иҷтимоиёт
РОҲ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН
Таҷрибаи мазкур нишон медиҳад, ки дурбинии хирадмандона, қобилияти дарки воқеият, банақшагирӣ ва пешбинии сиёсии Роҳбари давлат муваффақияти идоракунии пайгиронаро таъмин намуда, дуруст муайян намудани афзалиятҳо дар ҳалли мушкилиҳои ҷомеа таъсири калидӣ расонида истодаанд. Дар робита ба ин, метавон якчанд стратегияҳои комилан навро, ки дар раванди давлатсозии муосири мо истифода шудаанд, номбар намуд. Инҳо:
- стратегияи баровардани кишвар аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки асоси онро таҳаммулпазирии сиёсӣ, созиш ва гузашт ташкил дод;
- стратегияи ташаккули ғояи ифтихори миллӣ тавассути тарғиби андешаи миллӣ, таҳкими ҳамгироии иҷтимоӣ, умумияти ғоявӣ, сарнавишти таърихӣ ва шинохти асли хеш, ки дар ҷодаи таҳкими давлати миллӣ аҳамияти бағоят саривақтӣ дорад;
- ташаккули низоми татбиқи бомароми маҷмуи ҳадафҳои стратегӣ, ки баҳри рушди устувори иқтисодию иҷтимоии давлат аҳамияти хос доранд;
- таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди босуръати саноатӣ;
- стратегияи фаъолият дар самти эмин нигоҳ доштани арзишҳои иҷтимоии умумипазируфта аз омезиш бо меъёрҳои таҳрифшудаи динию мазҳабӣ ва миллии бегона, ки таҳти таъсири беруна ба миллати мо бор шудаанд;
- стратегияи сиёсати муваффақи хориҷӣ дар мисоли сиёсати «дарҳои кушода», ки бидуни он устуворӣ ва рушди давлатдории миллӣ номумкин буда, ҳеч як давлат наметавонад дар танҳоӣ ва алоҳидагӣ, бидуни робитаҳои неки ҳамҷаворӣ вуҷуд дошта бошад.
Принсипи таъминоти ҳуқуқии фаъолиятҳо дар давлатдорӣ имконият дод, ки тамоми шакли фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ тавассути қонунҳо танзим ва ҳифз карда шаванд. Қонуният, волоияти қонун ва таъмини риояи он аз ҷониби ҳамагон кафолати устувории тамоми муносибатҳои ҷамъиятиро медиҳад.
Майл ва иродаи қавӣ ба ташкил ва гузарондани ислоҳот дар низоми давлатдорӣ ва идоракунӣ яке аз фазилатҳои барҷастаи Пешвои миллат мебошанд.
Муносибати хосса ба ҳар як раванди сиёсӣ, истифодаи усули махсус дар ҳалли ҳар як мушкилоту муаммоҳои дар ҷомеа пайдошаванда, арзёбии саривақтӣ ва баҳодиҳии воқеӣ ба натиҷаҳои бадастомада, огаҳии комил аз вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва даҳҳо дигар хусусиятҳоеро метавон номбар намуд, ки ба ташаккули санъати идоракунӣ дар мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат замина гузоштаанд. Дар натиҷа, ҷомеа ба қудратмандии неруи ниҳоди сарварӣ эътимод пайдо намуд. Ин эътимод асоси эътирофи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати лидери умумимиллӣ гашт.
ХИДИРЗОДА МАХФИРАТ УМАР,
доктори илмҳои фалсафа,
профессор, узви КМИР ҶТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.09.2021 №: 183 Мутолиа карданд: 745