сиёсат
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲОМИИ СУЛҲИ АФҒОНИСТОН
Дар айёме, ки барои кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шабу рӯзҳои ҳассосу ноором мегузарад, ҷавонмардиву ашрофзодагии Пешвои миллат ва бетараф набудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи кунунии ин кишвар ҷомеаи адолатмеҳвари ҷаҳонро боз ҳам ба худ ҷалб кард.
Аз сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Сарвари давлати мо алорағми хунрезиву раияткушӣ садо баланд кард, бунёди ҳукумати ҳамашумулро хост, риояи ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи қавмҳо, аз ҷумла миллати тоҷикро, ки 46 дарсади аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳад, пешниҳод намуд.
Як зумра манқуртони манфиатҷӯйи он кишвар, ки хатарашон аз хатари "Толибон" кам нестанд, ба чунин мавқеи Пешвои миллати мо назарҳои нодуруст баён карданд. Аммо назари каҷбини онҳо куҷову назари тафаккурмеҳвари як шахсияти ҷаҳонӣ куҷост.
Ба чунин шахсоне, ки ҳамеша обро гилолуд кардаву моҳӣ медоранд, посухи хуберо раиси Кунгураи миллии Афғонистон, шоир ва файласуф Латифи Пидром дод: «Раисҷумҳури Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавқее сухан гуфт, ки ҳар як сиёсатмадори боадолат аз чунин мавқеъ кор мегирад. Ва ҳар созмоне, ки воқеан, ҳадафаш ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон аст, аз ҳамин мавқеъ бархӯрдор аст. Вазъи имрӯзаи Афғонистон дарунзо нест, яъне аз хостаҳои дарунии мардум бурун наомадаст ва ин аст, ки дерпой нест. Мо пурра ҷонибдори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳастем».
Мо ба ин ҷиҳати масъала бештар аз ин намепардозем, танҳо ёдашон наравад, ки, инак, қариб сӣ сол боз Эмомалӣ Раҳмон ягона фарде шинохта мешавад, ки дар ҳамаи суханрониҳо, шуруъ аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, дар нишастҳои сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти Дастҷамъӣ ва дигар конфронсу форумҳои байналмилалӣ аз вазъи ноороми Афғонистон мегӯянд. Ҳатто дар рӯзҳое, ки Тоҷикистон ҷашну сур дорад, мардумаш аз ваҳдату истиқлол меболад, боз ҳам ҳушу ёди Сарвари кишвари мо ба Афғонистон банд аст ва дар яке аз бахшҳои суханронӣ ҳатман аз мардуми ҳамхуну ҳамҷавори мо ёд оварда, роҳҳои бурунрафт аз бунбастро нишон медиҳанд.
Дар вазъи феълӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд кори муҳимро анҷом доданд, ки ба дили мардуми афғон, бавижа тоҷикони он сӯйи Ому, қуввату неру афзуд. Яке аз ин корҳо равшан кардани мавқеи сиёсӣ буд, зеро давоми се даҳаи охир Тоҷикистон бо роҳбарии Президенташ маркази ҳалли масъалаҳои Афғонистон, даричаи бозе барои сулҳи ин мамлакат ва институти асосии афғонистоншиносӣ гардидааст. Аз ин хотир, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳақ доранд дар ин раванд мавқеи худро равшан кунанд.
Сарвари давлат дар изҳороти бисёр муҳиму саривақтии худ дар вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ гуфтанд:
1. Бунёди ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи қавму миллатҳои муқими он кишвар, аз он ҷумла тоҷикон, ки зиёда аз 46 дарсадро ташкил медиҳанд;
2. Тоҷикон бояд дар ҳукумати ояндаи Афғонистон мақоми сазовор ва муносиби худро гиранд;
3. Сохтори давлати оянда дар Афғонистон аз роҳи раъйдиҳӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми сокинони он муайян шавад;
4. Тоҷикистон ҳеч як ҳукуматеро, ки аз роҳи зулм, таъқиб ва бидуни ба эътибор гирифтани мавқеи тамоми қавму миллиятҳои Афғонистон ташкил дода мешавад, эътироф нахоҳад кард;
5. Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамояд, ки барои таъмини сулҳ ва оромӣ дар Афғонистон ба таври фаврӣ чораҳо андешад ва аз роҳи музокирот барои ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсӣ ва амниятӣ дар ин кишвар мусоидат намояд. Дар акси ҳол бетарафии ҷомеаи байналмилалӣ ба вазъи мураккаби Афғонистон ба оғози ҷанги шаҳрвандии тулонӣ хоҳад овард.
Ин панҷ нуктаи муҳими изҳорот як навъ пешниҳоди одилонаи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба танзими вазъи Афғонистон аст. Дар баробари ин, бори дигар муҳри тасдиқ зада мешавад, ки Тоҷикистон ва Президенти он ҳеч як ҳукуматеро, ки аз роҳи зулм, таъқиб ва бидуни ба эътибор гирифтани мавқеи тамоми қавму миллиятҳои Афғонистон ташкил дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.
Чунин муносибат ғайриинтизор тарафҳои даргир, олами сиёсати манфиатборро дар ҳайрат гузошт. Ин ба он маънист, ки вазъ ҳарчанд номусоиду муташанниҷ аст, аммо фарзанди бошарафи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аз аҳду паймони қадимӣ барнамегарданд ва то замоне зиндаанд, барои осудагии тоҷикони он сӯйи Ому садо баланд мекунанд.
Ҷанбаи дигари масъала муроҷиати аксари сарварони кишварҳои дунё, сиёсатмадорону масъулони ниҳоду созмонҳои гуногун ба Тоҷикистон ва Роҳбари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров низ дар як ҷаласаи онлайнӣ 2 сентябр чунин изҳор дошт: «Россия барои дахолат ва миёнаравӣ байни «Толибон» ва дигар гурӯҳҳои сиёсӣ нақшае рӯйи даст надорад. Дар ин маврид ҳаққи бештарро тоҷикони Афғонистон ва аз шарикамон Тоҷикистон доранд» (ТАСС).
Чанде пеш Президенти Фаронса Макрон низ Пешвои миллати моро расман ба Париж хонд. Яке аз сабабҳои даъвати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам баррасии масъалаи Афғонистон аст, ки зикр мешавад.
3 сентябр дар Ню-Йорк бо даъвати намояндагиҳои доимии Канада ва Британияи Кабир дар Созмони Милали Муттаҳид намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар гуфтугӯйи интерактивӣ доир ба вазъ Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Гуфтугӯйи мазкур бо тамаркуз ба пайомадҳои вазъи баамаломада ба занону духтарон ва ақаллияти миллии он кишвар, назорати ҳуқуқи инсон ва чораҳои ҷавобӣ бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Канада ва Британияи Кабир дар СММ баргузор гардид.
Аз ин ҳама пайдост, ки барои ниҳодҳои гуногун мавқеи кишвари мо дар робита ба вазъи Афғонистон, бахусус зарурати созмон додани ҳукумати ҳамашумул бо дарназардошти манфиатҳои ақаллияти миллӣ, зарур мебошад.
Кори дувуме, ки дар амал сахт муассир аст, 2 сентябр ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои худ ду шахсияти номвари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва шодравон Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардонданд.
Ёдовар бояд шавем, ки 2 сентябр рӯзи мелоди Аҳмадшоҳи Масъуд буд, ки расо бист сол қабл аз ин дар ҳамин моҳ шаҳид гардид.
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ бо Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I» зикр мешавад, ки ин ду фарди таъсиргузори минтақа барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993 - 1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I қадр мешаванд.
Ин ибтикори таърихӣ бори дигар собит менамояд, ки тоҷикон дӯстони дар рӯзҳои вазнин дасти мадад расондаро фаромӯш намекунанд.
Салоҳуддин Раббонӣ, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон аз Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳдои орден ба падарашу Аҳмадшоҳ Масъуд ташаккур гуфта, дар саҳифаи фейсбукаш, аз ҷумла менависад: «Ҷалолатмаоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон тайи ду фармони ҷудогона, Нишони дараҷаи I Исмоили Сомонӣ, олитарин нишони давлатии Тоҷикистонро ба раҳбари ҷиҳоду муқовимати мардуми Афғонистон, раисҷумҳури пешин ва шаҳиди сулҳ пруфессур Бурҳонуддин Раббонӣ ва Қаҳрамони миллии кишвар, шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд эъто намудааст. Бобати қадршиносӣ ва такрими ҷойгоҳ ва эҳдои олитарин нишони давлатии ин кишвар ба Раҳбари шаҳид ва Қаҳрамони миллии кишвар амиқан сипосгузорӣ мекунам».
Бо ин ҳама баррасии мухтасар хулоса метавон кард, ки Сарвари кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пояндагии сулҳ дар Афғонистон ва минтақа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тоҷикони ҷаҳон дар талошу такопӯянд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2021 №: 185 Мутолиа карданд: 902