иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛ ВА ДУРАХШИ САОДАТИ МИЛЛАТ
Агар ба таърихи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ назар андозем маълум мешавад, ки марҳилаи рӯ овардан ба рушду тараққиёт аз соли 2000 - ум ба ин сӯ оғоз мешавад. Даҳ соли аввали соҳибистиқлолии кишвар сарфи хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баргардондани гурезаҳо, барқарор намудани рукнҳои давлатдорӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳ гардид.
Рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ миёни ҷумҳуриҳо ба мисли занҷира таъмин ва истеҳсолоти саноатӣ вобаста ба мавҷудияти ашёи хом ва бозори меҳнат ба роҳ монда мешуд. Бо соҳибихтиёр гардидани ҷумҳуриҳо ин занҷираҳо канда шуд. Ҳар як кишварро лозим омад, ки рушди иқтисодии худро вобаста ба имконияти мавҷуда таъмин намояд.
Бо замми мушкилоти хоси давраи гузариш, Тоҷикистони тозаистиқлол ғайричашмдошт ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мубтало гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ вазъи норасоии қувваи барқ, номувозинатии бозори меҳнат ва ҳолати танқисӣ аз маводи хӯрока дар кишварро якбора бадтар намуд. Аксарияти корхонаҳои саноатӣ бо нарасидани ашёи хом аз кор монданд. Дар баробари яъсу ноумедӣ ва мушкилоти зикргардида, кишвари моро хатари ба қисматҳо ҷудо шудан ва азбайнравии давлати тозаистиқлолӣ тоҷикон таҳдид менамуд.
Хушбахтона, дар чунин вазъияти сангин Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ (Сарвари давлат) интихоб шуданд, ки аз ҳамон рӯзҳои аввал мардумро ба ояндаи хубу дурахшон умедвор сохтанд. Аз аввалин суханрониҳои ин шахсияти бузурги таърихӣ умед ба ояндаи неки миллату давлат дар дили мардуми кишвар шуълавар гардид. Бо заҳматҳои пайваста ва хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва такя ба хиради азалии миллати тоҷик дар муддати кӯтоҳи таърихӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардид.
Новобаста ба мушкилоти сиёсию иқтисодӣ, вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон дар тули сӣ соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Сохтани давлати навини миллии тоҷикон аз рӯйи ақлу хирад, тасаввурот ва таҳлили воқеияти гузаштаю рӯзмарра, бо назардошти вазъи сиёсии минтақаю ҷаҳон аз ҷониби Пешвои миллат ба вуқуъ пайваст. Президенти маҳбуби кишвар бо сулҳофаринӣ миёни ҷомеаи кишвар маҳбубияти хосса пайдо намуда, ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъии халқу миллат эътироф гардиданд. Гузашта аз ин, ташаббусҳои беназирашон дар ҳалли мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ хислатҳои наҷибу инсондӯстонаи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.
Татбиқи сиёсати сулҳҷӯёна, маорифпарварона, рӯй овардан ба қишри ҷавони кишвар, баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва бо ин васила рушди сармояи инсонӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳвандӣ, таъмини волоияти қонун ва фароҳам овардани фазои мусоиди қонунгузорӣ тавассути таъсиси парламенти касбӣ, роҳандозии сиёсати прагматикӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ ва муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат омилҳои муҳими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, татбиқи натиҷаҳои назарраси он ҳар рӯз мушоҳида мегардад. Дар ин росто, нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати ба таври муъҷаз таҳлил, баррасӣ ва амалӣ намудани сиёсати дохилию хориҷии кишвар бо истифодаи самараноки тамоми имконият ва дар ин замина таъмини пешрафти давлат тайи ду даҳсола муҳим арзёбӣ мегардад. Заминаи назариявии рушду тараққиёти давлатдории тоҷикон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, амалияи он зина ба зина таъмин гардида истодааст. Муайян гардидани ҳадафҳои стратегии давлат аз қабили истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ омилҳое буданд, ки натиҷаи назаррасро дар рушди иқтисодии кишвар гузоштанд.
Сохта ба истифода додани силсила неругоҳҳои барқии обии хурду миёна ва таъмиру тармими неругоҳҳои амалкунанда маҳдудияти истифодаи барқро барои аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон пурра аз байн бурда, барои саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ заминаи мусоид гузошт. Оғози сохтмони НБО «Роғун» қаҳрамонии навбатии халқи Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ ва сулҳофаринӣ маҳсуб ёфта, бо пурра ба кор андохтани ин неругоҳ дар баробари комёб шудан ба истиқлолияти томи энергетикӣ, мо дар қораи Осиё ба яке аз кишварҳои содиркунандаи энергияи сабз табдил меёбем. Ин иншооти азими аср метавонад дар пешгирии тағйирёбии иқлим, ки яке аз мушкилоти сайёра мебошад, таъсир гузорад. Аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо истифода аз неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза тафовут дорад. Дар ин замина, зиёда аз 95 фоизи истеҳсолоти саноатӣ дар кишвари мо тавассути энергияи сабз ба роҳ монда шудааст.
Роҳандозӣ намудани саноатикунонии босуръат тавассути фароҳам омадани имкониятҳои энергетикӣ (гузаштан аз низоми аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрии рушд) мо метавонем якчанд масъалаҳои муҳими ҳаёти кишварро ҳал намоем. Таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ ва зина ба зина баланд гардидани сатҳи иҷтимоиёти шаҳрвандон мусоидат намуда, тибқи меъёрҳои муайянгардида ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) то соли 2030 ба 21 фоиз расонда мешавад.
Сохта ба истифода додани роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва пулу нақбҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат намуд. Амнияти озуқаворӣ ва бо ғизои хушсифат таъмин намудани аҳолӣ яке аз масоили калидӣ дар сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумат ба шумор меравад. Бо назардошти зиёда аз 93 фоиз кӯҳсор будани ҳудуди кишвар аз худ намудани заминҳои нав, обёрӣ намудани заминҳои лалмӣ ва аз як замин гирифтани ду ва се ҳосил пайваста дар паёмҳои Президенти кишвар ва зимни сафарҳояшон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъкид мегардад. Дар соли пандемияи COVID-19 ин ҳадафи миллии мо, ҳатто дар арсаи ҷаҳон муҳимият пайдо намуд. Аз соли гузашта ҳар як кишвар мекӯшад, ки сараввал шаҳрвандони худро бо маводи ниёзи аввал таъмин намояд.
Танҳо дар се соли охир ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Исиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ бунёду таъсиси зиёда аз бисту панҷ ҳазор иншооти аксар бо таъиноти иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз бахши аъзами он мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони бахши дигар дар ҳоли ба анҷом расидан аст.
Дар ин радиф, сохтмони иншооти соҳаи илму маориф (муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбию махсус ва олӣ) ва тандурустӣ ҷиҳати рушди сармояи инсонӣ нақши муҳим доранд. Дастрасӣ ба таълим (беҳтар кардани сифатнокии таълим) яке аз нишонаҳои аслии рушди сармояи инсонӣ аст, ки дар сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумат мавқеи калидӣ дорад. Албатта ҳамаи ин нақшаю ниятҳои нек бо шарофати истиқлолу озодӣ дар заминаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ тавассути заҳмати софдилонаю содиқонаи мардуми кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд.
Абдураҳим ШОҲИЁН,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.09.2021 №: 175 Мутолиа карданд: 826