logo

иҷтимоиёт

БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРД

Дар таърихи навини халқи тоҷик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  шахсияте мебошанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳёи падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёконамон хизматҳои беназир  кардаанд. 
 
Хуб дар хотир дорам, ки  моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд : - «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Бидуни шакку шубҳа, гуфтан мумкин аст, ки тамоми пешрафт ва дастовардҳои кишвар ба Истиқлолияти давлатӣ ва Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии бевосита дорад.
Бо қатъият иброз медорам, ки агар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсияти сулҳовару сулҳдӯст ва сулҳофар, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат намеовард, барқарории Истиқлолияти давлатӣ, осоишу озодии мардум, ободии Ватан ва таъмини шароити арзанда барои сокинон имрӯз дар гумон буд. 
Замони соҳибихтиёриро давраи пешравиҳо, ноил шудан ба дастовардҳо дар ҳама бахши ҳаёти ҷомеа унвон кардан мумкин аст. Аз ҷумла, Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолияти нави қонунгузорӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. Дар ҷумҳурӣ парламенти касбӣ ба вуҷуд омад. Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар солҳои душвори мамлакат тамоми масъулиятро бар дӯш гирифта, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро амиқ муайян ва минбаъд роҳандозӣ мекард, аввалин таҷрибаи сиёсӣ дар бахши ташкили мақоми тозабунёди қонунгузор мебошад.
Ифтихормандем, ки дар сӣ соли истиқлолият пйдевори давлатдории миллиамонро гузошта, барои таҳкими он бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузургро ба анҷом расондем ва имрӯз ба сӯйи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем. 
Хушбахтона, ҳоло дар кишвари мо сулҳу ваҳдат устувору побарҷост, вале ин ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки фориғбол бошем.  Мо набояд ҳаводиси пурфоҷиаи замони  ҷанги шаҳрвандиро, ки ҳаёти осоиштаи халқи моро ба фоҷиаи миллӣ табдил дода буд, фаромӯш кунем. Дар шароити кунунӣ вазъи  ҳамсоякишвар - Афғонистон барои мо бояд дарси ибрат бошад.
 
Амиршо МИРАЛИЕВ, собиқадори меҳнат
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.09.2021    №: 179 - 180    Мутолиа карданд: 813
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед