logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари воҳид дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мавқеи устувори худро пайдо намуда, 30-солагии Истиқлолияти давлатии хешро бо дастовардҳои бузург, ки ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ заминаи устувор мебахшанд, ҷашн гирифт. Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ва мустақилона шуруъ намудан ба давлатдории миллӣ дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта марҳилаи мураккаб ва сангинро ба бор овард, ки мардуми шарифи кишвар барои паси сар намудани он, ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардид. 
Бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои бозтоби соҳибистиқлолӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, созгории миллӣ, эъмори давлатдории миллӣ, тарҳи сиёсати хориҷӣ ва мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, муайян намудани нақшаҳои рушди стратегии ҷумҳуриро паси сар карда, дар татбиқи ҳадафҳои мақсаднок қадамҳои устувор гузошт.
Бояд гуфт, ки ҳар марҳилаи болозикр хусусият ва хосияти ҷудогонаи худро дошта, дар бунёди давлати миллӣ ва ба истиқлоли комил расидани Тоҷикистон нақши бузург дорад.
Таҳлили марҳилаҳои мазкур аз нуқтаи назари сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ барои рушди устувори минбаъдаи давлатдории миллии Тоҷикистон аҳамияти бузургро соҳиб аст.      
Марҳилаи соҳибистиқлолӣ - раванди истиқлол дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ оғоз ёфт, вале бо сабабҳои гуногун вазъи сиёсӣ дар мамлакат мураккаб гашта, оқибат ба бархӯрди мусаллаҳонаи дохилӣ рӯ ба рӯ гардид. Раванди истиқлолро аҳли эҷоду равшанфикрон ҳанӯз аз охири солҳои 80-ум бесаброна интизор буданд ва дар маҳфилҳо дар бораи он ақидаҳои мухталиф баён менамуданд. Баъди қабули Эъломияи истиқлол вазъи сиёсӣ дар кишвар мураккаб гардид, ки аз он гурӯҳҳои манфиатхоҳ истифода бурда, оммаи мардумро ба ошӯб, бо шиорҳои гуногун даъват намуданд, ки оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ табдил ёфт. 
Марҳилаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ – низои сиёсии Тоҷикистон иқтисодиёти мамлакатро даҳсолаҳо ба қафо партофт ва ба раванди бунёди давлатдории миллӣ таъсири манфии бесобиқа калон расонд.  
Марҳалаи оштии миллӣ ва барқарорсозии сулҳу ваҳдат дар кишвар яке аз марҳалаҳои ҳассос ва нозуки таърихӣ барои мардуми азизи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ба имзо расондани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи оламшумул буда, барои ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аҳамияти бунёдӣ дорад.  
Бунёди давлатдории миллӣ – низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи гузаришро паси сар намуд, ки солҳои 1991-1994, яъне то қабули Конститутсияи навро дар бар мегирад. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ зикр намудаанд, ки баъди эълони Истиқлолияти давлатӣ то даъвати Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олӣ дар Хуҷанд як солу ду моҳ сипарӣ гардид, вале давлати тозаистиқлол Парчам, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ, ки аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ ба ҳисоб мераванд, надошт, то ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шавад. Конститутсияи соли 1994 низоми сиёсӣ ва идоракунии давлатиро муайян намуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шуд. Маҳз бо интихоби чунин тарҳи идоракунии давлатӣ мо тавонистем бо ҷомеаи ҷаҳонӣ равобити хуби дипломатӣ барқарор намуда, дар як муддати кӯтоҳ мавқеи кишварро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардорем. 
Марҳилаи ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ: баъди аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди давлат масъалаи муайян намудани самти сиёсати хориҷии кишвар пеш омад, ки яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мерафт. Самти сиёсати хориҷии давлат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи принсипи “дарҳои кушода” тарҳрезӣ шуда, бо кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳои судманди мутақобила ба роҳ монда шуданд. Айни замон бо 178 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои судманд идома доранд. Ташаббусҳои байналмилалӣ, иштироки фаъоли варзишгарон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои иқтисодиву фарҳангии сатҳи ҷаҳонӣ аз болоравии мавқеи кишвар дар ҷаҳон гувоҳӣ медиҳанд.           
Дарёфт ва коркарду банақшагирии рушди стратегӣ аз самтҳои дигари марҳилаи рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин росто дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор масъала ба сифати самтҳо ва ҳадафҳои стратегии рушди устувори иқтисодӣ арзёбӣ гардид. Яъне, баромадани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба кишвари транзитӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат.
Рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон - бо амалӣ гардидани нақшаву стратегияҳои миёнамуҳлат марҳила ба марҳила таъмин шуда истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар бунёди иншооти муҳими стратегӣ: роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма ва Душанбе-Айнӣ-Бӯстон-Чанок, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кишвари воҳид табдил доданд, нақши назаррас гузоштанд. Дар маҷмуъ, зиёда аз 3000 км роҳ, 30 км нақб ва 90 км роҳи оҳан дар кишвар сохта ба истифода дода шуданд. Бунёди иншооти нави хурду бузурги гидроэнергетикӣ роҳи расидан ба истиқлоли энергетикиро таъмин намуд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ гардид, дар натиҷа истеҳсоли барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзуд. Ҳамчунин, ба истифода додани ду агрегати НБО “Роғун” ва пурра ба истифода додани он дар ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои калонтарини содиркунандаи неруи барқ дар минтақа табдил хоҳад дод. Расидан ба истиқлоли энергетикӣ заминаи мусоидро барои саноатикунонии кишвар фароҳам овард. Агар дар соли 1991 дар мамлакат 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда бошад, танҳо соли 2020–ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд. Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 – 2020-ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфт. Зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардид ва майдони боғу токзор ба беш аз 200 ҳазор гектар расонда шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд мебошад. 
Ҳамин тариқ, дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи марҳила ба марҳила амалигардонии ҳадафҳои стратегӣ ва рушди устувори ҷумҳурӣ, дастовардҳои назаррас дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ ба даст омаданд. 
 
 
Комилбек Амид ЁРБЕК, 
ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2021    №: 182    Мутолиа карданд: 1116
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед