logo

иҷтимоиёт

ШУКРИ ДАВЛАТ, МИЛЛАТ ВА ПЕШВОИ МАҲБУБ

Шукр мегӯям, ки мо имрӯз соҳиби давлати тавонову муқтадирем.
Шукр мегӯям, ки зери осмони софу беғубораш зиндагиву кор мекунем.
Шукр мегӯям, ки Парчами он партавафшон аст.
Шукр мегӯям, ки онро чунон ки ҳаст, тавсиф менамоянд: биҳиштосо.
Шукр мегӯям, ки шоҳиди Ҷашни 30-солагии истиқлолаш гаштем.
Шукр мегӯям, ки меъмори ин давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эътироф кардаему мекунем ва ба ҳидояту раҳнамоияш моро ояндаи дурахшонтаре интизор мебошад. Наздики 30 сол пеш магар давлати мо ҳамин гуна давлати мутараққӣ, тавонову муқтадир буд? Посух мусбат набуд ва нест.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне зимоми давлатдорӣ ва роҳбарии мамлакатро ба уҳда гирифт, ки он дар оташи ҷанг месӯхт ва ояндааш равшан набуд. Дар он рӯзгори мудҳиш ҳамаи ниҳодҳои марказӣ ва маҳаллии давлатдорӣ пурра фалаҷ шуда буданд. Инчунин, низоми идоракунии давлатӣ вуҷуд надошт, яъне, барҳам хӯрда буд. Сарвари давлат мебоист ин рукни давлатдориро барқарор менамуд. Бешак, иҷрои ин амал осон набуд. Ҳатто дар тасаввур намеғунҷид. Ҳар кас дар фикри ҷони худ буд. Бархе аз тарс кишварро тарк карданд ва дар ин бунёд саҳм нагирифтанд. Ин як навъ имтиҳон маҳсуб мешуд. Дӯстдорону ҷонфидоёни давлату миллатро беҳтар муаррифӣ кард. Ҷойи тааҷҷубу таассуф он буд, ки аз дур, бо ин ки дар эъмору эҳёи давлат саҳм нагирифтанд, аз андохтани санги маломат хушҳол мешуданд. Инчунин, умед мебастанд, ки рӯзе бармегарданду соҳиби вазифаҳои баланду рутбаҳои олӣ мешаванд.
Бархе аз ин гурӯҳ умед мебастанд, ки дигар ҳеҷ гоҳ ин миллат ба сулҳу ваҳдат нахоҳад расид.
Баъдҳо диданду хоҳанд дид, ки давлату миллати мо бо сарварии Пешвои миллат ба чи дастовардҳои бузург ноил гардидаанду мегарданд. Пешрафту ободиву шукуфоияш ҷаҳонро ба тааҷҷуб оварду меоварад. Бешак, суол карданд, ки чӣ гуна як кишвари ҷангзадаи қафомондаро ин пирӯзиҳо насиб шуд? Посух, албатта, як аст - бо саъю талош, хиради азалӣ, заҳмати шабонарӯзӣ, адолатпарварӣ, далериву ҷасорати томи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
 
ИДРИСЗОДА Балаҷон Алиҷон,
судяи суди ноҳияи Шаҳринав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2021    №: 185    Мутолиа карданд: 705
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед