иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
Расидан ба истиқлолият барои ҳар як миллату давлат дастоварди бузургест. Таҳти ин мафҳум истиқлолияти сиёсӣ ва дар доираи он ба дигарон тобеъ набудани мардум, миллат, давлат фаҳмида мешавад, ки неъмати беназиру беқиёс мебошад.
Дар ин масир маънои истиқлолияти иқтисодӣ имкони мустақилона идора кардани иқтисодиёти мамлакатро ифода мекунад. Яъне, миллату давлати соҳибистиқлол фаъолияти иқтисодии худро вобаста ба манфиатҳои милливу давлатӣ ба роҳ мемонад. Истиқлолияти иқтисодӣ дар сатҳи микроиқтисодиёт маънои озодии субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳибкорон дар интихоби шакли фаъолият, намуди моли истеҳсолшаванда ё хизматрасонӣ, муайян кардани нарх, бозорҳои хариду фурӯш ва ғайра мебошад.
Дар шароити Тоҷикистон чанд омиле вуҷуд дорад, ки рушди иқтисодиёти миллиро таъмин менамояд. Нахуст, истиқлолияти сиёсӣ, ки соли 1991 насиби мардуми Тоҷикистон гардид, дуюм, сиёсати оқилонаи иқтисодӣ, ки дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омад.
Маҳз соҳибистиқлолии кишвар имкон дод, ки самтҳои рушди иқтисодиёт вобаста ба манфиатҳои мардум дуруст муайян гардида, сатҳи баланди афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ таъмин шавад. Шуруъ аз соли 2000-ум ҳамасола иқтисодиёти кишвар ба ҳисоби миёна 7 дарсад афзуда, боиси болоравии сатҳи некуаҳволии мардум, ташкили коргоҳу корхонаҳои нав, ҷойҳои корӣ ва зиёд шудани даромадҳои пулии аҳолӣ гардид. Аз ҷумла, шумораи субъектҳои хоҷагидорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ аз 25178 адади соли 2001 дар соли 2021 ба зиёда аз 600 ҳазор расида, ҳиссаи онҳо дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то 70 ва ташаккули буҷети давлатӣ 78 дарсад расид. Буҷети давлатӣ дар ин давра аз 250 миллион сомонӣ то 26,7 миллиард сомонӣ ё зиёда аз 100 маротиба афзуд. Ин пешравиҳо дар навбати худ боиси бозёфти ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва бо эътибори баланд шинохта шудани он ҳамчун кишвари соҳибистиқлол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд. Ҳамзамон, истиқлоли иқтисодӣ ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатии мардум ва боло рафтани сатҳи некуаҳволӣ мусоидат намуда, боиси пайдо шудани имкони маблағгузории лоиҳаҳои дорои аҳамияти умумимиллидошта аз ҷониби давлат, пешбурди сиёсати мустақилонаи иқтисодӣ, танзими фаъолиятҳо дар ин самт вобаста ба тағйирот дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ, инчунин, ҳалли масъалаҳои дигар гардид.
Мо - мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро бо он дастовардҳои назаррасе пешвоз гирифтем, ки маҳз бо ташаббусҳои натиҷаовари Пешвои муаззами миллат дар заминаи истиқлоли иқтисодӣ ба даст омадаанд.
Шариф РАҲИМЗОДА,
директори Институти иқтисодиёт
ва демографияи АМИТ, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.09.2021 №: 184 Мутолиа карданд: 761