сиёсат
ҚАСРИ ЕЛИСЕЙ: ЭММАНУЭЛ МАКРОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО БА ФАРОНСА ДАЪВАТ КАРД
Президенти Ҷумҳурии Фаронса бо ҳамтои тоҷики хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чоршанбеи 25 август суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ӯ Президенти Тоҷикистон ва мардуми тоҷикро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки таҷлилаш 9 сентябри соли 2021 дар назар аст, табрик гуфт. Аз сатҳу сифати муколама миёни Фаронса ва Тоҷикистон изҳори хушӣ карда, иродаи хешро ҷиҳати рушду таҳкими бахшҳои нави ҳамкорӣ, хусусан дар масъалаи сарҳадот, баён намуд.
Ҳар ду роҳбарони давлат вобаста ба вазъ дар Афғонистон нигаронии амиқ зоҳир карда, роҷеъ ба ҳолати паноҳандагони афғон ва, инчунин, оқибатҳои ба сари ҳокимият омадани “Толибон” дар Кобул табодули афкор намуданд. Мусоҳибон оид ба идомаи ҳамкориҳо ба манзури таъмини суботу амнияти минтақавӣ ба тавофуқ расиданд. Президенти Ҷумҳурии Фаронса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми сафар ба Фаронса даъват кард.
26 августи соли 2021 дар сомонаи
расмии Қасри Елисей (маъмурияти
Президенти Фаронса) интишор шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.08.2021 №: 171 Мутолиа карданд: 976