сиёсат
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲАЙАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТАНД
15 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири мудофиа Сергей Шойгу ва муовини роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Козакро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот маҷмуи васеи масоили шарикии стратегии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла масоили нишастҳои сатҳи олии дарпешистодаи СААД ва СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо матраҳ карданд.
Дар вохурӣ ба ҳамаи ҷанбаҳои мубрами ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои низомӣ ва низомиву техникӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳангоми суҳбат вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи хосаи ҷонибҳо қарор гирифт. Дар зимн, оид ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифта, барои пешгирии таҳдиду хатарҳо идомаи робитаҳо дар сатҳҳои гуногун, ҳамчунин, таҳкими ҳимояи сарҳадот зарур шумурда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2021 №: 185 Мутолиа карданд: 783