иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Воқеан, кам нестанд дар ҷомеа нафароне, ки тамоми вуҷуду ҳастии худро қурбони пешаи баргузидаашон кардаанд. Маҳз ана ҳамин нафарон ба насли наврас-ҷавонон як қутбнамо буда, дар интихоби касб дарки масъулият доранду дар иҷрои рисолати аслии хеш содиқанд. Бешубҳа, Юнусалӣ Сидиқов аз ҷумлаи ана ҳамин соҳибкасбони ҳирфаӣ дар олами эҷод, мушахассан рӯзноманигорӣ ҳастанд.
Бо навиштаҳои устод дар саҳифаҳои “Шуҳрати Ашт”, “Ҳақиқати Ленинобод” (ҳоло “Ҳақиқати Суғд”) ҳанӯз аз айёми мактабӣ - солҳои 70-уми асри гузашта ошностам, ки бо таври басо пухтаву нишонрас рӯйи коғаз меомаданду соҳоти гуногуни хоҷагии халқро фарогир буданд. Имрӯз гумон дорам, ки худ бо гузашти беш аз 44 соли сару кор бо қалам аз ин таҷрибаи устод баҳрабардорӣ кардаам. Баъдан, пас аз шиносоии бевосита ҳангоми таҷрибаомӯзӣ ба бисёр суолҳои худ дар иртибот ба эҷоди ин ё он мақола, мусоҳибаю гузоришҳо посухи пурраву шарҳи касбӣ мегирифтам. Навиштаҳои шогирдонаи даври таҷрибаомӯзии моро устод басо диққату ҷиддӣ аз назар гузаронда, дар баробари ислоҳи калимоту иборот дарёфти муродифи онҳоро нишон дода, бо далелу рақамҳо ҳушёронаву эҳтиёткорона муносибат карданро вазифаи худ медонистанд. Яъне, нисбат ба фаъолияти ҳатто як таҷрибаомӯз, ки маълум нест дар оянда ҳамин касбро ҷиддан интихоб мекунад ё не, бе тараф набуданд. Юнусалӣ Сидиқов бо паси сар шудани чандин солу ба синни нафақаву ба даврони пирӣ расидан ҳам имрӯз ҳамон мавқеву масъулияти касбии худро коҳиш надодаанд ва дар ҳама ҳолатҳои зиндагӣ якрӯву якмаром мондаанд, ки ҳам ибрату ҳам панд аст. Имрӯз, ки дунё аз лиҳози иттилооту имконоти интишор ва пахши он хеле пеш рафтааст, ҳамоно ба мушоҳида мерасад, ки ӯ аз майдони матбуот дур нестанд ва наметавонанд, ки дар канор ҳам бошанд, зеро рисолати аслии журналист-рӯзноманигор дар ҳамин ифода меёбад-нисбат ба ҳар ҳаводиси рӯзгору ҷомеа бетараф набуда, бо диди воқеанигорӣ назар дӯхт!
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.08.2021 №: 170 Мутолиа карданд: 584