logo

сиёсат

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ

1 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 2 бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро мавриди истифода қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои нави таълимӣ моҳи декабри соли 2020 оғоз гардида буданд ва дар кӯтоҳтарин муҳлат бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуданд.
Ҳар ду бино, ки яке 5 ва дигаре 3 - ошёна мебошад, ба истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳисоби маблағҳои муассисаи олии таълимӣ бунёд шудааст. Дар биноҳои нави муассиса 48 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 8 озмоишгоҳ, аз ҷумла ташхисгоҳи гумрукӣ, синфхонаи таълимии фанни муҳосибот, интеллекти сунъӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, сайёҳӣ, сайёҳии кӯҳӣ, бонки таълимӣ ва синфхонаи лингофонӣ, мавҷуд мебошанд, ки ҳамаи онҳо ҷиҳати аз бар кардани нозукиҳои фаъолияти касбӣ барои мутахассисони ҷавон пешбинӣ шудаанд.
Аснои боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулонро ба масъалаи сифати таҳсил ва сатҳи донишу маҳорати тахассусии донишҷӯён ҷалб намуда, барои андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт ба омӯзгорон дастуру маслиҳатҳои мушаххас доданд.
Барои омӯзондани нозукиҳои касбӣ ба таълимгирандагон беш аз 200 нафар омӯзгори ботаҷриба фаъолият мебарад. Иншооти нав дорои китобхона бо 92 ҳазор нусха китоби чопӣ, 941 ҳазор нусха китоби электронӣ ва толори фарҳангӣ барои 600 ҷойи нишаст мебошад.
Иттилоъ доданд, ки ҷараёни таълим дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат пурра тариқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шуда, донишҷӯён аз рӯйи барномаи дараҷаи таҳсилоти бакалавр дар 53 ихтисос, магистратура дар 15 равия, таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар 5 ихтисос, докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) таълим мегиранд.
Донишкада соли 1991 таъсис ёфтааст ва ҳамчун маркази муҳими илму ҳунаромӯзӣ ва фарҳангӣ то ба имрӯз барои соҳаҳои муҳими иқтисоди миллии мамлакат зиёда аз 12 ҳазор мутахассиси баландихтисосро тайёр намудааст.
 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақши созгори соҳаи сайёҳӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2020 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат табдил дода, изҳори умед намуданд, ки раёсат ва омӯзгорони Донишкада дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Лозим ба таъкид аст, ки бо бунёди биноҳои нави таълимӣ боз барои дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 3 ҳазору 500 донишҷӯ шароити хуб фароҳам гардид.
Ҳоло Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат имкон дорад, ки 7 ҳазору 557 донишҷӯро ба донишомӯзӣ фаро гирад. Сол ба сол заминаи моддӣ - техникии Донишкада таҳким ёфта, сохтори ташкилӣ - идоракунии он низ мукаммал гаштааст. Айни ҳол Донишкада дорои Литсейи тамоюли иқтисодӣ, 6 факултет, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона, шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ - педагогӣ, беш аз 800 компютери пайваст ба шабакаи интернет, 2 китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ, 2 толори маҷлис, 2 майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, 150 синфхона, 11 озмоишгоҳи таълимӣ, матбаа, парки технологӣ ва ошхона мебошад.
2 бинои иловагии нав дар доираи иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ "Дар бораи додани иҷозат барои сохтмони биноҳои таълимӣ дар ҳудуди қитъаи замини Донишкада, воқеъ дар хиёбони Борбади ноҳияи Фирдавсӣ" бунёд ёфтааст.
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти байналмилаликунонии таҳсилот дар соли таҳсили 2020-2021 се ихтисоси Донишкада: саёҳат ва меҳмондорӣ, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, барномаҳои таълимии ихтисосҳои мазкур ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардонда шуданд.
Дар ҳамин ҷо бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри  Душанбе  муҳтарам  Рустами  Эмомалӣ  ба  корҳои сохтмонии боз як бинои дигари таълимии иловагӣ ва маркази бо ҷойи кор таъминкунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз 8 ошёна иборат хоҳад буд, оғоз бахшида шуд.
Мутобиқи лоиҳа ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои маҷлисӣ, синфхонаҳои таълимӣ, анбор, маркази табъу нашр, толори теннис, синфхонаи маҳфили шоҳмот, бахши хизматрасонии техникӣ ва хизматрасон дар бинои нав ҷой дода мешаванд.
Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони иншооти нави соҳаи маориф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои бунёдӣ ва ба роҳбарияти Донишкада барои дар оянда фароҳам овардани беҳтарин шароити таълиму тарбия дастуру супоришҳои мушаххас доданд. 
Шинондани гулҳои ҳархела, дарахтони сояафкан ва ороишиву ҳамешасабз, дар масоҳати беш аз 2 ҳазору 100 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 1 ҳазору 600 метри мураббаъ асфалтпӯш гардидани саҳни муассиса аз корҳои дигари ободонӣ маҳсуб меёбанд, ки бо сифати баланд анҷом ёфтаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз озмоишгоҳҳои муассиса бо рафти корҳои сохтмони филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон тариқи маҷозӣ шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки филиали бунёдшавандаи Донишкадаи мазкур аз 8 ошёна иборат буда, барои 2 ҳазору 200 нафар дар як баст пешбинӣ мешавад ва он тибқи нақша то соли 2024 мавриди истифода қарор мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбарияти Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро дар самти ба коллеҷ ва дар оянда ба донишгоҳ табдил додани Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканд дастгирӣ намуда, баҳри ҳар чи бештар ба таълим фаро гирифтани ҷавонону наврасон дастуру маслиҳатҳо доданд.   
Омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таваҷҷуҳи хосса ва рӯзафзунашон ба соҳаи маориф изҳори сипос намуда, ифтитоҳи 2 бинои нави иловагиро дар назди Донишкада туҳфаи арзишманд дар арафаи таҷлили сазовори Ҷашни миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карданд.
 
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2021    №: 175    Мутолиа карданд: 828
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед