logo

иҷтимоиёт

ҚАҲРАМОНИ МАН

Ҳаёту фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур таваҷҷуҳи маро ҳамеша ба худ мекашад. Дар зеҳнам суол пайдо мешавад: зодаи деҳаи дурдасти Шуғнонзамин – Поршинев, ки дар хурдӣ азияти ятимӣ, бекасиву гуруснагӣ чашида, чӣ гуна тавонист аввал худро бисозаду сипас, барои бунёди давлати миллии тоҷикон замина бигзорад? Ба ин ва суолҳои дигари ба зеҳнам омада, аз китоби зиндагиномаи ӯ посух меҷӯям. Меҷӯям, то тинаташро бикшоям, ҷаҳони ботиниашро барои худ кашф созам ва аз ӯ ибрат бигирам. Дар саҳфаи посухномаи худ пора – пора аз сиришт ва корномаҳояш сабт менамоям: худшиносу худогоҳ, ғаюр ва мушкилнописанд, дорои руҳияи шикастнопазир, бо ҷидду ҷаҳд. Ҳаргиз нисбат ба тақдири тоҷик ва Ватанаш бефарқ набуда. То андозае миллаташро дӯст медошт, ки дар роҳи саодати он ҷон фидо намуд. Агар ин қаҳрамонист, пас  Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамон қаҳрамонест, ки ман меҷӯямаш.  
Қаҳрамони ман умри тулонӣ надид. Дар хурдӣ бо носозгориҳои замон дастбагиробон шуда, худ роҳи наҷот ҷустааст. Аз омӯзиши зиндагиномаи ӯ маълум мегардад, ки сахтӣ ҳамвора домангираш буда, руҳияи қавии ӯро шикаста натавонистааст, балки дар он обутоб ёфта, ба арсаи сиёсат чун марди мубориз ворид гаштаву пирӯз шудааст. Ҳаёти кӯтоҳаш  пур аз шебу фароз, аммо ибратбахш мебошад. Ҳар кору пайкори ин марди  фотеҳ сабақ аст. Сабақи ҳаёт, мубориза, ҷавонмардӣ, шуҷоат, эҳтироми ниёгон, ватандӯстӣ ва умед ба оянда…
Пайгирӣ ва омӯзиши зиндагиномаи Шириншоҳ Шоҳтемур баръало равшан менамояд, ки аз хурдӣ ба омӯхтан мароқ доштааст. Нахуст дар пеши муаллими деҳа шогирд меистад. Он ҷо  савод мегирад ва аз адабиёти форсӣ - тоҷикӣ дониши муайян пайдо мекунад. Сипас, донишашро дар мактаби назди бозори Хоруғ, ки баъдтар номи мактаби назди Отряди Россияро мегирад,  идома дода, забони русӣ, ҷуғрофия, таърихи Россия ва анатомияро меомӯзад. Ин ҳама  барои таҳсили минбаъдаи ӯ замина мегардад. Тавре муаллифон Ҳайдаршо Пирумшо ва Қурбониддин Аламшоев дар китоби худ «Шириншоҳ Шоҳтемур» ёдрас шудаанд, Шириншоҳ ҳини ба Тошканд омадан низ таҳсилро идома медиҳад. «Фарқияти ӯ аз дигар ҳамқавму ҳаммиллатонаш дар он буд, ки  нахустин пулҳои аз меҳнати сахт ба даст овардаашро барои таҳсил ва рӯзномахонӣ сарф мекард», - нигоштаанд муаллифон. 
Бале, ӯ ба илмомӯзӣ мепардозад, зеро медонад, ки маҳз илм равшангари роҳи фардои инсонҳост. Ба ин хотир, баъдтар чун чеҳраи сиёсӣ ва насли бедори миллат барои таъсиси мактаби тоҷикон, ҳимояи забон  аз минбари он садо баланд мекунад ва аз «Бедории тоҷик» меандешад. Ҳосил ин аст, ки мо - тоҷикон имрӯз боҳуш ва соҳибмактабем. Ин ҳама натиҷаи заҳматҳои қаҳрамони ман - Шириншоҳ Шоҳтемур аст. 
Аз инқилоб, ки дари илму маърифатро ба рӯйи мардум боз намуд, хуб истиқбол кард. Инқилоб таконе шуд дар такмили ҷаҳонбинии ӯ. Ин айём ба донише,  ки Шириншоҳ овони наврасӣ замина гузошта буд, донишҳои нав зам шудан гирифтанд. Акнун ӯ ба оламу одам ба чашми дигар менигарист. Ба ноадолатии давр, душманони миллат, ки ба чашми таърих хок пошида, мавҷудияти тоҷиконро инкор менамуданд, созиш намекард. Чун ватандори асил дар баробари равшанфикроне чун Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов ва чанде дигарон, ба яке аз муборизони эҳёи давлати миллӣ табдил ёфта, дар бунёди ин давлат, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, тоҷикон ҳазор сол муқаддам аз даст дода буданд, саҳми бориз гузошт. 
Ба таъкиди Убайдулло Насрулло, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии назди АМИТ, тақсимоти миллии ҳудуди Осиёи Миёна расман ба итмом расида бошад ҳам, барои намояндагони фаъоли тоҷик, ки аз ин раванд ҳалли боадолатонаро интизор буданд, ҳанӯз интиҳо набуд. Соли 1926 талаби аз нав дида баромадани мавқеи  КМ ҲКУ (б) роҷеъ ба тақсими мулкҳои тоҷикнишин афзуд.  Яъне, аз ҶШС Узбекистон ҷудо шуда, ҷумҳурии мустақил шудани Тоҷикистон масъалаи муҳим буд, ки ҳалли он пурра ба замони роҳбарии Шириншоҳ Шоҳтемур (он замон котиби якуми Кумитаи вилояти Ҳизбии Коммунисти Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон) рост омад. 
«Ӯ дар назди  роҳбарони марказӣ аз забон, адабиёт ва таърихи қадимаи тоҷикон ҳимоя намуд. Исрор кард, ки тоҷикон аз қадимтарин  маскунони Осиёи Миёна мебошанд ва теъдоди феълиашон имкон медиҳад то давлати мустақили миллӣ дошта бошанд. Шириншоҳ ва дигар ҳаммаслакон дар ин муборизаи шадиди сиёсӣ ба мақсади худ расиданд, зафарёб шуданд. Бо талошу ҷоннисории онҳо Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуд», - меафзояд Убайдулло Насрулло.
Пирӯзии Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар ҳамсафони бедорфикраш дар ин набарди сиёсӣ кори фавқулода мушкил буд, аммо онҳо муваффақ шуданд. Тавонистанд мавқеи муҳими ҷуғрофии Тоҷикистонро муайян ва аз он ҳимоя намоянд. Пирӯзии онҳо - пирӯзии нур бар зулмот, пирӯзии миллат ва саодати Ватан буд. Агар ин пирӯзӣ намебуд шояд  тоҷикон имрӯз мисли ӯйғурҳо дар тобеияти давлати дигаре ба сар мебурданд. Ва, шояд, мисли курдҳо бо халқҳои дигар омезиш ёфта, забон, дину мазҳаб, урфу одат ва анъанаҳои миллии худро аз даст медоданд.  Аммо хушоянд аст, ки чунин нашуд. Каҳрамононе чун Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳимояи миллат сина сипар намуданд, ки ин фаромӯшнашуданист. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ва дигар хидматҳои Шоҳтемурро эътироф намуда, чунин нигоштаанд: «Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони барҷастаи давлатие буд, ки  дар ибтидои асри XХ рисолати таърихии хешро дар назди миллат ва тақдири ояндаи он дарк намуда, тамоми қуввату дониш  ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст». 
Ташкили давлати миллии тоҷикон поёни талошҳои  Шириншоҳ Шоҳтемур набуд. Акнун ӯ дар бораи рушди минбаъдаи давлати тозаҷавонаш чораҳо меандешиду онҳоро роҳандозӣ менамуд. Баъди ташкили давлати миллии тоҷикон ба масъалаҳои омода кардани кадрҳои омӯзгорӣ, таъсиси китобхонаҳо, маҳви бесаводӣ, рушди матбуоти даврӣ дасту остин барзад ва дар ин росто, корҳои чашмрасро ба сомон расонд. Зимнан, рӯзномае, ки шумо - хонандагони азиз айни ҳол дар даст доред, бо талоши Шириншоҳ арзи ҳастӣ намуда, қариб як аср хонандагонро дарси эҳтироми Ватан, худогоҳӣ ва шуҷоат медиҳад. 
Воқеан, ин ва дигар ҷоннисориҳои мондагори Шириншоҳ Шоҳтемур ба ҳеҷ ваҷҳ аз хотири мардум зудуда нахоҳад шуд. Ӯ қаҳрамони ман – Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Баъди 1000 сол низ аз ӯ  чун қаҳрамон ёд хоҳанд кард.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2021    №: 176    Мутолиа карданд: 1533
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед