logo

иҷтимоиёт

НОРАК. ШАҲРЕ, КИ ДИЛҲОРО ТАСХИР МЕКУНАД

Имрӯзҳо дар саросари кишвар бахшида ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободкорӣ бомаром ҷараён доранд. Мардуми нурофари шаҳри Норак низ баъди ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП – 1059 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ, корҳои зиёди ободониву бунёдкориро роҳандозӣ намуда, баҳри ободу зебо гардидани симои шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ то имрӯз як қатор корҳоро ба анҷом расонданд. 
Тавре Дилшод Асозода, раиси шаҳр, ба хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ то имрӯз бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва соҳибкорони саховатпеша аз 193 иншооти таъиноташон гуногун, 186 адад ба маблағи 113 миллиону 417 ҳазор сомонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҷумла, биноҳои хизматрасонӣ, маишӣ, истиқоматӣ, кишоварзӣ, фароғатию савдо ва саноатӣ 153 адад, маъмурӣ 3, таълимӣ 4, табобатӣ 3, варзиш 7, фарҳангӣ 6 ва дар чор муассисаи таълимӣ 12 синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамзамон, биноҳои маъмурии хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД, маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зист, маъмурии КИ ҲХДТ, коргоҳи коркарди сафолак ва маҳсулоти резинӣ ифтитоҳ ёфт. Сохтмони бинои 4-ошёнаи маркази адлия ба анҷом расида, корҳои таъмирӣ идома доранд. Корҳои таҷдиду навсозии кӯли «Комсомол», боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, сохтмони маркази саломатии маҳаллаи Лангар бо ёрии соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ҷараён дорад. 
Навсозии бинои шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказӣ дар арафаи анҷомёбист. Ҳамзамон, таҷдиду навсозии хати оби нӯшоӣ дар доираи лоиҳаи БАТР амалӣ гашта, то охири соли ҷорӣ омода ва дар ин замина дар ҷамоатҳои деҳот ва ҳудуди шаҳр мушкилоти норасоии оби нӯшоӣ бартараф мегардад. 
Ба истиқболи  Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи амалисозии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръат аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар шаҳр бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд корхонаи саноатии вазнин мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. 
Аз ҷумла, бо назардошти аҳамияти бузурги соҳа, 20 марти соли 2019 зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак марҳилаи аввали корхонаи «Гидромехсаноат»-и ҶСК «Тоҷикгидромонтаж» - ро мавриди истифода қарор доданд. Самти фаъолияти корхона истеҳсоли таҷҳизоти гидромеханикӣ ва металлоконструксияи неругоҳҳои барқи обӣ буда, дар кишвар ягона корхона ба ҳисоб меравад. Иқтидори истеҳсолии он дар як моҳ то ҳазор тонна таҷҳизоти гидромеханикӣ ва металлоконструксияи неругоҳҳои барқи обӣ мебошад. 
Дар корхона истеҳсоли ҳама намуди дарвозаҳо, аз ҷумла дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ, садамавӣ ва лӯлаҳои обрасонии турбина барои неругоҳҳо, ба роҳ монда шуда, 250 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гашт. Инчунин, бо иштироки Сарвари давлат коргоҳи истеҳсоли кошинҳои резинии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавӣ – механикӣ» мавриди истифода қарор гирифт. Дар коргоҳи нав 20 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Коргоҳ бо харҷи 3,7 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар он, асосан, қолабҳои гуногун, ороишҳои оҳанӣ ва шишаҳои автомобил истеҳсол мешаванд. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 3 ҳазор тонна оҳанро ташкил медиҳад. 
- Дар маҷмуъ, дар 30-соли Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр зиёда аз 20 корхонаи саноатии хурду бузург бунёд ёфт. Дар ин давра аз ҷониби Пешвои миллат дар шаҳр майдони фарҳангии Парчам, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳоло бунёди майдони варзиш барои 10 ҳазор ҷойи нишаст, ки аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат санги  асос гузошта шудааст, идома дорад. Ҳамаи ин дастовардҳо дар партави сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта истодаанд, - афзуд Дилшод Асозода. 
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2021    №: 173    Мутолиа карданд: 609
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед