сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президент ва мардуми дӯсту бародари Қирғизистонро бо Ҷашни таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуда, ба ҳамаи сокинони Қирғизистони ҳамсоя сулҳ, субот, рушди устувор ва дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ комёбиҳои нав орзу намуданд.
Зимни суҳбат сарварони ду давлат муҳимияти пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмуи муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистонро дар руҳияи созандагӣ таъкид намуда, ҷиҳати афзоиш додани ин раванд дар асоси саъю талошҳои муштарак изҳори умед карданд.
Ҳамзамон, рӯзномаи ҷаласаҳои дарпешистодаи сарварони давлатҳо дар доираи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки қарор аст дар даҳаи дуюми моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шаванд, баррасӣ гардиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.09.2021 №: 174 Мутолиа карданд: 600