иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГӢ
Истиқлолият ба сарзамини офтобию биҳиштосои мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву суботи комилро ҳадя намуд. Ин дар ҳолест, ки миллати шарафманду соҳибтамаддун ва куҳанбунёди тоҷик аз азал ба истиқлолият эҳтироми шоиста дошт ва дар гузашта ормони истиқлолхоҳиро як ҷузъи асолати ватандорӣ ва ҳувияти миллии хеш медонист.
Имсол халқи тоҷик Ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуд. Ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи муборак дар тамоми кишвар корҳои обонию бунёдкорӣ вусъати тоза касб кардааст. Инро мо зимни сафарҳои Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии мамлакат мебинем. Рӯз ба рӯз аз деҳаҳои дурдаст сар карда, то маркази шаҳру ноҳия гул мекунад. Тибқи иттилои расонаҳо, бахшида ба ин санаи муборак беш аз 25 ҳазор иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор мегиранд, ки барои рушди ҳама соҳаҳои хоҷгии халқ имконияти мусоид фароҳам меорад.
Бинои наву замонавие, ки ҳоло мо, кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Ваҳдат дар он кору фаъолият дорем, бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ моҳи августи соли 2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.
Бешубҳа, ин ҳама аз баракати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу суботи комили кишвар мебошад. Зеро бе таъмин набудани амният ба ин муваффақиятҳо расидан ғайриимкон буд. Аз ин рӯ, ҳамаи ин ҳар як сокини кишварро водор месозад, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу суботи ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқ ҳамеша омода бошанд. Гузашта аз ин, моро зарур аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ истиқлолият ва якпорчагии Ватани худро ҳифз намоем.
Шоира ШАРИФЗОДА,
мудири бахши САҲШ-и
шаҳри Ваҳдат
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.09.2021 №: 182 Мутолиа карданд: 780