иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛ ВА МАОРИФ
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ масоили соҳаи илму маорифро ҳамчун мушкилоти меҳварӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доданд, зеро ҷомеаи пешрафта маҳз тавассути афроди донишманду соҳибилм ташаккул меёбад.
Маҳз таҳти андешаи созанда ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари оқилу тавонои мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маорифи кишвар босуръат рушд намуд. Дар як муддати ниҳоят кӯтоҳи таърихӣ садҳо консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар самти илму маориф таҳия ва амалӣ гардида, татбиқи як қатор ташаббусҳои наҷиби созандаву рушдбахшанда бомаром идома дорад.
Чунончи аз суханронии Пешвои муаззами миллат ба муносибати Рӯзи дониш (01.09.2021, ш. Душанбе) бармеояд, танҳо дар доираи корҳои ободкориву созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар қаламрави кишвар 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои қариб 100 ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Дар буҷети давлатии соли 2021 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 597 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2020-ум 11,2 фоиз зиёд буда, қариб 20 фоизи буҷети давлатӣ ва 6 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар кишвар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли 1991-ум 35 муассиса зиёд мебошад.
Барои муқоиса зикр гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ то соли 1991 аз рӯйи 147 ихтисос мутахассис омода карда мешуд. Имрӯз бошад, дар ин муассисаҳо тибқи талаботи бозори меҳнат аз рӯйи 306 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ соли 1991-ум 1835 нафар номзади илм ва 226 доктори илм аз рӯйи 136 ихтисос ба донишҷӯён таълим медоданд. Имрӯз аз шумораи умумии устодону омӯзгорон 4363 нафар соҳиби унвони илмӣ буда, аз онҳо 824 нафар доктор ва 3539 нафар номзади илм аз рӯйи 533 ихтисос ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Ҳамчунин, аз корҳои анҷомдодаи як қатор донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ҷиҳати ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ёдоварӣ гардид, ки дар натиҷа, ҳоло дар 33 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз 21 кишвари хориҷӣ 16 500 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд.
Дар даврони истиқлол дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ 123 созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника ва 83 созишномаи ҳамкории байниидоравӣ ба тасвиб расидааст, ки дар асоси ин санадҳо ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии 33 кишвари хориҷӣ беш аз 40 000 ҷавони соҳибистеъдоди мо аз рӯйи ихтисосҳои барои иқтисоди миллӣ зарурӣ таҳсил мекунанд.
Ҳамчунин, аз соли таъсиси Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон - «Дурахшандагон» (2008) то солҳои таҳсили 2019 - 2020-ум 528 нафар шаҳрванди кишвар дар зинаҳои гуногуни таҳсил (бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура, ординатура, докторантура ва коромӯзӣ) дар донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Зимнан бояд зикр намуд, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такон бахшидан ба рушди соҳаи маорифи кишвар ҳанӯз соли 2010 “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” эълон гардида буд. Ҳадафи аслии Роҳбари давлат аз ин тасмим, пеш аз ҳама, ворид намудани фанновариҳои навини илму техника ба низоми таълими кишвар буд ва маҳз бо татбиқи тадбирҳои дар ҳошияи ин иқдом андешидашуда дар соҳаи мактабу маориф комёбиҳои зиёде ба даст омаданд.
Бешак, рушди ҷомеа, пешрафти давлату миллат тавассути донишу заковат ва илмандӯзӣ таъмин мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти давлатро тавассути ҳамин дурнамо танзим карда, маорифро соҳаи калидӣ унвон намудаанд. Дар партави ин ояндабинӣ ва таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф ва таъмини шаҳру навоҳии дурдасти мамлакат бо мутахассисони соҳибтаҷриба қабули довталабонро ба донишгоҳҳои олии мамлакат тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монданд, ки ин низ ғамхорӣ ва назари нек ба ояндаи давлату миллат маҳсуб меёбад.
А. М. МИРАЛИЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.09.2021 №: 179 - 180 Мутолиа карданд: 759