logo

сиёсат

«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЯКЕ АЗ БУНЁДГУЗОРОНИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ»

Таҳти чунин унвон бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ конфронси илмӣ - назариявӣ бо иштироки намояндагони Академияи миллии илмҳо, Академияи идоракунии давлатӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони вазорату муассисаҳои давлатӣ, марказу пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишмандону коршиносон доир гардид. 
Ҳадаф аз баргузории он арзёбии нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис, ташаккул, рушди СҲШ ва баррасии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар чаҳорчӯби ин созмон буд. 
Зикр шуд, ки бо дарки зарурати эҳёи мавқеи шоистаи кишвар дар миқёси байналмилалӣ Президенти кишвар ҳамкории Тоҷикистонро бо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати пайвастан ба равандҳои глобалии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва изҳори назари ҷумҳурӣ доир  ба онҳо, ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳимтарини сиёсати хориҷӣ муайян намуда, худ низ дар ин ҷода саҳми назаррас гузоштанд. Аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо, ҳамкорӣ бо СҲШ мебошад, ки Тоҷикистон муносибатҳои шарикиро бо кишварҳои аъзои он ба роҳ мондааст.
Имсол 20-солагии таъсисёбии СҲШ таҷлил карда мешавад. Муҳимияти таҷлили бистсолагии созмон дар он аст, ки Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат яке аз муассисони ин созмони бонуфузи минтақавию байналмилалӣ буда, дар ташаккул ва рушди он саҳми бевосита дорад ва тайи ин муддат баҳри рушду тавсеаи он кӯшишу талошҳои зиёд  ба харҷ додаанд.
Сарвари давлат ҳанӯз аз оғози таъсисёбии СҲШ дар муносибатҳои Тоҷикистон бо ин созмон чанд самтро ҳамчун омили афзалиятнок мушаххас карданд, ки яке аз онҳо соҳаи амнияти минтақавӣ буда, дар он мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва қочоқи маводи мухаддир аҳамияти хос дорад. Зеро ба хубӣ дарк менамуданд, ки Тоҷикистон низ ҳамчун як бахши ҷомеаи ҷаҳонӣ аз фишори чунин хатару ситезаҳои глобалӣ берун набуда, бо қисме аз онҳо, аз қабили ҷинояткории фаромиллӣ ва мушкилоти экологӣ аз солҳои нахустини соҳибистиқлолии худ дар ҳоли бархӯрд қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷумҳурӣ наметавонист аз тамоюлҳои инкишофи ҷаҳонӣ ва ҳалли масъалаҳои муассири он барканор бошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо назардошти ин дар чаҳорчӯби СҲШ мекӯшиданд, ки ин созмони бонуфуз тавассути ҳамкориҳои бисёрҷониба дар равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳонӣ нақши назаррас дошта бошад, то ба ин васила ҳалли масъалаҳои амниятӣ, иҷтимоию иқтисодии минтақа бо маҷмуи чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг гардад. Дар ин радиф ташаббусҳои байналмилалии Президенти мамлакат доир ба ҳалли силсилаи масъалаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва экологӣ дар СҲШ ва ҳамоишҳои дигари созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавқеи хоссаро ишғол менамоянд. Ҳамкориҳои муштарак ва пайваста андешидани тадбирҳои мушаххас дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, самти дигари сиёсати бунёдии Пешвои миллат дар ҳошияи СҲШ мебошад. 
Пешвои миллат ба ояндаи ин созмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии он хушбинона назар афканда, чунин таъкид намудаанд: «Моро корҳои зиёде барои истиқрори СҲШ ҳамчун абзори муассири таъмини сулҳу амният дар ҳудуде, ки дар он қариб чоряки аҳолии сайёра зиндагӣ мекунад, дар пеш аст. Мо боварии комил дорем, ки давлатҳои узви СҲШ сарбаландона ин вазифаро ба иҷро мерасонанд».
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.09.2021    №: 174    Мутолиа карданд: 657
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед