иҷтимоиёт
СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАВРАИ ТАЪРИХӢ ВА МАРҲИЛАИ ХОСИ ТАҲКИМИ ЭЪТИБОР ХОҲАД БУД!
Соли 2021 аз ҳар лиҳоз барои мардуми сарбаланди тоҷик соли таърихиву хотирмон хоҳад буд, зеро имсол дар баробари Ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо мизбони ду чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ – ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Шурои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошад. Ҳамзамон, 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай дар кишвари мо таҷлил мегардад, ки дар сатҳи баланд доир намудани он ба имиҷ ё худ эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун яке аз муассисони ин созмони бонуфузи байналмилалӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт.
Воқеан, рост омадани раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба давраи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 20-солагии ин созмони муътабар басо рамзист. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон ҳамчун муассис ва аъзои фаъоли СҲШ ин навбат низ давраи раёсати худро дар созмон бо ибтикороти бисёр муҳиму навоварона ба анҷом мерасонад. Мисоли равшани ин гуфтаҳоро мо дар чандин чорабиниҳое, ки, аллакай, таҳти раёсати кишвари мо баргузор шуданд, дида метавонем.
Тавре аз маълумоти воситаҳои ахбори омма бармеояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли раёсаташ ба СҲШ барномаи фарогиреро бо беш аз 100 чорабинӣ рӯйи даст гирифтааст, ки, аллакай, бештари онҳо амалӣ ё доир шуданд. Маҷмуи ин чорабиниву ташаббусҳо ба таҳкими суботу амнияти минтақа, ҳамкории самарбахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илму техника, энергетика, нақлиёт, туризм, ҳифзи муҳити зист, шукуфоиву пешрафти кишварҳои узв мусоидат хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки Созмони ҳамкории Шанхай давоми бист соли фаъолият ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ табдил ёфтааст, зеро он пайваста дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ дар ҷараён аст. Борҳо шоҳид гардидем, ки дар ҳар як саммити сарварони давлатҳои созмон барои мубориза ва ҳалли хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, қарорҳои вижа қабул карда мешаванд. Ва ин қарорҳоро сокинони давлатҳои узви СҲШ, ки қариб нисфи аҳолии кураи Заминро дар бар мегиранд, бо хушнудӣ пазируфтанд.
Тавре Пешвои миллат дар мақолаашон «20 соли СҲШ: Ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» нигоштаанд: «Ҷараёни рӯйдодҳои давраи ҷаҳонишавӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки ягон давлат ба танҳоӣ қодир нест, ки бо хатару таҳдидоти муосир муборизаи самаранок барад. Дар чунин шароит, танҳо иқдомоти мувофиқашуда ва кӯшишҳои муштараки ҳамаи давлатҳо метавонанд муассир бошанд. Дар мақоли халқӣ омадааст, ки дӯстон дар рӯзҳои душвор шинохта мешаванд. Дар шароити душвортарини паҳншавии пандемияи COVID – 19 кишварҳои узви СҲШ ҳамбастагии худро зоҳир намуда, дар бисёр масъалаҳои мушкилзо якдигарро дастгирӣ карданд. Ҷаҳон бори дигар итминон ҳосил кард, ки давлатҳои узви созмон ба арзишҳо ва усули «Руҳи Шанхай» содиқанд».
Дарвоқеъ, Созмони ҳамкории Шанхай дар муддати кӯтоҳи фаъолияти худ ба омили муҳими сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ заминаи зарурии қарордодию ҳуқуқӣ бунёд ва роҳу усулҳои самарабахши ҳамкорӣ муқаррар карда шуданд. Обрӯю эътибори байналмилалии созмон торафт афзуда, ҳамзамон, равобити берунии он густариш меёбад. Фаъолияти созмон таваҷҷуҳи теъдоди бештари мамлакатҳоро ба худ ҷалб менамояд. Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи фаъолияти муштараку муттасил ва самарабахши ҳамаи давлатҳои аъзо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои созмон буда, заминаи онро иҷрои сареҳи вазифаю уҳдадориҳои дар ҳуҷҷатҳои низомномавӣ инъикосёфта ташкил медиҳанд.
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷашни 20-солагии таъсисёбии он саҳифаи навро дар таърихи ин созмон рақам мезанад. Ва санадҳое, ки ҳоло барои тасдиқ ба ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои СҲШ омода шудаанд, дар сурати қабул гардидан барои таъмини сулҳу субот дар ҷуғрофиёи созмон, таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳо нақши муассир хоҳанд гузошт.
Зафар ҚОДИРЗОДА,
судяи суди шаҳри Ваҳдат
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.09.2021 №: 175 Мутолиа карданд: 549