logo

иҷтимоиёт

ГУЛИСТОН ДАР МАСИРИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Шаҳри қолинбофону барқофарон, геологҳову сайёҳон ва моҳипарварон- Гулистон аз ҷумлаи он шаҳрҳои мамлакат аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои нишонраси иқтисодӣ муваффақ гаштааст. Натиҷаи ин пешравиҳост, ки ҳам Гулистон ва дигар шаҳракҳо дар ин давра ободу хуррам, сарсабз шуда, иншооти бунёдшудаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта бо тарҳи меъмориву нақшофарӣ, ороиш ба қалбҳо фараҳ мебахшанд. Дар ин радиф даҳҳо иншооти истеҳсолӣ низ рӯйи кор омада, ба болоравии иқтисодиёт мусоидат карданд, ки ба зиндагии шоистаи мардум, рӯзгори осудаи онҳо замина гашт. Албатта, таконбахши ҷиддӣ дар иқтисодиёти шаҳр, бешубҳа, ривоҷу равнақи саноат буд, масалан, агар соли 2000-ум ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар маҷмуъ ҳамагӣ ба 2 миллиону 246 ҳазор сомонӣ баробар шуда бошад, пас, баъди 20 сол, яъне соли 2020 ҳаҷми маҳсулоти саноатии шаҳр ба 2 миллиарду 400 миллион сомонӣ расида, саҳми шаҳри Гулистон дар маҷмуи умумии  маҳсулоти саноеи вилояти Суғд имрӯз ба 26 дарсад баробар шудааст ва ин раванд ҳамоно тамоюли афзуншавӣ дорад.  
Дар давоми солҳои 1992-2021 соҳаҳои хоҷагии халқи  шаҳри Гулистон бонизом фаъолият бурда, шароит фароҳам овард, ки 30, 40 ва 50-солагии таъсисёбии худро бо руҳияи хушу умеди дурахшон ба фардои боз ҳам шукуфон таҷлил намояд.
Дар ин муддат дар марзи шаҳри Гулистон корхонаҳои азими саноати кӯҳӣ, аз қабили ҶМКМДММ бо мутахассисони канадагӣ, “Апрелевка”, ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” бо сармоягузорони чинӣ рӯйи кор омада, саноати истихроҷу коркарди маъдани кӯҳӣ дар сатҳи мувофиқ ба талаботи бозорӣ роҳандозӣ шуд. Имрӯз бо шарофати фаъолияти муътадили ин ду корхонаи азими саноатӣ зиёда аз 3,5 ҳазор сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ, музди баланд таъмин мебошад. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи ҳар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъулони соҳа даъват ба амал меоваранду дастур медиҳанд, ки таваҷҷуҳ ба рушди саноати кӯҳӣ боз ҳам ҷиддӣ бошаду дар ин замина иқтисодиёти кишварро ба сатҳи баланд бардорем. 
НБО  «Дӯстии халқҳо» ҳамчун асосгузори бунёди шаҳри соҳили баҳри Тоҷик аз соли 1957 инҷониб барои хоҷагии халқ неруи барқ истеҳсол менамояд. Феълан, ин ҷо татбиқи Лоиҳаи бузурги барқарорсозии неругоҳи мазкур бо маблағгузории  149,9  миллион доллари Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд идома дорад, ки ба фаъолияти муътадилу бо низом ва самаранокии НБО мусоидат хоҳад кард.
Гулистон (Қайроққум) дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ бо комбинати қолинбофиаш машҳур буд, шояд кошонаеро ёфтан мушкил мешуд, ки он ҷо қолини зебову хушранги истеҳсоли Тоҷикистон набошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ корхонаи мазкур фаъолияти кории худро дар заминаи технологияи пешқадами муосир роҳандозӣ кард, ҳоло имкон дорад солона то 3 миллион метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ тавлид намояд ва ҳиссаи муассири худро дар маҷмуи молҳои содиротии вилояту ҷумҳурӣ афзун бахшад. Имрӯз қолинҳои шаҳри Гулистон на танҳо ба бозори Осиёи Миёна, ҳамчунин, ба Аврупову Осиё бароварда мешаванд. 
Яке аз ченакҳои асосӣ ва муҳими рушди шаҳри Гулистон, пешравии куллӣ дар иҷтимоиёт ва фарҳанги шаҳр мебошад.
Дар ин давра се бинои мактаби нав дар маркази шаҳр, дар деҳаҳои Зарчашма, Гулдараи шаҳраки Адрасмон сохта ба истифода дода шуданд, ки мутобиқ ба лоиҳаҳои замони муосир буда, устодону муҳассилон бо тамоми шароити кориву таълимӣ ва фароғатӣ фарогир шудаанд. Ҳамзамон, дар маркази шаҳри Гулистон Гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба фаъолият оғоз намуд, ки ба яке аз муассисаҳои пешқадами соҳа табдил ёфтааст. Ба шарофати даврони соҳибистиқлолӣ дар маркази шаҳр Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» фаъолият дорад, ки дар он на танҳо фарзандони шаҳру шаҳракҳои Гулистон, инчунин, аз навоҳии гирду атроф бомуваффақият таҳсил доранду баъди соҳиби тахассус гаштан  норасоии мутахассисони соҳаро пурра мекунанд.
Гулистон дар баробари рушди бемайлон дар самти саноати кӯҳиву сабук ба маркази воқеии сайёҳиву фароғатии кишвар мубаддал мегардад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ минтақаи истироҳатии шаҳр  комилан таҷдид гашта, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳои замонавӣ, аз қабили “Баҳористон”, “Соҳил”, «Наврӯз-2000», «Далер-777» ва Маркази таълимии «Бонки миллии Тоҷикистон», “Фирӯз-плаза”, “Суғдиён”, “Абдуқодир Ҷабборзода” сохта ба истифода дода шуданд. Танҳо дар чор соли охир дар осоишгоҳҳои Гулистон наздики 300 ҳазор сайёҳ истироҳати худро ба роҳ монд ва ин раванд боз ҳам вусъати тоза пайдо хоҳад кард.
Дар ин давра баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор баҳри истиқболи арзандаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр дар давоми се солу шаш моҳ аз рӯйи нақша ва ғайринақшавӣ 210 иншоот ба маблағи зиёда аз 330 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст ва то рӯзи ҷашн боз наздики 15 иншооти муҳими таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. 
Зикр бояд кард, ки дар натиҷаи корбарӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва сокинони саховатманд дар ин муддат боз иншооти зиёди иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ, гулгаштҳо, бунёди майдончаҳои варзишӣ, ташкили корхонаҳои нав, таҷдиди бинои маъмурӣ, чароғонкунӣ, биноҳои истиқоматӣ ва монанди ин. 
Боиси ифтихор аст, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳудуди шаҳри Гулистон 13 иншооти ҷашнӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, майдонҳои Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гулгашт, кӯдакистони «Парасту», “Мактаби санъат” дар кӯчаи Истиқлол, бинои истироҳатӣ дар осоишгоҳи ҶДММ “Баҳористон”, коргоҳи истеҳсоли ришта дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, ҶДММ “Мурғи аълосифат”, оби нӯшокӣ, коргоҳи коркарди коғаз дар заминаи корхонаи ҶДММ “Сахо ва К”, коргоҳи арматурбарорӣ, фабрикаи мурғпарварӣ ва истеҳсоли гӯшти мурғ, корхонаи коркарди коғаз, истироҳатгоҳи панҷошёнаи “Суғдиён” ва ғайра.
Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар дар ин давра беш аз 10 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла соли равон ду корхонаи саноатӣ:  ҶДММ “Гулистони Аҷам” бо иқтидори истеҳсолии 24 тонна хӯроки чорво дар як шабонарӯз ва  “Мурғи дастрас” барои парвариши  20 ҳазор сар мурғ бо таҷҳизоти замонавӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳамзамон, соли равон як қатор иншооти таъиноташон гуногун қомат афрохтанд. Дар ин давра аз ҳисоби ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ беш аз 400 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуд.
Сокинони сарбаланди Гулистон чун дигар аҳолии мамлакати азизамон Ҷашни бузург – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо армуғонҳои идонаву шоиста истиқбол хоҳанд гирифт.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2021    №: 172    Мутолиа карданд: 712
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед