logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ИСТИҚЛОЛ ВА ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Фикр мекунам, ки ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ агарчи мушкил аст, аммо нигоҳдорӣ ва ба дастовардҳо ноил гаштан дар он душвортар мебошад. Ин ҳақиқатро ҷанги шаҳрвандии мо бори дигар собит сохт. Дар ҳамин давраи душвор хавф, балки имкони аз миён рафтани истиқлоли кишвари мо ва давлату миллат мавҷуд буд, масъулияти роҳбариву хомӯш намудани алангаи оташи ҷангро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо матонату далерӣ ва дилпурӣ ба уҳдаи худ гирифтанд.
 
Чи рӯзҳои мушкил пушти сар шуданд. Бо дилу забон шукр мекунам, шукр мегӯям, шукри ҳастии миллат, давлат ва Сарвари муаззаму хирадманди он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро. Дар зери осмони софу пок зистан ва аз неъмати озодӣ, истиқлол, сулҳу амният бархӯрдор шудан давлати бузургест.
Чӣ тавр метавон аз ёд бурд, ки Пешвои миллат дар солҳои бас вазнин барои рушди бесобиқаи фарҳанг ғамхорӣ карданд ва ҳам тамоми тадбирҳои заруриро андешиданд. Мо пас аз ин дарёфтем, ки сарварамон ояндаи дурахшони миллатро на танҳо мебинанд, балки бо фаъолияти пурсамар, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ месозанд.
Ташаббусу иқдомҳояшон, тавре зикр кардам, воқеан, бесобиқа ва ғамхоронаанд. Ҳама барои рушди фарҳанг буданду ҳастанд. Фарҳангро ҳастии миллат хонданд, то ҳар нафар бо дарки масъулият барои ин ҳастӣ саҳми чашмрас бигирад.
Дар он солҳои бас душвор барои миллат, ки ҳам маблағи кофӣ вуҷуд надошт, ҳамаи имконро фароҳам оварданд, ки дар озмуни байналмилалии хорсароён дастаи хорсароёни Театри давлатии академии ба номи С. Айнӣ  ширкат варзад. Сафар ба Анқара бо ин ҳайати бузург ва будубошу ҳунарнамоӣ кардан дар миёни 39 давлати пешрафтаву ҷангнадида магар дар он рӯзгор осон буд? Албатта,  не! Моро ин дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом бахшид ва ҳам водор сохт, ки бештару беҳтар масъулият эҳсос бикунем ва аз ин сафар бо дастовардҳои бузург ба диёрамон баргардем. Хушбахтона, муваффақ шудем. Иштирокчиёни ин озмун аз муваффақияти мо дар тааҷҷуб афтоданд ва мегуфтанд, ки чӣ гуна Тоҷикистони ҷангзадаву пурра аз он раҳонагашта ба рушди хору хорсароӣ даст ёфтаанд? Мо зимни посух ба пурсишҳо дар ин хусус иброз медоштем, ки  Сарвари ғамхору пуштибони фарҳангу фарҳангиёнро дорем.
Пеш аз ин бо иддаои як гурӯҳи муайян мавҷудияти ин театри академӣ ва мусиқии касбӣ дар кишвар зери шубҳа қарор дошт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдорӣ ва рушди он ҳама гуна имконро фароҳам сохтанд. Зимни суҳбату баромадҳояшон моҳияти мавҷудияти онҳоро равону возеҳ баён доштанд. Албатта, бо ин қаноат наварзиданд, балки онҳоро дастгирӣ намуданд. Аз ҷумла, барои таъмири театр, маблағҳои заруриро ҷудо карданд. Дар ин муддат ба рафти таъмир ва ҷавобгӯи талаботи ҷаҳонӣ будани театр бевосита худашон назорат мебурданд. Дастаи хорсароён бо дастурашон дар консертҳои ҳукуматӣ ширкат меварзид. Консерваторияи миллӣ маҳз дар ин даврон бо  ташаббусу дастгирияшон таъсис ёфт, то дар оянда мутахассисони варзидаи мусиқии касбиро тайёр бикунад.
Рӯзҳои Шашмақом (12 май) ва Фалак (10 октябр) маҳз бо пешниҳоди Сарвари давлат эълон шуд. Ин сабаби рушду тавсеаи Шашмақом ва Фалак дар кишвар гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» низ бо пешниҳоду дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чандин сол боз баргузор мегардад, маҳз ба хотири рушди мусиқии миллӣ ва касбӣ мебошад. Барои баргузории он ҳамасола маблағҳои калон ҷудо мекунанд.
Сарвари давлат зимни сафарҳои корӣ ва  мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат нафарони соҳибистеъдодро ба пойтахти кишвар барои омӯзишу фаъолият меоранд.
Барои таҳсил дар кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ соҳибистеъдодонро дастгирӣ менамоянд ва пайваста таъкид мекунанд, ки ба соҳибистеъдодон ғамхорӣ зоҳир бисозанд.
Ҳар мутахассис, дӯстдори ин Ватану сарзамини аҷдодӣ бо чунин Пешвои муаззами миллат ифтихор менамояд ва ба рушди бештари соҳа бо дилпурӣ умед мебандад.
 
Холаҳмади МАҶИД,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,
узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2021    №: 183    Мутолиа карданд: 942
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед