сиёсат
РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТАИ ҶАШНӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар майдони марказии пойтахт дар роҳпаймоии осоиштаи ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баъди суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, кормандони вазорату идораҳо, намояндагони соҳаҳои мухталифи мамлакат, донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа бо навбат бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-Модар, арзишҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат роҳпаймоӣ карданд.
Аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ гузаронда шуд, ки дар он беш аз 30 ҳазор нафар кормандони касбу кори гуногун, донишҷӯён ва хонандагони муассисиаҳои таълимӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.09.2021 №: 181 Мутолиа карданд: 928