иҷтимоиёт
ҚУВВАЕ ҲАРГИЗ НАБОШАД АЗМРО ОРАД ЗАВОЛ…
Сарлавҳаи ин мақола мисрае аз шеъри устод Мирзо Турсунзода аст, ки вассофи воқеии сулҳу озодӣ дар ҷаҳон ва дилаш саршор аз муҳаббату садоқат ба миллати худ ва Тоҷикистон буд ва ба азми халқҳо барои озодию адолат ва истиқлолашон эътиқоди комил дошт. Дӯсти доғистонии устод Мирзо Турсунзода шоири машҳур Расул Ҳамзатов низ ба мисли шоири мо ошиқи ватани хеш буда, ҳар шеъраш замзамаи кишвари кӯҳистонӣ ва мардуми сарбаландаш аст. Чунончи, дар яке аз ашъораш гуфтааст:
Рафта бар кӯҳ аз баландии он
Сина пур карда аз нафас гуфтам:
- Кишварони зиёдро дидам,
Беҳтарини ба ман ту дар олам».
Шояд аз ишқи ту сурудам кам,
Бори дигар нахӯрдаам савганд.
Бе сухан дӯст дорамат, тарсам
Ҳарфи такрор нест шеъри писанд.
Дар ҳақиқат, Ватан барои ҳар инсон азизтарин ва муқаддастарин макон аст, ки маҳз аллаи ширини модар вуҷудашро аз гаҳвора бо ҷаҳон пайванд медиҳад, дар Ватан ҷисму руҳи ӯ меболад, аз сарчашмаи моддию маънавии халқаш файз касб мекунад, аз камол то завол меҳрашро дар дил мепарварад. Зиндагии ҳар шахс аз тифлӣ то бузургсолӣ ҳамон вақт хуб ҷараён мегирад ва то сарҳади камолу ифтихор мерасад, агар ватанаш орому ҳаёти мардумаш осуда, муҳити солим ва аз таассубҳову андешаҳои заҳролудсоз озод, бар пояи илму маорифи пешрафта ва маънавияти воқеӣ қарор ёфта бошад. Мо саодатмандем, ки дар Ватани кӯҳҳои сарбаланду обҳои зулол, дар ин хоки муқаддас таваллуд шудаем ва зиндагӣ дорем. Посдорон ва пешбарони мероси бузурги моддию маънавии гузаштагон мо, тоҷикистониён, мебошем, ки пешсафи бузурги ин миллат ва ин давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бо ин мерос ва ин Роҳбари ватандӯст на танҳо мо, балки тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ифтихор доранд. Ва бо ин эҳсоси фараҳмандӣ аз давлатдории миллӣ ба остонаи ҷашни мубораки Истиқлоли давлатӣ расидаем, ки шукри он барои ҳар фард-фарди Ватан воҷиб аст ва сидқан онро ба мардуми шарифамон муборакбод мегӯем.
ВАЗЪИЯТИ ҶАҲОНИ МУОСИР ВА ЗУҲУРИ ЛИДЕРИ УМУМИМИЛЛИИ ТОҶИКОН
Мо имрӯз ба вазоҳат мебинем, ки ҷаҳон чӣ гуна ноором ва дар бисёр кишварҳо бовари мардум ба зиндагии шоистаи фардо шакку тардидро ба вуҷуд овардааст. Баъд аз суқути давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ ҷаҳон мувозанатро гум кардааст, яккатозӣ киштии умеди давлатҳо ва инсонҳоро дар ҳолати тӯфонӣ ва дур аз соҳили мурод қарор додааст.
Таҳаввулоти ҷаҳони муосир баъд аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ суръати ҳайратангези бағоят тез гирифт, ки таҳлилгарон ва файласуфон бо шитоб аз пайи омӯзиши он шуданд. Яке аз поягузорони фалсафаи экзистенсиализм Карл Ясперс хулосаи худро чунин изҳор карда буд: «Вазъияти нави таърихии мо, ки аввалин бор аҳамияти ҳалкунанда пайдо кард, ваҳдати воқеии инсонҳоро дар Замин падидор намудааст. Ба туфайли имконоти техникии нақлиёти муосир сайёраи мо ягонаи том, комилан ба одам дастрас ва он нисбат ба ҳудуде, ки як вақтҳо Империяи Рим дошт, «хурдтар» шудааст». Вале, мутаассифона, бар хилофи ақидаи ин файласуфи шинохта имрӯз дида мешавад, ки «ваҳдати воқеии инсонҳо» бо гузашти беш аз ҳаштод соли оғози Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ва ҳафтоду панҷ соли итмоми он на танҳо ба вуҷуд наомадааст, балки ба хатари бузурги нобудӣ рӯ ба рӯ шудааст. Донишмандону роҳбарони бисёр кишварҳо ва давлатҳо аз ин вазъияти ноҳинҷор дар изтироб мебошанд. Аз таърихи давлатҳо маълум аст, ки бе роҳбари тавоно ва дурбин халқ ба ҳолати ноамнию парокандагӣ гирифтор мешавад.
Дар ҳамин даврони хеле пуртазод ва хатарбор, хушбахтона, мардуми Тоҷикистон дар вазъи нисбатан орому сулҳи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ ба сӯйи фардо қадам мегузорад. Яке аз сабабҳои оромию осудагӣ ва суботи кишвар вуҷуди лидери умумимиллии боғайрат ва ватанпарвар дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Яъне, ӯ шахсест, ки соҳиби азми росих ва иродаи қавӣ. Бо интихоби Раиси Шурои Олӣ дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вакилони он Иҷлосия боиси нуқтаи чархиши сарнавиштсоз дар таърихи муосири давлатдории тоҷикон гардиданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи таърихие ба сарварии давлати тоҷикон қарор гирифтанд, ки ҷаҳон ба таҳаввулоти бузург ва проблемаҳои вазнин дучор омада буд ва имрӯз низ он идома дорад. Ба ақидаи баъзе олимони муосир, агар то ибтидои қарни бистум таърихи ҷаҳонӣ аз тамаддунҳои худмухторинкишофёбанда, ки ба якдигар камтар таъсир доштанд, иборат бошад, пас, замони ҷаҳонишавӣ (дақиқтараш ҷаҳонисозӣ) онҳоро ба ҳам наздик кард ва дар нимаи дуюми асри XX ва оғози қарни ХХI ҷараёни интегратсионӣ босуръат идома пайдо карда, ҳаёти ҷамъияти инсониро хеле ба ҳам вобаста намуд. Дар айни замон, таҳаввулоти ҷаҳонӣ на танҳо тазоди байни инсон ва табиатро тезутунд кардааст, балки ҷомеаи инсониро дар дохил низ ба зиддиятҳои нав рӯ ба рӯ намудааст. Бинобар ин, ба давлатҳо барои аз мушкилиҳои офатбор берун омадан роҳбарони тавоно, инсондӯст ва дурандешу ояндасоз заруранд, ки сиёсатро дар пояи илм қарор диҳанд ва идораи давлат ва муносибатҳои байнидавлатиро бо санъати баланди мутобиқ ба манфиатҳои умумиинсонӣ роҳандозӣ намоянд.
Яке аз президентони собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ричард Никсон навиштааст: «Идораи сиёсат бештар аз як фан аст. Ҳарчанд ки баъзе фунун барои идораи он зарурӣ бошад ва ба як маънӣ идораи як муассиса наср аст ва идораи сиёсат шеър. Мардум бо далел ва бурҳон қонеъ мешаванд, аммо бо ҳаяҷон дучори таассур мешаванд.
Зимомдор бояд дар айни ҳол онҳоро қонеъ ва мутаассир созад. Раиси як муассиса доир ба имрӯзу фардо меандешад, вале сиёсатмадор бояд ба фикри пасфардо бошад. Раис ва мудири кулл пешрафти иқтисодиро нишон медиҳад, аммо роҳбари сиёсӣ як хатти сайри таърихро. Ва бад-ин қарор мудири кулл, вақте ки дигар идорае надошта бошад, худаш дигар ҳеҷ аст. Ва баръакс, зимомдори сиёсӣ ҳатто вақте ки дигар дар раъси қудрат ҳам набошад, тарафдорон ва пайравоне барои худ дорад.
Идораи умури сиёсӣ зарурат ба доштани биниши васеъ аст, бинише, ки ба зимомдор илҳом бибахшад ва ӯ ҳам ба навбати худ миллатро илҳом бибахшад. Миллатҳо дар айни ҳол, мардони сиёсиро ҳам дӯст медоранд ва ҳам аз онҳо ҷаврдида ҳастанд ва ба нудрат нисбат ба онҳо беэътино ҳастанд. Ҳаводиси бузург раҳбарони бузургро ҳам ба вуҷуд меоваранд… Аммо давронҳои пурошӯб дар айни ҳол беҳтарин ва бадтаринҳоро ба рӯйи кор меоваранд». Дурустии ин нуктаро метавонем дар мисоли Иттиҳоди Шуравӣ таъйид намоем. Дар солҳои ба истилоҳ бозсозӣ ба сари қудрат омадани Михаил Горбачёв ва баъд аз он Борис Елтсин, чунон ки аз суҳбатҳо ва навиштаҳои қисме аз шоҳидон ва ҳамкорони онҳо маълум гардидааст, ин ду нафар ва идеологи асосии онҳо М.Яковлев, ки ба давлатҳои ғарбӣ фурӯхта шуда будааст, бо гурӯҳи ҳаммаслаконашон бузургтарин хиёнатро ба давлат ва мардуми Иттиҳоди Шуравӣ карданд, ки дар натиҷа, ба ақидаи баъзе сиёсатмадорони Россия давлаташон ба қатори кишварҳои ҷаҳони савум дохил шудааст.
Вале, хушбахтона, чунон ки ишора шуд, баъд чанде аз эълони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, дар Иҷлосияи ХVI ба мақоми Раиси Шурои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидои ташаккули роҳбари бузург дар он шароити вуқуи ҳодисаҳои ногувори хатарнок гардид. Фаъолияти гуногунҷабҳаи Роҳбари давлат имкон дод, ки на танҳо хатарҳои аз байн рафтани давлат ва парокандагии миллат рафъ карда шаванд, балки, ҳамзамон, асосҳои Истиқлоли давлатӣ таҳким ёфта, Тоҷикистон дар қатори аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муносиби худро пайдо намуд. Шахсиятҳои боистеъдоди дорои хислатҳои харизматикӣ, ба мисли Эмомалӣ Раҳмон, ки дар давлатҳои нисбатан хурдтар, сарвариро ба уҳда доранд, бештар ногузир бо сиёсатҳои абарқудратҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ки барои ҳимояти манфиатҳои давлаташон бояд чораҷӯйӣ намоянд ва муваффақият ба даст оранд. Сиёсатмадори бузург будани Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир шуд, ки тавонистанд бо абарқудратҳо ва давлатҳои минтақа тавозуни манфиатҳоро барқарор намоянд ва сиёсати мустақилона ва мусбатро пеш баранд. Алалхусус, дар давраи ҷаҳонисозӣ, ки ҳифзи асолати миллӣ дар ҷабҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кори осон нест. Бояд гуфт, ки давлатҳо аз ҷиҳати манфиатҳояшон дӯстон ва душманон низ доранд. Душманонашон дар дохили давлат шахсони алоҳида ва гурӯҳҳоро метавонанд аз ҷиҳати молиявӣ, маънвӣ ва ҳатто силоҳу муҳимоти низомӣ дастгирӣ намоянд. Баъзе давлатҳо ва ё нируҳои бузурги манфиатманд барои аз байн бурдани низоми сиёсӣ, роҳбарони давлатҳо ва ҳизбҳои мухолифашон низоъҳои шадидро ба вуҷуд меоваранд.
Муҳаққиқи сиёсат К. Манхейм сиёсатҳои кишварҳои ғарбиро таҳлил намуда, навиштааст, ки «сиёсат низоъ аст ва вай бештар кӯшиш мекунад, ки барои марг мубориза барад, на барои ҳаёт. Ҳар қадар ин мубориза тезутунд шавад, ҳамон андоза қишрҳои амиқи эҳсосотиро, ки қаблан таъсири шадид, вале ноогоҳона менамуданд, фаро гирифта, онҳоро зӯран ба доираи таъсири огоҳона ҷалб менамоянд. Дар натиҷа, баҳсҳои сиёсӣ бо хислати худ аз баҳсҳои илмӣ комилан фарқ мекунанд. Мақсад аз ин на танҳо исботи ҳақ будани худ, балки решакан кардани мавҷудияти иҷтимоӣ ва интеллектуалии ҳариф мебошад». Дар охири солҳои ҳаштодум ва аввали навадум мо шоҳиди оқибати чунин низоъ будем, ки зимомдорони ИМА ва Ғарб ба воситаи М.Горбачёв ва Б.Елтсин ва пайравонашон онро ба вуҷуд оварданд ва натиҷаи он суқути Иттиҳоди Шуравӣ гардид.
Вале фаъолияти роҳбари Тоҷикистон дурустии ин аслро бори дигар собит кард, ки шахсият дар авзои душвори сиёсӣ ва иҷтимоӣ нақши ниҳоят бузург дорад. Сарварони воқеъбин, ба аҳдофи олии давлатӣ содиқ, мустақилона амалкунанда метавонанд ваҳдатро дар ҷомеа ба вуҷуд оварда, мардумро ба масири созандагӣ ва сулҳу салоҳ равона намоянд, давлатро аз ҳар гуна хатарҳо эмин нигоҳ доранд.
Дар меҳвари фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷӣ принсипи муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ қарор гирифт, ки мувофиқи он, чунон ки узви собиқи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Жан Пикте таъкид кардааст: «зарурати амалиёти низомӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳамеша бояд бо эҳтиром ба инсон тавъам бошанд». Дар Афғонистони имрӯз мебинем, ки миллатҳои ғаюри он, махсусан миллати тоҷик, барои ҳақиқат ва адолат бар зидди зулми миллӣ ва таассуби динию шовинизм мубориза мебаранд. Лидерҳои миллие, ки аз байни тоҷикон ба вуҷуд омада буданд, аз тарафи душманони тоҷикони Афғонистон аз байн бурда шуданд, то ки ваҳдати ин миллат дар он кишвар, ки ватани аслиашон мебошад, ба вуҷуд наояд. Чунончи, дар натиҷаи дасисаҳо Тоҳири Бадахшӣ, амир Ҳабибулло (бачаи Саққоъ), Бабрак Кормал, Аҳмадшоҳи Масъуд, Бурҳониддини Раббонӣ ва чанде дигар аз байн бурда шуданд. Мунавварфикрон, қатъи назар аз қавмияташон, аз тарафи мутаассибони динӣ дучори муқовимат мешуданд, чунончи, Амир Амонуллохон, ки мехост аз пешрафтҳои илмӣ ва техникии Аврупо истифода кунад ва воситаҳои навини техникиро дар ватанаш ҷорӣ намояд, ноком гардида буд. Имрӯз низ Афғонистон бар асари хиёнатҳо ва дасисабозиҳо, мудохилаҳои ошкорову пинҳонии давлатҳои дигар дар Афғонистон табаддулоти толибонро роҳандозӣ карданд, ки ҳазорҳо шаҳрвандони он кишвар ба нишони эътироз аз таассуботи толибон мехоҳанд ҷилои Ватан кунанд ва ҳатто ин кӯшишҳо ба марги афроди зиёд низ анҷом ёфтаанд.
Бояд зикр намуд, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ қомат рост кардан ва ба пешравиҳои назаррас ноил шудани Тоҷикистон аз ояндаи неки он шаҳодат медиҳад. Дар таърихи навини халқи тоҷик дар шахси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаре зуҳур намуд, ки мақоми олии давлатиро бо сиёсатмадории дурандешонаи худ баланд бардошт. Ба ин муносибат суханони ҳикматноки донишманди асри ХVII Фаронса Жан де Лабрюойерро овардан ба маврид хоҳад буд: «Одами қоматбаланд ва қавӣ, бо шонаҳо ва синаи фарох бори гаронеро ба осонӣ ва чобукона мебарад, як дасташ низ озод аст. Одами майдаро ними чунин бор маҷақ мекунад. Вазифаҳои баланд низ чунинанд: онҳо одамони бузургро боз ҳам бузургтар ва одамони ночизро боз ҳам ночизтар мекунанд».
СИЁСАТИ РЕАЛИСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МУВАФФАҚИЯТИ ОН ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ
Аслан, ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, асосан, натиҷаи муборизаи ду ҷаҳонбинӣ-сотсиалистии навъи Иттиҳоди Шуравӣ ва либерализми ғарбии омехта бо ҳаракатҳои тундравонаи исломи сиёсишуда буд. Либерализми ғарбӣ, ба шоҳидии олимони ғарбӣ, дучори буҳрони шадид мебошад, зеро ташкили ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ кӯшиши аз ин буҳрони шадиди иҷтимоӣ ва сиёсӣ берун омадан буд. Яке аз муҳаққиқони сиёсатшиноси рус Ю.Н. Солонин муътақид аст, ки «Оғози асри ХХ ин замони санҷиши бузурги фоҷиабори либерализм ва тартиботи буржуазӣ дар пешорӯйи шароит ва хатарҳои нави муосир буд. Ҷавоб ба ин буҳрон ҷанги ҷаҳонӣ ва инқилобҳо буд, ки дар деги онҳо филизоти тартиботи сиёсатҳои тоталитарӣ зуб мешуд. Тоталитаризм дар зиндагии инсони аврупоӣ на ҳамчун идеяи муҷаррад, балки ҳамчун принсипи амалии ташкили ҷамъият буд, ки вазифаашро дар сафарбар намудани тамоми имконот ва захираҳояш ба хотири ба даст овардани орзуи тахайюлии ҳукмронӣ, тартибот ва адолати универсалӣ медид». Яке аз фақеҳони протестантии Ғарб бо эҳсоси таассуфбор гуфтааст, ки доираи сиёсии ҷомеаи аврупоӣ яке аз майдонҳои марказии инкишофи ҳодисаҳо ва кайфияти руҳияи буҳронӣ мебошад. Буҳрон худро ҳамчун мавҷуди асотирии девмонанд зоҳир мекунад, ки барояш ҳаёт, асосҳои (зиндагӣ), анъанаҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳоро ба қурбонӣ меоваранд.
Мутаассифона, воқеаҳои Югославия, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Ливия, Яман ва ғайра собит месозанд, ки буҳрони ҷаҳонии либералӣ шеваҳои бераҳмонаи муборизаро дар шаклҳои фоҳиш ва фоҷиабор падид овардааст. Воқеаҳои солҳои гузашта, аз ҷумла пандемияи COVID-19, нишон медиҳад, хатарҳои глобалӣ, ки фарогири минтақаҳои гуногуни ҷаҳонанд, бештар ва амиқтар шуда истодаанд. Агар аз мавқеи диалектика назар кунем, пас, дар ҷомеаи кунунии инсонӣ ба ғайр аз зиддиятҳои берунӣ, яъне зиддиятҳои инсоният бо табиат, зиддиятҳои дохилинавъӣ, яъне зиддиятҳои байниинсонӣ, шадидтар шуда истодаанд ва ин шояд ба марги даҳҳо миллион одамони сайёра сабаб гардад. Эҷодгарони назарияи «миллиарди тиллоӣ», ки худ дар паси пардаанд, вале осиёби бо хуни инсоният гардандаро идора мекунанд, давлатҳои худро гумон аст, ки аз хатарҳои бузург наҷот дода тавонанд ва шояд дар зери санги фишоровари бузург худашон низ қарор гиранд.
Шахсиятҳои боистеъдоди дорои хислатҳои харизматикӣ, ба мисли Эмомалӣ Раҳмон, ки дар давлатҳои нисбатан хурдтар, сарвариро ба уҳда доранд, бештар ногузир бо сиёсатҳои абарқудратҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ки барои ҳимояти манфиатҳои давлаташон бояд чораҷӯйӣ намоянд ва муваффақият ба даст оранд. Сиёсатмадори бузург будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир шуд, ки тавонистанд бо абарқудратҳо ва давлатҳои минтақа тавозуни манфиатҳоро барқарор намоянд ва сиёсати мустақилона ва мусбатро пеш баранд. Алалхусус, дар давраи ҷаҳонисозӣ, ки ҳифзи асолати миллӣ дар ҷабҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кори осон нест.
Ҷаҳони муосир, тавре маълум аст, ба буҳрони ҷиддӣ ва шадид гирифтор аст. Воқеаҳои таассуфбори Шарқи Наздик ва Миёна, ҷангҳои харобиовар ва фоҷиаи гуманитарӣ натиҷаи сиёсатҳои тахрибгарона ва аз тарафи абарқудратҳо ҷорӣ кардани идеологияҳои шовинистӣ, тундравиҳои динӣ ва миллатгароёна мебошад. Ғайр аз ин, дар баъзе давлатҳо дар натиҷаи ғайриимкон будани зуҳури лидери умумимиллӣ ва аз байн бурдани шахсиятҳои бузурги сиёсӣ ва фарҳангӣ, низоъҳо давомдор шуда, боиси паҳн гардидани экстремизм, радикализм ва терроризм, аз ҷумла экстремизми динӣ гардидаанд.
Имрӯзҳо ин вазъияти мудҳиш ва фоҷиаборро дар Афғонистон дар ҷараёни хуруҷи нируҳои ИМА ва давлатҳои аъзои НАТО мебинем. Бист соли мавҷудияти қувваҳои низомии ин кишварҳо дар Афғонистон, ки зери шиори мубориза бо терроризм амалӣ мешуд ва дар Ироқу Сурия низ ба ҳамин мақсад ворид шуда буданд, на танҳо хушунатҳо ва террорро аз байн набурданд, балки вазъияти ин давлатҳоро боз ҳам печидатар ва буҳронро амиқ гардонданд.
Таҳлилҳои вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ дар кишвар ва ҷаҳон аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ шудани нақшаҳои муайяншуда нишон медиҳанд, ки сиёсати давлати мо ба реализм ва воқеъгароӣ асос ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ воқеаҳои гузаштаро таҳлил карда, гуфта буданд: - «…як гурӯҳ душманону хоинони миллати тоҷик низ буданд, ки рӯйирост бар зидди раванди сулҳ ва суботи ҷомеа монеаҳои зиёд эҷод мекарданд,ба оғози фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ , баргаштани гурезаҳо сахт муқобилият мекарданд ва ҳатто баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам чандин маротиба бо ҳидояту дастгирии хоҷагони хориҷии худ даст ба табаддулоти низомӣ заданд».
Таҳлилҳои Эмомалӣ Раҳмон аз таҳлилҳои баъзе таҳлилгарони ғаразолуди хориҷӣ куллан тафовут дорад. Бар хилофи онҳое, ки дар чунин низоъҳо дини исломро айбдор менамоянд, Пешвои миллат, баръакс, дини исломро аз чунин айбдоркуниҳо ҳимоя мекунанд. Ақидаи Пешвои миллат дар ин бора чунин аст: «Суистифода аз дину мазҳаб боиси пайдо шудани таъбирҳое мисли экстремизми динӣ, экстремизми исломӣ ва монанди инҳо гардидааст. Дар асл ба дини ислом нисбат додани экстремизм ба ҷуз ғаразҳои сиёсӣ, бадном кардани он ва мардуми мусалмон ҳадафи дигаре надорад. Аз тарафи дигар, гурӯҳҳо ва созмонҳои экстремистие ҳастанд, ки гоҳо дар либоси динӣ намоён мешаванд, то ин ки ақидаву мақсадҳои онҳо дар байни мардуми диндор тарафдор пайдо намоянд». Манзури Сарвари давлат ин аст, ки дар давлати демократӣ ва дунявӣ, ки мутаассибони ба ном исломӣ онро чун сохти атеистӣ муаррифӣ мекунанд, ҳеҷ гуна инкори дин вуҷуд надорад, вале ба мақсадҳои ғаразолуди сиёсӣ истифода кардани дин ва онро ҳамчун ниқоб ба рӯ кашидан ва ҳар гуна амалҳои харобкоронаро зери шиори ҳимояи дин анҷом додан, хилофи принсипҳои инсондӯстӣ ва ҳуқуқи инсон мебошад ва ҷомеаро ба хатарҳои тундравона ва ҳатто террористӣ мувоҷеҳ месозад. Мухолифон ва мунаққидони Ҳукумати Тоҷикистон одатан камбудиҳои ҷойдоштаро бузург карда нишон медиҳанд, то ки эътиқоди мардумро ба давлат ва Сарвари он заиф созанд, вале онҳо аз зикри муваффақиятҳое, ки халқи тоҷик таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардааст, бештар сарфи назар мекунанд. Имрӯз мардуми кишвар медонанд, ки ин нақдҳо аз рӯйи инсоф нест ва ба он бовар намекунанд. Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ки аксари мардум зудбовар буданд, чунин «дӯствонамудкуниҳо» ба чи натиҷа овард, ба ҳама маълум аст.
Сарвари давлат ҳушдор медиҳанд, ки хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла экстремизму терроризм, ба кишварҳои сайёра, аз ҷумла ба давлати мо низ таҳдид мекунанд. Вале дарки амиқи ҳифзи асолати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ақли солим, дониш, боло рафтани ҳисси ифтихори миллӣ ва зиракии сиёсиро ҳамеша тақозо мекунад. Бинобар ин, Пешвои муҳтарами миллат дар аксари суханрониҳою суҳбатҳо ва мулоқотҳояшон боло бурдани эҳсоси хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, зиракии сиёсӣ ва аз ҳар гуна ҳаракатҳои экстремистию радикалӣ эҳтиёт шуданро таъкид мекунанд. Дар партави ин ҳидояти сиёсӣ ва методологии Пешвои миллат олимони тоҷик, аз ҷумла аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқоти илмиро анҷом додаанд ва асарҳои илмӣ - оммавии зиёд низ ба нашр расондаанд. Олими сиёсатшиноси тоҷик С. С. Ятимов дар ин бора дуруст қайд кардааст: «Масъалаи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ - масъалаи пойдорӣ, устуворӣ, бақои миллат ва давлати миллӣ аст. Ҷойи онро қудратмандтарин падидаи дигар (артиш, силоҳи ҳастаӣ, мақомоти амниятии муҷаҳҳаз бо кулли имконот), ҳатто ҳукумати аз лиҳози сиёсати иҷтимоӣ муваффақ гирифта наметавонад».
Халқи мо - таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи душвор, вале боифтихори Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллиро муваффақона тай намуд. Имрӯз, дар арафаи сиюмин солгарди Ҷашни муқаддаси Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, мардуми шарифи кишвар дар шароити оромию осоишта ба муваффақиятҳои зиёд дар ҳамаи арсаҳои зиндагӣ ноил гардида, ба ояндаи давлату миллат бо боварии комил ва ифтихор аз соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ назар мекунад. Азми халқи тамаддунсози тоҷик ва тамоми тоҷикистониён барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлол ва Озодӣ, ки самари арзишмандтарини зиндагӣ ҳастанд, қавӣ мебошад. Бисёр миллатҳо онро орзу мекунанд, мубориза мебаранд, қурбонӣ медиҳанд, вале мутаассифона, на ҳамаашон муваффақ мешаванд, вале ин азм заволнопазир аст. Ҳақ ба ҷониби шоири бузург ва маҳбуби мо, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода мебошад, ки қотеона ва бо ҳарорат гуфтааст:
Қуввае ҳаргиз набошад азмро орад завол,
Рӯҳи озодипарастонро намояд поймол.
Кароматулло ОЛИМОВ, академик
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.09.2021 №: 179 - 180 Мутолиа карданд: 814