҷудияти миллати тоҷикро ҳифз кунад ва барои дар харитаи сиёсии ҷаҳон устувор мондани ин миллати куҳанбунёд замина гузорад.
Ҳамин гуна ҳисси ватандӯстии вай боло гирифта, ки аз 22 - солагӣ ба узвияти Ҳизби коммунистӣ қабул шуд. Дар ин синну сол пазируфта шудани ҷавонон ҳодисаи нодир ба шумор мерафт, зеро тавассути санҷишҳои сангин ва хеле давомдор хоҳишмандон ба сафи он дохил мегардиданд. Маҳз дониши амиқи сиёсӣ, ҷасорату ватандӯстӣ, боло гузоштани манфиатҳои давлативу ҷамъиятӣ аз манфиатҳои шахсӣ боиси пазируфта шуданаш ба ҳизб гардид. Ҳанӯз сездаҳсола буд, ки фаъолияти меҳнатии хешро оғоз бахшид. Нахуст, соли 1914 дар корхонаҳои саноатии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон кор карда, бо як қатор болшевикони ватанхоҳу муборизи роҳи ҳақиқат ошно гардида, фаъолияти сиёсии худро қувват бахшид. Соли 1920 ба шаҳри Хуҷанд омад, дар масъалаҳои ободонии хоҷагии қишлоқ, хусусан, бо озуқа таъмин кардани аҳолӣ саҳм гирифт. Минбаъд дар ҳайати Комиссияи ҳарбии сиёсӣ ба Бадахшон фиристода шуд. Ҳамин тариқ, фаъолияти сиёсиаш маҳз дар ҳамин давра зоҳир гардид. Вай аввал (муддати ду сол) раиси кумитаи инқилобӣ, баъдтар раиси Комиссияи ҳарбии сиёсӣ интихоб шуда, ҳамчунин, дар дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии (б) Туркистон фаъолияти доманадорашро тақвият дод. Ҳамзамон, роҳбари қисм (сексия) - и коммунистӣ оид ба Тоҷикистон интихоб гардид.
Соли 1926 ҳамчун ходими сиёсии таҷрибадор комиссари халқии молияи ҷумҳурӣ таъин шуд. Ҳамин гуна ҷасорат ва часпу талошҳои пайдарпаяш ӯро мунтазам дар роҳи ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ роҳнамоӣ мекард. Ин буд, ки барои захира кардани таҷрибаи бештари сиёсӣ озими шаҳри Москва гардид ва соли 1929 Донишгоҳи коммунистии меҳнаткашони Шарқро хатм намуд. Маҳз чунин иқдоми ӯ роҳи минбаъдаашро дар арсаи сиёсии мамлакат ба таври хеле густурда муайян сохт. Пас аз хатми ин донишгоҳ якбора ҳамчун кадри аз нигоҳи сиёсӣ варзидаву пурқувват котиби масъули Кумитаи ҳизбии вилоятии Тоҷикистон, солҳои 1929 - 1932 котиби дуюми Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистӣ (б) - и Тоҷикистон, солҳои 1933 - 1937 раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон пазируфта шуд.
Дар муддати хеле кӯтоҳ Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун арбоби намоёни сиёсӣ шинохта шуд. Нақшаҳои дарпешгузоштааш ҳама ҳадафмандона буда, барои эъмори давлати мустақили Тоҷикистон мусоидаткунанда буданд. Ӯ хуб дарк мекард, ки бе ташкили мактабу маориф, тарбия намудани кадрҳои шоистаи педагогӣ ин соҳаро ба роҳ мондан нашояд. Аз ин рӯ, ҳанӯз хеле барвақт барои ташкил кардани мактабҳо (аввал дар Помир, ки заминаи амалӣ дошт), кӯшиш ба харҷ дод.
Маҳз дар замони роҳбарии ӯ як қатор макотиби олии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, солҳои 1931 - 1932 барои тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд донишгоҳҳои муаллимтайёркунӣ ва баъдан Донишгоҳи кишоварзӣ ба фаъолият шуруъ карданд, ки то имрӯз кадрҳои зиёде тайёр кардаву дар хоҷагии халқи мамлакат хизмати босазо менамоянд. Албатта, дар ин самт низ бо танҳоӣ гом бардоштан хеле душвор буд ва дар ин масир ӯро як идда ҳаммаслаконаш, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Аббос Алиев, Саидризо Ализода, сиёсатмадорони аллакай шинохта Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Нисор Муҳаммад ва дигарон ҳамроҳ буданд.
Дар рӯзгори се - чор даҳсолаи аввали асри бист ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ барои мардуми тоҷик хеле душвор ва дар айни замон пурмасъулият низ буд. Дар ин масир чанд нафари ангуштшумор, аз ҷумла Шириншоҳ Шоҳтемур тавонистанд, ки аз мавҷудияти миллати тоҷик ба душманони тоҷикситез паём диҳанд. Чунин ҷасорат воқеан ҳам, камоли мардонест, ки аз худ гузаштанро назди хеш гарав гузошта буданд. Ба таъкиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Бузургии ин мардони майдони сиёсат аз он иборат буд, ки онҳо бо ҷасорат тавонистанд дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аз имкониятҳои марҳалаи аввали таҳкими давлати Шуравӣ ба фоидаи миллати худ истифода баранд. Дар ин росто бояд гуфт, ки муборизаи тоҷикон барои эҳёи давлату давлатдории худ дар он айём моҳиятан набарди адолатхоҳонаи сиёсӣ буд. Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки дар он замон муқовимат бо роҳбарони манфиатпарасту гурӯҳҳои миллатгаро хеле душвор буд».
Дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии фарзанди ҷонфидои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуву ниятҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар ҳаммаслаконаш амалӣ гардидаанд. Хизматҳои як идда мардони ватанхоҳи миллат, ҷавонмардони барӯманд ва ҷонфидои миллат, ки тавонистанд дар барқарорсозии мамлакат ва гулгулшукуфии давлати тоҷикон ҳисса гузоранд, ба таври шоиста қадрдонӣ гардиданд. Дар қатори онҳо ба Шириншоҳ Шоҳтемур 27 июни соли 2006 барои хизматҳои бузургаш дар поягузории Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Мардуми тоҷик ба хизматҳои беғаразонаи ин қаҳрамони миллат арҷ гузошта, ному пайкори ӯро аз лавҳи хотир намебароранд.
Ҳотами ҲОМИД, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.08.2021 №: 170 Мутолиа карданд: 627