logo

сиёсат

МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

31 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, мукофотҳои давлатӣ супурданд.
 
Қабл аз оғози маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиронро ба муносибати Ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки имрӯз шахсоне бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегарданд, ки саҳми онҳо дар тули сӣ соли даврони соҳибистиқлолӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлатӣ назаррас ва арзишманд мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадршиносӣ аз саҳми арзандаи собиқадорон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар рушду пешрафти ҷомеа ва таҳкими сулҳу субот, таъкид доштанд, ки ҳар яки шумо барои ободии Ватани соҳибистиқлоламон, таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ва пешрафти кишвари азизамон содиқона заҳмат кашидаед ва роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат имрӯз фаъолияти софдилонаи шуморо ба таври сазовору шоиста қадрдонӣ мекунанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори сипос илова ба мукофотҳои давлатӣ ба ҳама собиқадорон, барои фаъолияти ватандӯстонаашон миннатдории самимӣ баён карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор иброз доштанд, ки маҳз бо дастгириву пуштибонии мардуми кишвар мо аз имтиҳони тақдирсӯзи таърих гузаштем ва онро ба дастоварди тақдирсоз табдил додем. Маҳз бо талошҳои ватандӯстона ва заҳмати содиқонаи сокинони Тоҷикистон ба чунин рӯзҳои ободу осуда расидем ва давлати соҳибихтиёру озоди тоҷикон сисола шуд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи пешгӯинашавандаи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла таҳдиду хатарҳои муосир андеша ронда, таъкид доштанд, ки дар шароите, ки авзои минтақа ва ҷаҳон ҳар лаҳза дар ҳоли тағйиру дигаргунӣ қарор дорад, мову шумо ҳамеша бояд ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиатҳои милливу давлатиро дар ҳар куҷо ва дар ҳар сатҳу ҳолате, ки набошад, қотеона ҳифз кунем.
Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок, саҳми арзанда дар пешрафти кишвар бештар аз 90 нафар ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, қадрдонӣ шуданд.
Дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои содиқонаи роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакатро бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  қадр карданд.
Дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанги мамлакат, тандурустӣ, истеҳсоли молу хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ” 88 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни супурдани мукофотҳои давлатӣ аз роҳбарони шохаҳои гуногуни ҳокимият ва сохторҳои идораи давлатӣ даъват ба амал оварданд, ки мардуми заҳматпеша, бонангу номус ва таҳаммулгарои кишварро сарварӣ намоянд, онҳоро ба ҳифзу таҳкими дастоварди бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамоиву сафарбар созанд.
Бино ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, роҳбарон бояд намунаи заҳматкашӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат ва халқи Тоҷикистон бошанд.
Дар ин кори муҳим, инчунин, аз собиқадорон даъват ба амал оварда шуд, ки бо таҷрибаи зиёд дар роҳи тарбияи насли оянда саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд, зеро, ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи онҳо бо заҳмати содиқона дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат дар байни ҷомеа соҳиби эҳтирому обрӯ мебошанд.
Дар миёни бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозшудагон собиқ роҳбарони мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумат, роҳбарони сохторҳои гуногун ва дигар хизматчиёни давлатӣ дар толор ҳузур доштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки ҳар яки онҳо дар оянда низ тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои бунёдкорона равона месозанд.
Давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ занону духтарон дар доираи сиёсати неки иҷтимоии Пешвои миллат ва тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар баробари мардон баҳри таъмини сулҳу субот ва пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши занону духтарон дар ҷомеа неку назаррас аст. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ як гурӯҳ занону духтарони фаъоли кишвар, ки солҳо дар вазифаҳои гуногун паҳлуи Сарвари давлат содиқона фаъолият карда, сиёсати бобарору ояндадори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар  амал  татбиқ кардаанд, бо мукофоти давлатӣ - Медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр шуданд.
Дар  анҷоми  маросими  мукофотсупорӣ  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи таъмини амну субот ва пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадр гардиданд, самимона табрик гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан вазифаҳои хизматии худро дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо масъулияти баланд, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ, иҷро менамоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.09.2021    №: 174    Мутолиа карданд: 709
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед