logo

иқтисод

ШАҲРИНАВ. ВАҚТЕ ДАСТУ ДИЛИ МАРДУМ ГАРМ АСТ...

Бахшида ба таҷлили сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав нақшаи чорабиниҳо таҳия ва дар ҳамин замина бо сохтмони иншооти таъиноти гуногун, таҷдиду азнавсозии роҳҳо, хурраму зебо гардондани кӯчаву хиёбон симои ноҳия ранги дигар мегирад. Мардуми сарбаланди ноҳия бо шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, оромию  осудагии кишвар бо дили гарм ва руҳияи баланди ватандӯстӣ нимсолаи аввали соли ҷориро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Дар робита ба ин масъала ва раванди корҳои ободонӣ бо Ҷаббор Носирзода, раиси ноҳияи Шаҳринав, суҳбате оростем, ки фишурдаи он манзур мегардад.
 
ҚАДАМҲОИ УСТУВОР  ДАР РОҲИ МУВАФФАҚИЯТ
Айни ҳол таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон, масъулони ширкатҳои сохтмонӣ, ташкилоту идораҳои дахлдор, ашхоси саховатпеша ва сокинони маҳаллӣ ба он равона гардидааст, ки дар муҳлати муайяншуда аз иҷрои нақшаи дурнамо ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона бароянд. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ  бо назардошти андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми 105 дарсад иҷро гардида, 19 миллиону 203 ҳазор сомонӣ ба он ворид шудааст, ки аз нақша 898 ҳазор сомонӣ зиёд аст. 
Тибқи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2021 - 2025» ноҳия то соли муқарраршуда дорои иншооти муосиру замонавӣ гардида, ба  маркази муҳими рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ бо ҳамаи шароити замонавии иҷтимоӣ, тиҷорат, савдову хизматрасониҳо, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои мардум  табдил хоҳад ёфт. Дар ноҳия тибқи барнома то соли 2025 дар бахшҳои иқтисодиёт 50 лоиҳа, иҷтимоиёт 110, инфрасохтор 27, ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи муҳити зист  3, дар маҷмуъ, 190 лоиҳа ба маблағи умумии 382,3 миллион сомонӣ, амалӣ хоҳад шуд. 
 
ИНШООТИ ТОЗАБУНЁД - ДАСТОВЕЗИ  ҶАШНӢ 
Таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар самти ободониву созандагӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои фаъолияти бонизом ва самарабахш иншооти наву замонавӣ қомат афрохта, сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ рӯз ба рӯз баланд гардад. Дар ноҳияи Шаҳринав низ бо мақсади дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ тибқи нақша бунёду ба истифода додани 445 иншоот дар назар аст. Таъсису бунёди коргоҳу корхонаҳои нав ба он мусоидат намуд, ки 1027 ҷойи кори доимӣ ва 1304 ҷойи кори мавсимӣ таъсис ёфта, қисми бекори аҳолӣ бо кор таъмин гардад. Заминаи дигари бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштани мардуми ноҳия ин таъсис ёфтани марказҳои хизматрасонӣ, чойхонаву ошхона, кошонаи ҳусн, мағозаҳо ва ғайра мебошад. 
Таъмиру таҷдиди роҳҳои ҳудуди ноҳия низ дар мадди назари масъулон қарор дорад.  Дар ин давра беш аз 1200  метри мураббаъ  болопӯши  роҳ таъмир, инчунин, аз ҷониби аҳолӣ ва соҳибкорон 1,05  километр роҳ мумфарш гардид.
 
КИШОВАРЗӢ 
ИСТЕҲСОЛОТ 132 ДАРСАД ИҶРО ШУД
Иқлими ноҳияи Шаҳринав, ки барои парвариши навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқ аст, ба рушди соҳа мусоидат намудааст. Кишоварзон бо ба даст овардани ҳосили фаровон дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти тару тоза дар ҳамаи фасли сол саҳми назаррас мегузоранд. Тариқи фаъолияти пурсамар ва истифодаи оқилонаи замин дар ин давра ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ  122 миллиону 553 ҳазор сомонӣ (132 дарсад)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 миллиону 848 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 
Таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва истифода аз усулҳои хуби парвариш дар ноҳия  ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваҳои шаҳдбору сабзавоти тару тоза, мусоидат намуд. Ин аст, ки ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ низ зиёд гардида, дар ин давра ба хориҷи кишвар 1564 тонна пиёз ва 273 тонна гелос содирот шуд. 
Кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда майдони боғу токзорро, махсусан боғҳое, ки меваҳои бозоргиру содиротӣ доранд, васеъ менамоянд. Ҳоло дар ноҳия 3390 гектар боғу токзор мавҷуд аст, ки 2194 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ 19 гектар боғу токзор барқарор карда шуд.  
 
РУШДИ СОҲАИ САНОАТ 
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни миллӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои ҷиддӣ роҳандозӣ гардида, рушди соҳаи саноат бо амалӣ шудани чорабиниҳо ба хотири истиқбол аз Истиқлоли давлатӣ ва афзудани теъдоди  коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ марҳила ба марҳила таъмин мешавад.   
Алҳол дар ноҳия 18 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, ки 3-тои он дар ҳамин давра ба фаъолият шуруъ намуд. Дар нимсолаи аввали соли равон корхонаҳои саноатӣ сарфи назар аз шакли моликияташон ба маблағи 18 миллиону 771 ҳазор сомонӣ  маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки  дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 409 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 131 дарсадро ташкил  медиҳад. Ин корхонаҳо номгӯйи гуногуни маҳсулот, аз қабили гӯшти мурғ, маҳсулоти ширӣ, шароб, қуму сангреза, хишти сементӣ ва пухта, сақфҳои ороишӣ,  маҳсулоти оҳанӣ, мебел, дар, равғани молидании техникӣ, истеҳсол менамоянд, ки дар баробари таъмини ниёзи сокинони маҳаллӣ, ҳамчунин, дар бозору мағозаҳои дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фурӯш бароварда мешаванд. 
 
МАОРИФ
Бо назардошти ин, дар пайравӣ ба корҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар дар ноҳияи Шаҳринав бо истифода аз имконоти мавҷуда ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоиди донишандӯзии хонандагон тадбирҳои муассир роҳандозӣ мегарданд. Маорифчиёни ноҳия бо дасту дили гарм ва  ҳисси баланди меҳандӯстӣ барои рушди соҳа, хусусан ҷиҳати ҳалли масъалаи норасоии ҷойи нишаст, бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва таъмири синфхонаҳои харобу фарсуда, заҳмати чашмрас анҷом доданд, ки қобили зикр аст. 
Дар се соли охир бо саҳми  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон, ашхоси эҳсонкор ва сокинони маҳаллӣ 9 муассисаи таълимии наву замонавӣ бо ғунҷоиши 3540 ҷойи нишаст дар ду баст ва се муассисаи томактабӣ барои 250 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт. Муассисаҳои навбунёд  ба талаботи замони муосир пурра ҷавобгӯ буда, дар онҳо тамоми имкониятҳои фарохи таҳсил барои таълиму тарбияи кӯдакон фароҳам мебошанд. 
 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидани солҳои 2020 - 2040 ба азхудкунии донишҳои замонавӣ, ташвиқ намудани наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, тақвият бахшидани қобилияти эҷодӣ ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудани онҳо ба фанҳои дақиқ такони ҷиддӣ бахшид. Бо мақсади амалӣ намудани эълони мазкур, хусусан ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои дақиқ, ба Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф 38 нафар омӯзгор аз муассисаҳои ноҳия  сафарбар гардиданд, зеро барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон нахуст худи омӯзгор бояд дорои саводи комил бошад, то дар ин пеша муваффақ гардад.        
Ҷараёни корҳои созандагӣ дар ҳудуди ноҳия тадриҷан ҳусни онро зеботару пурҳашамат гардондаанд, ки мардумро ба зиндагии ободу осоишта дилгармтар сохтааст. Дар баробари ин, барои амалисозии нақшаҳои дарпешбудаи соҳаҳо ва бартарафсозии монеаҳои рушд гурӯҳҳои махсуси корӣ ташкил ёфтаанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия талош дорад, ки иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дастовардҳои аз ин ҳам баландтарро комёб гардад.  Зеро  таъмини  зиндагии шоистаи сокинон, ободу зебо ва гул-гулшукуфон намудани Ватан ҳадафи ягонаи Ҳукумати кишвар аст. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.09.2021    №: 184    Мутолиа карданд: 2207
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед