logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН: КИШВАРИ ОБУ ОФТОБ ВА КӮҲ Ё ТАЪРИХНОМАЕ, КИ БО ТАШАББУСИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР НАШР ШУД

Тоҷикистон: кишвари Офтоб, об ва кӯҳ. Чунин тавсифро дар ҳаққи кишвари азизи мо академики машҳури рус Александр Евгеневич Ферсман раво дидаанд. Ин суханони академик дар мақолаи вай бо унвони “Имрӯз ва фардои зебои кишвар” соли 1936 дар китоби “Советский Таджикистан” (“ Tojikistoni Soveti”) инъикос ёфтаанд. Муаллиф дар мақола аксари кулли  бойигариҳои воқеии рӯйизаминӣ ва зеризаминии Тоҷикистонро тасниф намуда, дороии аслии мамлакатамонро  Офтоб, об, кӯҳсор ва, албатта, инсонҳои бебаҳояш ном бурда, гуфтааст, ки агар ҳамаи ин мафҳумҳо  ҳамеша дар пайвастагӣ коргирӣ шаванд, Тоҷикистон яке аз гулгулшукуфтарин  мамлакатҳои ҷаҳон хоҳад шуд.
Бармегардем ба китоби “Советский Таджикистан”. Ин нодиртарин ва пурмуҳтавотарин китоб дар бораи Тоҷикистон аст, ки дар ҳоли ҳозир ба камёбтарин осори катбӣ табдил ёфтааст. Ба ман, ки солҳои зиёд ба омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур машғул ҳастам ва муддатҳо дар бойгониҳои Китобхонаи ҷумҳурияии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Осорхонаи миллӣ, бойгониҳои давлатии ҳизбӣ ва давлатӣ, муассисаҳои ҳаммонанд дар ВМКБ ҷустуҷӯҳои илмӣ анҷом додаам, дар ҳеҷ ҷое муяссар нашуд ин китобро пайдо намоям. Сабаб чи бошад, ки дар илми таърихнигорӣ ва библиографияи тоҷик  низ  дар бораи ин китоби нодир иттилооти ночизе вуҷуд дорад. 
Дар сомонаи Китобхонаи давлатии Россия (собиқ   Китобхонаи  давлатии   ИҶШС   ба номи В. И. Ленин) гузоштани нусхаи электронии китоб, ки ба наздикӣ сурат гирифт, ҳақиқатан ҳам, рухдоди бузурги илмӣ, маърифатӣ ва таърихӣ буд. Китобдорони Россия бо ин амалашон ба китоби нодир ва муҳим умри дубора бахшиданд.
Барои мо, ҳамчун мураттибони тарҷумаи ҳоли сиёсии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, хушхабар расонданд. Ба хонандаи гиромӣ дар бораи пайдо шудани ин китоб ва нақл дар  бораи  он  аз он  нигоҳ  ҷолиб аст, ки ташаббускори аслии нашри он маҳз Шириншоҳ Шоҳтемур, раиси КИМ - и ҶШС Тоҷикистон буд. Далели ин суханон навиштаҷоте мебошанд, ки дар яке аз саҳифаҳои нахусти китоб омадааст: “Бо қарори КИМ- и РСС Тоҷикистон дар Нашриёти давлатии санъати тасвирӣ - ОГИЗ - ИЗОГИЗ нашр шудааст”. Китоби рангаи калонҳаҷми “Советский Таджикистан”, бино ба додаҳои  дар он дарҷёфта, тирамоҳи соли 1936 бо теъдоди 5000 нусха чоп шудааст. 
Китоб дар заминаи маводи ҳуҷҷатӣ ва адабӣ – бадеӣ, аксҳо, расмҳо, харитаҳо, шаклҳо (таблисаҳо) мураттаб гардидааст. Муҳаррирӣ ва мураттибии китобро нависандаи лаҳистонӣ – дӯсти тоҷикон, муаллифи романи машҳури “Одам пӯсташро дигар мекунад” Бруно Ясенский (ному насаби аслиаш Виктор Яковлевич Зисман) ба уҳда дошт. Ороиши бадеии китобро бошад, рассоми машҳури рус М. М. Милославский бо кумаки рассомони номдори замон  А. Шербаков, А. Соловейчик, А. Житомирский ва С. Песков анҷом додааст.
Дар китоб 220 акс, 63 расм, ки дар онҳо роҳбарони ҳизбиву давлатии Иттиҳоди Шуравӣ, Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, сиёсатмадорон, шоирону нависандагон, ҳунармандон, биноҳои муассиса ва идораҳои нави давлатӣ, фарҳангӣ, таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои автомобилгард, ҳаёти кишоварзӣ, портрети пахтачинони беҳтарин, акси конҳо ва ҳоказо инъикос ёфтаанд. Ғайр аз ин, ба мусаввара 4 сурати рангаи қолинҳои дастбоф бо нақшу нигори сирф тоҷикӣ, сурати як тоқии зебои гулдори тоҷикӣ ва ҷуробҳои хеле зебои ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз, ки ҳоло бофтанашон дар ин ноҳияҳо тақрибан аз байн рафтааст, дохил шудаанд. Дар китоб иловатан харитаи рангаи калонҳаҷми Тоҷикистон низ ҷой гирифтааст.
“Советский Таджикистан” паёмрасоне аз таваллуди нави миллати тоҷик, ҷавонии нави миллати куҳанбунёд аст. Он нақл мекунад, ки дар тули 12  соли  охир, яъне  баъди   ташкили  давлати  шаклан милливу мазмунан сотсиалистии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон чи пирӯзиҳое дар арсаҳои гуногуни ҳаёти нави сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маданӣ ба даст овард. Китоб  дар он солҳо воқеан ҳам, барои муаррифии ҷумҳурии “ҳафтуми шуравӣ” дар Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷаҳон нақши муҳим бозид. 
Ин нукта ҷолиб аст, ки чаро ин китоби муҳим бо қарори КМ ҲК Тоҷикистон, ки роҳбари воқеии ҷумҳурӣ буд нею бо қарори КИМ-и Тоҷикистон аз чоп баромадааст. Зеро, таври маълум, дар даврони шуравӣ, бахусус, дар замони ҳукмронии И. В. Сталин Ҳизби Коммунист, аллакай, тамоми ҳокимиятро ба даст гирифта буд ва Кумитаи иҷроияи марказӣ, ки роҳбари Шуроҳо - ҳастаи (ядрои) асосии давлати ИҶШС маҳсуб мешуд, нақши дувумдараҷа дошт. 
Чунин ибтикор, яъне чопи китоби “Советский Таджикистан”, дар маркази ИҶШС кори осоне набуд. Вале, тавре мебинем китоб бидуни  дахолати КМ ҲК Тоҷикистон ва маҳз бо қарори худи КИМ-и Тоҷикистон ба нашр расидааст. Ин далел як бори дигар аз густохии роҳбари КИМ, қотеияти Ш. Шоҳтемур барои ба ҳадафҳои миллӣ расидан аст. Аз сӯйи дигар нашри чунин шоҳкорӣ нишони муҳаббати ӯ нисбат ба ҷумуҳурии азизест, ки дар поягузории он хидматҳои худаш ҳам кам набуд.
 
САФҲАҲОИ ҶОЛИБИ  “СОВЕТСКИЙ ТАДЖИКИСТАН”
“Советский Таджикистан” аз панҷ боб иборат буда, бо даъвати  марксистии “Пролетарҳои ҳамаи ҷаҳон як шавед!” ба забонҳои русиву тоҷикӣ ва суханрониву расми В. И. Ленин дар бораи сиёсати миллии Давлати Шуравӣ оғоз мешавад. Дар саҳифаҳои минбаъда порчаҳо аз гуфтаҳои Котиби генералии КМ ҲКИШ И. В. Сталин ҷой дода шудаанд. Ҳарчанд китоб, асосан, ба забони русӣ бошад ҳам, вале дар панҷ саҳифаи нахуст матнҳо бо тарҷумаи тоҷикияшон омадаанд. 
Дар саҳифаи савуми китоб расми калони шукуфаи пахта, моли асосие, ки Маркази шуравӣ он замон аз Тоҷикистони офтобрӯя танҳо ҳамин чизро талабгор ва мунтазир буд, инъикос ёфтааст. Сипас, расми И. В. Сталин бо хитобномаи таърихии ӯ ба заҳматкашони Тоҷикистон, ки соли 1925 ироа шуда буд, ба ду забон меояд (айнан): “Ба меҳнаткашони Ҷумҳурияти  нави Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар дарвозаи Ҳиндустон ҳаст, салом!
Содиқона мехоҳам ҳамаи меҳнаткашони Тоҷикистон дар корҳои табдил намудани Ҷумҳурияти худ ба ҷумҳурияти намунавии мамлакатҳои Шарқ муваффақиятҳо ҳосил кунанд. Ба ҳеҷ кас пинҳон нест, ки дар замонҳои гузашта тоҷикон соҳиби таърихи бое буданд, ба корҳои сиёсӣ ва ташкилотӣ қобилияти том доштанд.
Коргарони Тоҷикистон! Маданияти мамлакати худро баланд бардоред, ба меҳнаткашони шаҳр ва қишлоқ ёрӣ бидиҳед ва дар атрофи худ беҳтарин фарзандони ватани худро ҷамъ оваред ва ба ҳамаи Шарқ нишон бидиҳед, ки хубтарин насли аҷдодони худ ҳастед ва ба дасти худ байрақи озодиро маҳкам нигоҳ доред! ”.
Дар китоб расми герби давлатии ҶШС Тоҷикистон (намунаи соли 1936), ки имрӯз хеле нодир мебошад ва на ҳама шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо он шиносанд, низ дарҷ ёфтааст. Бинобар ин, шарҳи кӯтоҳаш дар ин ҷо, шояд барои хонандаи азиз ҷолиб бошад. Ин герб (нишон) бо тамоми содагиҳояш яке аз сермазмунтарин гербҳои ҷаҳон аст. Аз тарафи рост рамзи гандум ва дар тасмаи сурх навиштаҷоти “Пролетарии всех стран, соединяйтесь!”, аз дасти чап рамзи пахта бо навиштаҷоти “Пролетарҳои ҳамаи ҷаҳон, як шавед!” дорад. Дар қисмати болоии герб  ситораи панҷгӯша, зери он Офтоби пурнур, ки дар пушти кӯҳҳои баланд фурӯ рафта истодааст, омадааст. Дар болои он бо ҳуруфи калони лотинӣ “CSS Tocikiston” навишта шудааст.  Дар пеши кӯҳҳо дарахтон, акси истгоҳи барқӣ, корхонаи саноатӣ ва замини корам омадааст. Дар рӯи замин марде бо трактораш шудгор мекунад. Аз тарафи рости вай ду сар гӯсфанд акс ёфтаанд Дар поёни герб дар болои лаълӣ шингил ва баргҳои ангур бо иловаи як меваи дигаре, ки ба биҳӣ монанд аст, тасвир ёфтааст. Дар рӯйи шингили ангур рамзи досу болға кашида шудааст. 
“Советский Таджикистан” бузургтарин воқеаҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии замонро  инъикос  мекунад. Аз  мундариҷаи  китоб  маълум мешавад, ки  ба афзоиши  истеҳсоли пахта, яке аз маҳсулоти  стратегии кишвари  шуравӣ  дар Тоҷикистон, таваҷҷуҳи вижа дода шудааст. Аз мавзуъ  андаке  дур  рафта, ҳаминро қайд карданием, ки соли 1933  яке аз  сабабҳои аслии барканор кардани роҳбарияти олии Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Абдуқодир Муҳиддинов иҷро нагардидани нақшаи пахтасупорӣ дар тули се соли ахир дар Тоҷикистон буд. Бинобар ин, роҳбарияти нави ҷумҳурӣ тамоми ҷидду ҷаҳд, кӯшишу ғайрати худро ба пахта -  ашёи стратегии ҷумҳурӣ равона карда буд.  
Соли 1935 Тоҷикистони офтобрӯя дар миёни кулли ҷумҳуриҳои пахтакори шуравӣ нахустин ҷумҳурие шуд, ки пахтачиниро пеш аз ҳама ва аз нақша зиёд иҷро намуд. Дар ҳаёти ҷумҳурии ҷавон ин муҳимтарин воқеаи сиёсӣ ва иқтисодӣ буд. Москва ба ин муносибат теъдоди зиёди колхозчиён ва кохозчизанони пешқадами Тоҷикистону Туркманистонро ба пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ даъват намуд. Бо ин гурӯҳҳо 4 декабри соли 1935 бевосита худи доҳӣ – Сталин вохӯрд. Ин воқеаро дар китоб як теъдод аксҳои деҳқонони тоҷик бо И. В. Сталин инъикос мекунанд. Вале, ҷолибтар аз ҳама, акси пионердухтари пешқадами тоҷик Мамлакат Наҳанговаи бо ордени Ленин мукофотонидашуда бо Сталин мебошад. 
Дар китоб ҳамчунин гуфтаҳои ин толибаи тоҷик  оварда шудаанд: “Мо, бачагон, мо насли нав, ҳоло дар мактабҳо мехонем... Мо, колхозчиён, бо нишондодҳои рафиқ Сталин дар бораи афзоиши истеҳсоли пахта дар мамлакатамон амал карда, тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба иҷрои онҳо равона мекунем. Мо бо баҳои “аъло"  хонда дар саҳроҳо зарбдорона кор мекунем.
Ман дар колхозамон усули чиниши дудастаи пахтаро ба роҳ монда, рӯзе ба ҷойи 30 килои норма, 90 – 95– килоӣ пахта мечидам. Ғайр аз ин, ман дудаста чиндани пахтаро дар дигар колхозҳо ба чандин деҳқонзанҳо омӯзондам...".
 
СОЛИ 1936 ДАР ҲОЛНОМАИ ШОҲТЕМУР
Акнун мехоҳем ба соли 1936 (соли нашри китоби номбурда) андаке рӯшанӣ андозем ва бубинем, ки он дар ҳаёти Шоҳтемур чӣ гуна буд? 
Се сол қабл, яъне соли 1933 баъди қарори вижаи КМ ҲКУ(б) дар бораи “душманони халқ ва сохти колхозӣ” эълон шудани раиси КИМ– и ҶШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум Шоҳтемур, ки аз соли 1932 то ин вақт дар Институти профессураи Сурхи шаҳри Москва таҳсил мекард, бо тавсияи КМ ҲКУ(б) аз таҳсил бозхонд шуда, ба вазифаи раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон таъин гардид. Кор дар ин вазифа эҳтиёткории зиёде мехост. Вале Шоҳтемур ҳамоно барои баланд бардоштани нақши шуроҳо дар сохтори давлатии шуравӣ дар Тоҷикистон мубориза мебурд ва то соли 1936 ба баъзе пирӯзиҳо ноил ҳам гашт. 
Дар ин сол ба ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон 12 сол ва ба таъсиси  Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамагӣ 7 сол пур шуда буд. Вале ҷумҳурии тоҷикон дар роҳи барпо кардани давлати худии сотсиалистӣ дар ҳайати ИҶШС, тараққӣ додани  иқтисоди кишвар, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии соҳаҳои гуногуни ҳаёт, ташкили зиндагии мазмунан нав, он қадар музаффариятҳоеро ба даст овард, ки тоҷикон дар тули таърихи гузаштаи тулонӣ чунин парвозу пешравиҳоро орзу ҳам намекард. 12 соли аввал воқеан ҳам солҳои инқилобие буданд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар. Ҳам роҳбарони миллӣ, ҳам мардуми оддӣ шабонарӯз дар эъмори зиндагии навин буданд ва бомаром нақшаҳои ояндасозии худро ҳал менамуданд. 
Моҳи ноябри соли 1936 вопасин сафари Шоҳтемур ба Бадахшон - зодгоҳи ӯ сурат гирифт. Вай ҳамчун раиси КИМ-и Тоҷикистон аз бисёр шуроҳои қишлоқи ноҳияҳои Шуғнон ва Мурғобро дидан карда, бо ҳаёти меҳнаткашони деҳот, комёбиҳои соҳаи  чорводорӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ, маорифи халқ ва муассисаҳои маданию маърифатӣ, шинос шуд. Дар ин сол низоми маъмурӣ - фармондеҳии Шуравӣ сарҳади байни Афғонистону Хитойро дар қаламрави Помир низ маҳкам бубаст ва  бо ҳамин халқро аз имкони тиҷорати байнимарзӣ, арзонтару сари вақт дарёфт кардани  гандум, биринҷ, чой, газворҳои гуногун, маводи рӯзгор, ки тоҷирони афғону қошқарӣ худашон ба ҳудуди ВМКБ ва дигар манотиқи сарҳадии Тоҷикистон ворид мекарданд, маҳрум сохт. Шоҳтемур бо ин тасмими марказ аслан розӣ набуд, вале барои дифои он имконот ва салоҳияташ кифоят намекарданд.
 
“СОВЕТСКИЙ ТАДЖИКИСТАН”  БА БОЗНАШР ЗАРУРАТ ДОРАД
Китоб ва мундариҷаи он асосан ба хонандаи умумииттифоқ равона шуда буд. Аз ин нигоҳ хулоса кардан мумкин аст, ки шумораи нусхаҳо барои тамоми Иттиҳоди Шуравӣ, албатта хеле кам буд. Агар тамоми 15 ҷумҳурии шуравиро пеши назар орем, пас аз ин теъдод ба ҳар ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон ҳам беш аз 300 дона расиду бас. 
Шояд ба ҳамин сабаб “Советский Таджикистан”-и соли 1936 (ба назар бояд гирифт, ки таҳти ин унвон дар тули мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ китобҳои зиёде ба чоп расида буданд) ҳоло аз нодиртарин китобҳои замони муосир мебошад. Дар Тоҷикистон қариб ягон нусхаи он боқӣ намондааст. Як далели дигари аз байн рафтани китоб, ба андешаи мо, шиддат гирифтани вазъи сиёсии Иттиҳоди Шуравӣ дар солҳои 30 – 40-уми асри гузашта буд. Тавре возеҳ аст, солҳои 1937 – 1938  дар тамоми қаламрави ИҶШС иқдомҳои номатлуби муборизаи оммавӣ бар зидди «душманони халқ», «ҷосусҳо», «миллатчиёни буржуазӣ», «агентураи душман», «унсурҳои аксулинқилобӣ» оғоз ёфтанд. 
Пленуми КМ ҲК(б)  Тоҷикистон, ки 1 – 4 октябри соли 1937 дар Сталинобод баргузор шуд, ба террори ба истилоҳ “сурх” дар қаламрави Тоҷикистон расман ибтидо гузошт. Садҳо ва ҳазорҳо коркунони сатҳи баланди ҳизбӣ, шуравӣ, касабавӣ, комсомолӣ, хоҷагӣ, ҳатто коргарону колхозчиён ва шаҳрвандони қаторӣ дар Тоҷикистон, бахусус, иштирокчиёни фаъоли мубориза баҳри барпо ва мустаҳкам кардани Ҳокимияти Шуравӣ, гирифтори туҳматҳои беасос шуда, нахуст маҳбус ва баъдан қатл шуданд.
 “Гуноҳ”-и аслии китоби “Советский Таджикистан” ин буд, ки тақрибан аксари кулли муаллифони он аз қабили котиби КМ ҲК Тоҷикистон Сурен Константинович Шадунс, раиси Комиссарони Халқии ҶШС Тоҷикистон Абдулло Раҳимбоев, раиси Кумитаи иҷроияи марказии Шуроҳои Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ҷонишини Шурои комиссарони Халқии ҶШС Тоҷикистон Артур Мартинович Кактин ва дигарон “душман” эълон шуда, ба маҳбасҳо кашида шуда буданд. Аз миёни онҳо танҳо Ғанӣ Абдуллои шоир баъди солҳои тулонии ҳабс дар Сибир зинда ба ватанаш баргашт. Дигарон ҳама ба қатл расиданд...
Ба баракати комёбиҳои фанноварӣ имрӯз ҳар як хонанда метавонад, бо ин китоб дар сомонаи Китобхонаи давлатии Россия: таҳти нишонии https://dlib.rsl.ru/01005305366 шинос шавад. Маъмурони сомона ба ин китоб иҷозаи дастрасии озод додаанд. Тавре аз ҷустуҷӯҳои интернетӣ бармеояд, “Советский Таджикистан”-ро сомонаҳои зиёде (мутаассифона, ғайр аз сомонаҳои тоҷикистонӣ)  куллан  ё қисман дар саҳифаҳои худашон гузоштаанд.
Хулоса кардан мумкин, ки имрӯз бознашри ин китоби муҳим дар ҳамон шакле, ки чоп шуда буд, комилан имконпазир аст.  Зеро он маълумоти пурарзише, ки дар китоб роҷеъ ба дурнамои иқтисодии кишвар, боигариҳо ва имконоти он ҷамъ оварда шудаанд, то ба ҳол аҳамияти худро гум накардаанд. Гузашта аз ин, ба андешаи мо имрӯз китобхонаҳои бузург, муассисаҳои калони маърифатӣ, илмӣ, осорхонаҳо бояд ин китобро нусхагирӣ карда мавриди истифодаи мардуми тоҷик қарор диҳанд.
 
Қурбон АЛАМШОЕВ, 
шаҳри Хоруғ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2021    №: 173    Мутолиа карданд: 911
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед