иҷтимоиёт
АЗ СИДҚ ТО САДОҚАТ. БАРДОШТ АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ
Имрӯзҳо аз чор самти кишвар мусиқии сулҳу дӯстӣ садо медиҳад: аз кӯчаву бозор, хонаю корхона ва, умуман, саросари кишвари маҳбубамон. Мардум бо лаби пурханда якдигарро бо ин бахти баланди миллат шодбош мегӯянд. Чорабиниҳои тантанавиро бахшида ба ин муборакҷашн хурду бузурги кишвар гарм истиқбол менамоянд. Дар ҳама ҷо, бахусус Душанбешаҳр, шиори миллии «Тоҷикистон, ба пеш!» ҳамовозӣ пайдо намудааст. Хушбахтона, ин иқбол маро насиб гашт, ки дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва роҳпаймоии осоишта дар Кохи Борбаду майдони «Озодӣ» ширкат варзам ва шоҳиди сурури беохири халқи азизам гардам.
Суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири дастоварду пешрафти мамлакати азизамон тули 30 соли соҳибистиқлолӣ буданд, як бори дигар дирӯзу имрӯзи Ватанро пеши рӯ оварданд: гузаштаи пурдаҳшату имрӯзи фараҳоварро. Рӯзҳои рафтаеро, ки ба ёд оварданаш хотираи ҳамагон, бахусус онҳоеро, ки шоҳиди он давраи мудҳишанд, мехарошад. Чуноне Сарвари давлат таъкид доштанд: «Дар зарфи 30 соли сипаришуда барои расидан ба ин лаҳзаҳои пурнишот мо ҳама якҷо таҳдиду хатарҳои зиёд ва мушкилоти ниҳоят сахту сангинро паси сар кардем. Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан дар солҳои аввали истиқлол сипарӣ намуд, як масири пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд».
Бале, чи рӯзҳои вазнине паси сар шуданд, чи падароне қурбони тири дайду гаштанду синаи модарон чок шуданд ва чи кӯдаконе дар ятимӣ ба воя расиданд. Вале шукр, ки азми гирою иродаи қавии Пешвои миллат девори монеаҳоро шикаставу қалъае баҳри пуштибонии халқ гашт. Мазраи умеди мардум бор овардаву тақсими 75 ҳазор гектар «замини президентӣ» аҳолиро аз навбатпоии нон раҳоӣ бахшид. Биноҳои хароб дубора обод гаштанд. Зеботар аз қабл. Синаи санг шикофтаву роҳ бунёд карданд. Девдара бо иродаи рустамонаи Ҷаноби Олӣ ба Гулдара табдил ёфт, ки, ҳатто, дар борвари мутахассисон намеғунҷид. Ҳоло ҳам корҳои созандагӣ дар авҷанду пиру барнои диёр дар ин раванд саҳмгузор. Ин ҳам ба унвони оғози марҳилаи созандагӣ ёд мешавад ва ба гуфтаи Президенти маҳбубамон: «Мо ҳоло мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб дорем ва бояд кӯшиш кунем, ки онҳоро бартараф сохта, зиндагии мардумамонро боз ҳам беҳтар намоем. Зеро халқи Тоҷикистон ба зиндагии боз ҳам шоиста ва рӯзгори аз имрӯза беҳтар ҳуқуқи маънавӣ дорад».
Ин нукта низ боиси таъкид аст, ки Сарвари давлат бо зикри дастовардҳои сисола бо камоли ифтихор баён доштанд: «… ҳар дастоварде, ки дорем, аз худи мост».
Воқеан, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ мардуми парешонгашта ҷамъ омадаву бо роҳнамоии Сарвари некманишаш тақдирашро ба дасти хеш бинвишт, ки болотар аз ин неъмат чизе нест. Халқи шарифи кишвар аз як гиребон сар бароварда, баҳри сарсабзии Ватан кӯшид, ки имрӯз Тоҷикистоне зеби дунё дорем.
Пойдории Истиқлолияти давлатӣ, барҳақ, самараи талошу ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат аст, ки шаҳдаш коми миллатро ширин карда. Аз ин рӯ, халқ фарзанди ғаюрашро қаҳрамони хеш медонад, вале бузургии мард ин ҷост, ки мегӯяд:
«Халқи бузургу қаҳрамони ман! Ман аз хурду бузурги ту аз замин то осмон миннатдорам ва дар назди бузургиву шаҳомат, талошу матонат, ғайрату ҳиммат ва заҳмати содиқонаву софдилонаи ҳар як фарди ту сари таъзим фуруд меорам!».
Ин таъзим муҳаббат ба халқ, ишқи Ватан, садоқати мард аст. Ҳамон роҳи бепоёнест, ки номаш ватандорист. Кӯдакон дар самои озодаш арғушт мераванду сокинон чун ибрози меҳр акси Пешво дар даст роҳ мепаймоянд. Ин ҳамон роҳи дурустест, ки Тоҷикистонро шуҳраи олам кард ва имрӯз ба ифтихори Ҷашни Истиқлоли давлатӣ Парчами Тоҷикистон аз бурҷи баландтарини Малайзия, биноҳои баландошёнаи Анкара ва Абу-Забӣ нурафшонӣ мекунад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.09.2021 №: 183 Мутолиа карданд: 1961