logo

иҷтимоиёт

Н У Р О Б О Д. КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ноҳияи Нуробод дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад. Бо дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат бахусус маркази маъмурии ноҳия – шаҳраки Дарбанд ба макони зебову дилнишин табдил ёфтааст. Ин дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми сарбаланди ноҳияро водор менамоянд, ки баҳри пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саъю кӯшиши дучанд ба харҷ диҳанд.  
 
216 ИНШООТ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин диёри зархез   бунёду навсозии 248 иншоот ба нақша гирифта  шуда, дар ин муддат 216-тояш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
Зикр гардид, ки айни замон корҳои сохтмонӣ ва таҷдиду тармими 32 иншооти боқимонда, аз ҷумла боғи фарҳангию фароғатӣ, роҳи марказии шаҳраки Дарбанд, бинои КИ ҲХДТ дар ноҳия, бинои корхонаи парандапарварӣ дар деҳаи Сариқош мактаби асосӣ дар деҳаи Обигармӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№ 26, 63 ва дигар иншооти таъйиноти гуногун, идома дошта, то охири сол ба истифода дода мешаванд. 
 
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД
Боиси тазаккур аст, ки Нуробод ноҳияи аграрӣ буда, шуғли асосии мардум зироаткорист. Солҳои охир бо заҳмату талоши сокинони заҳматқарини ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ тамоили болоравӣ дорад. 
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 59  миллиону  670  ҳазору 700 сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  1  миллиону  487 ҳазору 800 сомонӣ зиёд мебошад.         
 
ФАРҲАНГ ТАҶАССУМГАРИ МИЛЛАТ 
Аз қадим гузаштагони мо дорои фарҳанги бой буданд ва аз худ мероси пурғановате боқӣ гузоштанд. Барои пойдор доштани фарҳангу таблиғи донистани таърихи миллати худ Сарвари давлат намунаи ибратанд. Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз туҳфаи навбатии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон –  шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба ҳар як хонаводаи ноҳия тақдим гардид, ки  он дар боз ҳам боло бурдани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҳар як фарди ҷомеа нақши муассир мегузорад.
Боиси ёдоварист, ки айни ҳол ноҳия дорои 5 хонаи фарҳанг, 4 клуб, 2 осорхонаи таърихӣ ва 24 китобхонаи оммавӣ  бо 57 977 нусха китоб буда, ба аҳолӣ хизмат  мерасонад.         
 
СОЛИМИИ ҲАР ЯКИ МО ДАР ДАСТИ ХУДИ МОСТ
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020 барои пешгирии  паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 дар ноҳия нақшаи чорабиниҳо оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таҳия шуда, ситоди ноҳиявӣ  фаъолияти бомаром  дорад. Бо ин мақсад, кормандони соҳаи тиб дар якҷоягӣ бо тамоми корхонаву идораҳои ноҳия ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳамаи шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриву суҳбатҳо гузаронда истодаанд. 
Бояд гуфт, ки барои ҳифзи саломатӣ дар ноҳия 42 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла беморхонаи марказӣ, муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, панҷ беморхонаи минтақавӣ, панҷ маркази саломатии деҳот, бисту нуҳ бунгоҳи саломатӣ ва маркази назорати давлатии санитарӣ - эпидемиологӣ, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2021    №: 183    Мутолиа карданд: 718
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед