иҷтимоиёт
ВАХШ. САРИ БАЛАНДУ РӮЙИ СУРХИ МАРДУМ
Дар партави Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суботи комили сиёсиву иҷтимоӣ ноҳияи Вахши овозадор боз ҳам рушд кард, аз ҳама ҷиҳат ба хостаҳову ормонҳои сокинон мувофиқтар шуд. Ин ҳама дастовардҳои се даҳсолаи охири ноҳия, маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадаанд. Мо – сокинону роҳбарон, кӯшидем, ки он ҳама роҳнамоиҳои Сарвари ғамхори давлатамон дар маҳалҳо сари вақт ва бо сифати дилхоҳ иҷро шаванд, - иброз дошт Қурбон Қувватович Юсупов, раиси ноҳия.
ИҶРОИ БАРЗИЁДИ АНДОЗ
Натиҷаи ҳамин кӯшишҳост, ки меҳнаткашони ноҳия дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ тараққиёти аксар соҳаҳои хоҷагии халқро таъмин карданд. Чунончи, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104 дарсад таъмин гардида, ба ҷойи 29 миллиону 376 ҳазор сомонӣ ба буҷет 30 миллиону 680 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 1 миллиону 304 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
МУВАФФАҚИЯТҲОИ КИШОВАРЗОНУ ЧОРВОДОРОН
Кишоварзони ноҳия ба таври пурсамар заҳмат кашида, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ба 107 дарсад ё ин ки ба маблағи 641 миллиону 815 ҳазор сомонӣ расонданд. Ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 41 миллиону 912 ҳазор сомонӣ зиёд буда, дар соҳаи рустанипарварӣ 524 миллиону 181 ҳазор сомонӣ ва дар соҳаи чорводорӣ 117 миллиону 633 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимнан, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳолати 1 августи соли 2021 дар майдони 17 ҳазору 456 гектар зироатҳои гуногуни кишоварзӣ: гандум – 2 ҳазору 451 гектар, ҷав 491, шолӣ 170, ҷуворимакка барои дон 230, пахта 8 ҳазору 449, офтобпараст 120, картошка 265, сабзавот 996, полизӣ 1 ҳазору 275, буттамева 120, зироатҳои хӯроки чорво 3 ҳазору 9 гектар кишт шуда, афзоиши истеҳсоли маҳсулот вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ мутаносибан ба ҳамин давраи соли гузашта аз 102,7 то 151,6 дарсадро ташкил медиҳад. Яъне, ғалладона ба 31701 тонна, картошка 12771, сабзавот 58672, полизӣ 37120, мева 2340, ангур 1125, гӯшт 3922 ва шир 11238 тонна расонда, 1 миллиону 595 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст.
Саршумори чорвои калон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 48 ҳазору 60 сар расид, моли майда 2 ҳазору 307 сар зиёд гардид. Паранда ба 9 ҳазору 280 сар афзуд, саршумори асп 2 ҳазору 530 сарро ташкил медиҳад.
АФЗОИШИ ГАРДИШИ МОЛ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ
Гардиши моли чакана дар бозори истеъмолӣ дар ҳамаи соҳаҳои савдо, асосан аз ҳисоби савдои чакана 84,5 миллион сомониро ташкил кард, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли рафта 25,9 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ низ ба маблағи 5,7 миллион сомонӣ афзуда, дар ҳафт моҳ ба 63,1 миллион сомонӣ расид. Маблағгузориҳо аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 33,2 миллион сомониро ташкил дода, дар маҷмуъ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 миллион сомонӣ зиёд аст.
Корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ ба маблағи 27,6 миллион сомонӣ иҷро шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 2,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ 37,7 километр роҳ сангфарш, 1,5 километр таъмири ҷорӣ, 8 километр асфалтпӯш шуд. Маблағҳои сарфшуда 8 миллиону 343 ҳазор сомониро ташкил доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 286 ҳазор сомонӣ зиёданд.
СОХТМОНҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Бо мақсади таҷлили шоиста аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш қаблан эъмори 209 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, бо дархост ва муроҷиатҳои иловагии шаҳрвандон ва соҳибкорон теъдоди онҳо 342 адад муқаррар гашт.
Аз шумораи иншооти ҷашнӣ соли 2018-ум 100 адад ба истифода дода шуд, аз он 55 адад иншооти нав буд, аз ин ҳисоб 267 ҷойи нави кори доимӣ таъсис ёфт. Соли 2019-ум 84 иншоот, аз ҷумла 72 иншооти нав, мавриди истифода қарор гирифт, 6-то таъмири асосӣ дид ва 6 адад дар таъмири ҷорӣ мебошад. Шумораи ҷойҳои нави корӣ дар ин давра ба 150 адад расид. Соли 2020-ум 71 иншоот, аз ҷумла 69 адад иншооти нав ба кор даромад ва 91 ҷойи нави кор омода гашт. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 45 иншоот бо таъсиси 50 ҷойи кор ба истифода дода шуд. Дар маҷмуъ, аз соли 2018 то кунун 300 иншоот қомат афрохт, ки ин 88 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
- Иншооти тозабунёд, асосан корхонаҳои саноатӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, қаннодӣ, майдони Парчами давлатӣ, Маҷмааи фарҳангии “Офтобак”, марказҳои хизматрасонии тиббии “Сино” ва “Руҳафзо”, сохтмон ва азнавсозии роҳу пулҳо, чароғонсозии кӯчаҳои марказӣ, бунёди мактабҳои нав, синфхонаҳо, муассисаҳои хусусии томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хидматрасонӣ, майдончаҳои муосири варзишӣ, китобхона, ошхона, кошонаи ҳусн, ҳаммом, пойгоҳи обкашӣ, сартарошхона, дорухона, толори варзишӣ, истгоҳ, нонво ва ҳоказо мебошанд, ки баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанашон мушкили мардумро аз ҳама ҷиҳат осон карданд, – гуфт Қурбон Юсупов, раиси ноҳияи Вахш.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.09.2021 №: 184 Мутолиа карданд: 721