иҷтимоиёт
АРМОНШИКАНИ ҚАРНҲО
Ва ҳақ бар ҷониби бузургмарди некманиши миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будаасту ҳаст, ки имрӯз дар ин диёри меҳрангезу вафорез, кишвари садоқату сафохез армонҳои ҳазорсолаи аҷдодиву авлодӣ таҳаққуқ мепазиранд ва ба муъҷиза бадал мешаванд.
Бакорандозии нахустчархаҳо ва тавлиди нахустшуълаи “Роғун” бо ширкати Пешвои муаззами миллат ин иншооти шаҳири ҷаҳонишударо шаҳиртару ҷаҳонитар гардонд.
“Роғун”-ро армоншикани ҳазорсолаҳо ва шаҳкитоби орзуву омоли мардуми суннатгарои тоҷик гӯянд. “Роғун”мафҳумест умраш ба солҳои мадид тамдид ёфта ва дар шумори ҳамешатаринҳо барои имрӯзу фардо зиндаву ҷовид хоҳад буд, мисли эҳёгари асилу бохирадаш Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои маҳбубу муаззами тоҷикони олам.
“Роғун” хуб дар хотир дорад рӯзҳои даҳшатборашро, лаҳзаҳои ғурубашро, соатҳои суқуташро ва, ҳамчунин, овони фурӯғашро, сурурашро, шукӯҳашро, таманнои вуҷудашро…
“Роғун” бо гӯши дил шунидааст, нидову хитобаҳоеро чун:
Туро аз ашку аз хуни дили худ мекунам
бунёд!
Туро аз хеш аз обу гили худ мекунам бунёд!
Туро чун бораи имони худ бунёд хоҳам кард!
Туро аз лахт-лахти ҷони худ бунёд
хоҳам кард!
Зудуда нашудаанд аз ёдҳо суханҳои саршор аз эҳсоси волои худшиносиву ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандориву меҳанпарастии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон:
«…Дар роҳи тақдирамон тадбирандеш худамон ҳастем, "Роғун"-ро, иншооллоҳ, худамон месозем, лозим шавад бо дандону бо нохуни хеш месозем, бо дандону нохуни номусу нанги ориёӣ...».
Эъҷози хираду заковати ин абармарди замон, сиёсатмадори пазируфтаи ҷаҳон, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон эъҷози армонҳои аҷдодии миллиро бо бунёди “Кохи Нур”-и тоҷикон барозанда кард ва ангезаҳои ҷаҳонӣ бахшид.
“Роғун” танҳо бунёди як неругоҳ нест, “Роғун” рамзест таҷассумгари армонҳои бузургу орзуҳои наҷиб, сафобахши рӯзгору зиндагӣ, мактаби худшиносии милливу ҷавонмардӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, бунёди мову миллат ва истиқлоли мо!
Ҳар қадар, ки қуллаи мақсуд наздиктар, таҳаққуқи армонҳову орзуҳо амиқтар ва меҳри ватандориву меҳанпарастӣ қавитару устувор мешавад, ҳамон қадар ҷӯшу хурӯши корҳо, азму ҷазми ҷавонмардиву матонат ва шуҷоати бунёдгарони “Кохи Нур” боло мегирад. Онҳо бо чашмони нурбору қалбҳои фараҳрез, дастони Фарҳодсифату бозувони Рустамона дар қаъри кӯҳҳову дили сангҳо, ки манзили нуру рӯшании Тоҷикистони соҳибистиқлол, кишвари ориёинажод хоҳад буд, дилгармонаву дилчаспона заҳмат мекашанд ва аз ин ҳаловату лаззат мебаранд.
Самараи заҳматҳои шабонарӯзии бунёдкорони фарҳодпеша аст, ки имрӯз бо дидани манзараҳои фараҳфизову назаррабои “Роғун” ба ояндаи нурбору нурафшони Тоҷикистони азиз эътимод фузунтару шуълаи умедвориҳо фурӯзонтар мешавад.
Чунин хоҳад буд муҳтавиёт ва сухане чанд аз вижагиҳои корномаи чароғистони тоҷик – «Роғун» - и ҷовидону муқтадир ва шуҳратёру оламгир, “Роғун”- е, ки нахустчархааш нахустбарқеро аз чашмаҳои булӯринаш тавлид кардаву ба чашмҳо нур ва ба қалбҳо сурур фузудааст.
Хайрулло САФАРЗОДА,
директори генералии ҶСК “НБО Роғун”,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.09.2021 №: 179 - 180 Мутолиа карданд: 1120