иҷтимоиёт
ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Шириншоҳ Шоҳтемур фарзанди барӯманди халқ ва аз ҷумлаи қаҳрамонҳои абадзиндаест, ки номи некаш ҳамеша дар таърихи халқи тоҷик зиндаву ҷовид хоҳад буд. Зеро ӯ ва ҳаммаслакони ватандӯсташ дар як давраи ҳассоси таърихӣ алайҳи тоҷикситезон ба мубориза бархоста, барои ҳифзи манофеи миллӣ ҷон супурданд.
Тақдири Шириншоҳ Шоҳтемур пурпечутоб буд. Ӯ дар оилаи камбағал дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон ба дунё омадааст. Тавре Қурбон Аламшоев, таърихшинос, ки солҳои зиёд фаъолияти Ш. Шоҳтемурро таҳқиқ мекунад, гуфтааст: “Шириншоҳ Шоҳтемур шахси фавқулода буда, аз ҳамсолони худ ба куллӣ фарқ мекард. Асоси муваффақияти ӯ хоҳиши донишомӯзӣ ва дарки ҷаҳони атроф буд”.
Ин шахсияти тобноки таърих, аз овони наврасӣ рӯ ба илму маърифат оварда, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Тошканд рафт. Тавре Қ. Аламшоев дар нигоштаҳои худ оид ба қаҳрамони мо овардааст: “Шириншоҳ ба кори кироя машғул буд ва бар хилофи бисёре аз ҳамватанонаш, ки мисли ӯ дар Тошканд муҳоҷир буданд, қариб тамоми маблағҳои бадастовардаашро барои омӯзиш ва рушди худ сарф мекард. Воқеаҳои инқилобӣ дар Тошканд ба ҷаҳонбинии ҷавони шуҷоъ таъсири амиқ гузошта, оғози фаъолияти иҷтимоиву сиёсии ӯ мегарданд. Соли 1921 Ш. Шоҳтемур узви Ҳизби коммунисти болшевикони Россия мешавад. Кораш аз Кумитаи озуқавории Хуҷанд оғоз ёфт. Баъдан, аниқтараш соли 1921 ӯро ба шаҳри Тошканд даъват карда, дар ҳайати Сегонаи ҳарбию сиёсӣ ба Помир фиристоданд. Дар меҳвари фаъолияти сегона назорати низомӣ, созмон додани кумитаҳои инқилобӣ дар минтақа ва таҳким бахшидани фаъолиятҳои ҳизбиву шуроӣ дар деҳот қарор дошт. Кору фаъолият ва роҳбарӣ дар сегона ба ташаккули шахсият, қобилияти ташкилотчигӣ ва ҳосил намудани малакаи роҳбарии Шириншоҳ Шоҳтемур нақши амиқ гузошт.
Ба ҳамагон рӯшан аст, ки замони тақсимоти миллӣ - ҳудудии Осиёи Миёна дар соли 1924 душманони миллат талош мекарданд, ки ҳадафмандона мавҷудияти халқи тоҷикро инкор намоянд. Зеро барои онҳо хушоянд набуд, ки дар ин тақсимот тоҷикон соҳиби давлат гарданд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 110- солагии Шириншоҳ Шоҳтемур иброз доштанд: «Дар ин давра як раванди пуршиддати тоҷикбадбинӣ шуруъ гардида, доираҳои муайян бо ҳар васила мехостанд фаъолияти мактабу таълимгоҳҳоро бо забони тоҷикӣ маҳдуд созанд, нашри рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои дарсиро бо ин забон боз доранд. Вале ин марди муборизу қавиирода аз танқиду фишори бегонапарастон ва душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик наҳаросида, ҷасурона манфиатҳои халқу миллаташро ҳимоя мекард».
Ҳарчанд тақсимоти миллӣ - ҳудудии Осиёи Миёна расман ба итмом расида буд, вале ин амр барои намояндагони фаъоли тоҷик, ки аз раванди тақсимот ҳалли боадолатонаро чашмдор буданд, ҳанӯз поён наёфта буд. Як зумра чеҳраҳои намоёни миллат бо чунин бархӯрд розӣ набуданд, аз ин рӯ талаби аз нав дида баромадани тақсимот дар соли 1926 ба миён омад. Ин буд, ки масъала солҳои 1928-1929 такроран мавриди муҳокима қарор гирифт. Марҳилаи дувуми муҳокимаи масоили марбут ба тақсимоти ҳудудӣ дар миёни Узбекистону Тоҷикистон, масъулияти Шоҳтемурро, ки ба ҳайси котиби якуми Кумитаи вилоятии Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон баргузида шуда буд, хеле бештар кард. Аз ҶШС Узбекистон ҷудо шуда чун ҷумҳурии мустақил дохил шудани Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС масъалаи муҳим буд, ки ҳалли он пурра ба замони роҳбарии Шириншоҳ Шоҳтемур рост омад. Тамоми талошашро ба он равона намуд, ки тоҷикон соҳиби давлати мустақил гарданд. Ӯ дар пеши роҳбарияти марказӣ собит кард, ки халқи тоҷик забони бой, адабиёти ғанӣ, таърихи қадим дорад. Дар тамоми муроҷиатҳояш ба унвони мақомоти олии ИҶШС ва Бюрои Осиёи Миёнагии КМ ВКП(б) исрор мекард, ки тоҷикон куҳантарин маскунони Осиёи Миёнаанд ва теъдоди феълиашон имкон медиҳад, то давлати мустақили миллии худро дошта бошанд. Хулоса, тамоми қуввату дониш ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона намуд. Хушбахтона, ӯ ва дигар ҳамаслаконаш ба ин мақсад расиданд.
Бояд гуфт, ки Ш. Шоҳтемур ҳамчун ташкилотчӣ ва яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсии Тоҷикистон дар таъсиси рӯзномаи “Овози тоҷик” саҳми намоён гузошт, ки шумораи аввали он моҳи сентябри соли 1924 дар Самарқанд ба табъ расид. Бисёре аз чеҳраҳои барҷастаи зиёиёни фарҳангии тоҷик - Садриддин Айнӣ, Нисор Муҳаммад ва дигарон мақолаҳои худро дар “Овози тоҷик” чоп карданд. Гузашта аз ин, дар ҶШС Тоҷикистон нимаи дуюми солҳои 20 садҳо мактаб ва дигар муассисаҳои таълимӣ кушода шуданд, ки таҳсил дар онҳо ба забони тоҷикӣ гузаронда мешуд.
Ғайр аз ин, Ш. Шоҳтемур дар таъсиси Донишкадаи маорифи Тоҷикистон дар Узбекистон ва таҳияи аввалин китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ барои мактабҳои миёнаро назорат карда, ҳамчунин, дар нашри “Намунаи адабиёти тоҷик” саҳм гузоштааст. Маҳз бо талошҳои ин абармарди таърих нимаи дуюми солҳои 20-ум, садҳо мактаб ва дигар муассисаҳои таълимӣ кушода шуданд, ки таҳсил дар онҳо бо забони тоҷикӣ сурат мегирифт ва Ҳукумат ба рушди фарҳанги миллӣ фаъолона мусоидат менамуд.
Ҳарфи ватану ватандорӣ каломи ҳамешагии ӯ буд, ки ҳамеша аз минбарҳои баланд садо медод. Ӯ дар масири огоҳию бедории миллӣ, ҳифзи давлату давлатдорӣ ва озодии забону миллати хеш сарбаландона мубориза мебурд. Мутаассифона, тӯфони ҳаводиси замон нагузошт, ки Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар ҳампаймононаш самари заҳматҳои худро бубинанд ва дар кишваре, ки бо ҷонбозиҳо бунёдаш карданд, умр ба сар баранд. Аксари ин поягузорони давлати навини тоҷик ва номбардорони миллат дар роҳи расидан ба бунёди давлати миллии хеш ҷон бохтанд. Вале номи некашон дар дилу дидаи халқ боқӣ монд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.09.2021 №: 177 Мутолиа карданд: 841