иҷтимоиёт
АЗ ҲАҚИҚАТИ БЕЙЛИ ТО ШИКАСТИ ИБРОҲИМБЕК
Номаи кушодаи Бруно Ясенский, муаллифи «Одам пӯсташро иваз мекунад», ба полковник Ф. М. Бейли, дорандаи ордени империяи Ҳиндустон, дар ин рӯзгор низ ибратомӯз мебошад. Аз он бармеояд, ки яке аз рафиқони нависанда пешниҳоди тарҷумаи романро ба забони англисӣ менамояд. Пас аз он ӯ бовар ҳосил мекунад, ки китоб дер ё зуд ба полковник мерасад. Номаи мазкурро нависанда ба роман замима мекунад. Ӯ дар нома аз ҷумла нигоштааст: - «Шумо онро то охир хонда, ҷойи шубҳа нест, ки бо қаҳру ғазаби наҷибона мумкин аст ин ҳиссиётатонро дар шакли таҳқир, ки номи мубораки шуморо зиёд суиистифода намудаанд, дар матбуот чоп мекунед. Шумо мумкин аст шоҳидони боэътимод ва воломақомро пешниҳод менамоед, ки пас аз миссияи Туркистониатон дар соли 1918 шумо дигар ба хоки Иттиҳоди Шуравӣ қадам нагузоштаед».
Пас аз ибрози маълумот дар бораи ӯ менигорад: - «Он чи, ки дар роман нишон дода шудааст, шумо нақши худатонро ба ҳайси агенти сиёсии империяи ҳукумати бритонӣ дар Сиккиме хеле хуб бозидаед».
Агарчи полковник Ф. М. Бейли шахси воқеӣ буд, нависанда онро ба як шахсияти асари бадеӣ табдил додааст. Муаллифи роман аз рӯи ҳуҷҷатҳо, нақли одамон ин қаҳрамони асарашро хуб омӯхта буда ва инро ошкоро изҳор медорад. Хулосаҳои ӯ дар ин маврид қобили қабул мебошанд: - «Ман медонам,созмоне, ки супоришҳои онро бо камоли майл анҷом додаед ва, ҳамчунон, анҷом медиҳед, аз пайи шуҳрати сулҳи ҷаҳонӣ нест».
Бо таъкиди нависанда орзуи полковник ҳам он буд, ки корномаҳояшро мардум бидонад. Корномаҳои ӯро дар ин зимн дар Тоҷикистони шуравӣ чашмгир меҳисобанд.
Дар идомаи мактуб менависад: - «Соли 1931 ҳуҷуми навбатии дастаи Иброҳимбек ва дастгир шуданашро шоҳид будам, аз номи Лигаи миллатҳо садои шахсонеро шунидам, ки гӯшу биниашонро ин дастаи хуношом бурида буданд. Ман имкон пайдо намудам, ки силоҳҳои сохти англисии аз ин дастаи одамкушон ба ғаниматгирифтаро бо чашмони худ бинам. Силоҳҳо намунаи охирин буданд, рӯйирост мегӯям: силоҳҳо олиҷаноб буданд! Дар ҳоли ҳозир дар машғулиятҳои «Осоавиахим» комсомолони тоҷик асрори тирандозиро меомӯзанд.
Иброҳимбек сиёсатмадори баду палиде буд. Дар даъватҳояш мустақиман мегуфт, ки вай ҳукумати амири Бухороро барқарор карданист. Ин ба мардуме, ки ояндаашонро фикр мекарданд,бо калтак ба муқобили Иброҳимбек бархостанд, онҳо то ба ҳол хукҳои ваҳширо бо чунин калтакҳо меронанд. Иброҳимбек дипломатияи шуморо надошт, шахси содаи осиёӣ буд, ҳамсуҳбатӣ ва мулоқотҳои он тарафи дарёи Панҷ ба вай таъсире нагузошта буд.
Маълумотро дар бораи шармандавор шикаст хӯрдани вай хонда, шумо ҳам, эҳтимол дорад, ба қобилияти ҳамсангарҳои худ баҳои бад додагистед, инчунин, барои тарбияи чунин шогирди беақл сарфи вақту маблағро беҳуда арзёбӣ намудед. Шумо, мумкин аст, фикр мекунед, ки агар ин кор ба уҳдаи шумо вогузошта мешуд, натиҷааш чунин аламовар намебуд. Ҳа, ангуштатонро болои харита бурда, ишора ба ҷойҳои шинос, бисёр ғамгин мешудед аз ашхоси баландпоя, ки дурбин нестанд, шикаст мехӯранду шикаст, ашхоси сазовореро дар ихтиёр надоранд, ки дар ҷойҳои муносиб гузоранд.
Воқеият, он тавре ки фикр мекардед, соли 18-ум тавсеа пайдо накард, гарду ғубори Тошкандро аз тирезаи меҳмонхонаи «Регистон» ба мушоҳида гирифтед, пасон сездаҳ сол баъд ман ин манзараро ба мушоҳида гирифтам. Ҳаёт ба шумо имкон надод, ки дар амал ин қадар ҳадафи зиёди худро татбиқ намоед».
Тасвирҳои нависанда, комил гардондани характери полковник аҷибу хонданӣ аст. Муроҷиату муҳокимарониҳои ӯ низ дар хусуси қаҳрамонаш қобили мулоҳиза мебошад ва ҳам ба тавре ки наметавон онро пешакӣ тасаввур намуд. Ҳамин тавр, менигорад: - «Ман ба шумо ягон чизро талқин накардам, ҳатто ҷаҳонбинӣ ва мулоҳизаи худро таҳмил накардам. Ман шуморо фақат ба ҷараёни тези воқеаҳои замон ғарқ кардам ва шуморо ба мушоҳида гирифтам, ҳамон тавре ки даҳҳо персонажҳои дигарро тамошо мекардам ва ҳар кадом ҳаракати шуморо ба сурати графикӣ рӯйи коғаз мушаххас месохтам».
Мавқеъву патриотизму муҳаббати зиёд доштани нависанда ба Ватан дар ҷумлаҳои бадеӣ равшану ошкоро мешаваду ҳамчунон ба назар мерасад: - «Агар ин дафъа ҳам онҳо ба натиҷаҳои дарназардоштаи шумо соҳиб нашуданд,ба ин на шумо ва на ман муқассирем: гунаҳкор ногузирии мантиқии ҳақиқати сотсиалистии мост, ки аз болои он убур кардан мумкин нест». Тавре аз ин бармеояд, тарзи нигорандагии нависанда махсуси ӯ ва ғайри интизор аст. Бо лутфу танзҳои зебо шикасти аслӣ ва маънавии полковник, хоҷагон ва хидматгорони омоданамудаашонро баён медорад: - «Ба ҳар ҳол, ман фикр мекунам, ки шумо набояд бидуни чуну чаро аз ман хафа бошед. Ба шумо имкон додам, ки муддати як сол дар кишвари мо бидуни муҷозот зиндагӣ кунед»...
Нависанда, ҳамзамон, чун сиёсатмадори варзида ҳукм меронад ва ҳақиқатро бепарда ба полковник баён медорад: - «Шикасти маъмурияти дувуматон шуморо дар бознишаста қарор намедиҳад, он дар пешрафти ояндаи шумо таъсиргузор нахоҳад буд. Бархӯрди амалӣ бо воқеияти зинда ва афроде, ки дар асрҳои миёна онро барои шумо шиносонд, дар мӯйҳоятон сафедӣ барвақт зуҳур намуд, тарзе ки дар ин роман рӯйдодҳо инъикос ёфтаанд ва онҳо омӯзандаву муфид мебошанд. Бар хилофи назарияи прокурори фақид Кригер офтоби Осиёи Миёнаи Шуравӣ хусусияти хоси табобатӣ дорад. Он, ба таври мисол, ба дарди куҳнаи тасаввурҳои ғалату хаёлпарастӣ, инчунин, дар қадами аввал ба тамоили зараровари моҷароҳои хатарноки сиёсӣ даво мебахшад».
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.08.2021 №: 173 Мутолиа карданд: 576