сиёсат
Суҳбати телефонӣ
14 сентябр миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ сурат гирифт.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, низомиву техникӣ ва дигар ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷониба, баррасӣ шуданд.
Сарварони ду давлат, инчунин, масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд. Дар ин замина масоили нишастҳои сатҳи олии дарпешистодаи СААД ва СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.
Президентҳо оид ба вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон муфассал мубодилаи афкор намуда, ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳо дар масоили вобаста ба Афғонистон ва идомаи робитаҳо дар сатҳҳои гуногун ба мувофиқа расиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.09.2021 №: 184 Мутолиа карданд: 802