logo

иқтисод

ҶАНГАЛ. ТАЪРИХИ ЯК ХОҶАГИИ ОВОЗАДОР ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Бо мақсади ҳифзу нигоҳдории ҷангал ва барқарорсозии он тибқи фармони Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1956 Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара» таъсис ёфт.  Агар солҳои аввали ташкилёбӣ масоҳаташ 42 ҳазору 207 гектарро ташкил медод, пас бо заҳмати кормандони хоҷагии ҷангал ва ёрии олимони Пажӯҳишгоҳи набототи Академияи илмҳо Алексей Қарақулов, Иван Бориспол ва Усмон Холдоров соли 1970 майдони он, , ба 85 ҳазор гектар расид. 
Қобили зикр аст, дар натиҷаи меҳнати софдилонаву шабонарӯзӣ хоҷагии ҷангал аз ҳисоби маҳсулоти писта ҳамасола даромади зиёд мегирифт. Чун хоҷагӣ муассисаи худмаблағгузор буд, туфайли даромади бадастомада дар ҳудудаш чорводорӣ, асппарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва фермаи кабкпарварӣ ташкил ёфт. 
Ҳамон солҳо хоҷагиро шахси меҳнатқарину пуртаҷриба Ғаюр Сафаров роҳбарӣ мекард ва таҳти раҳнамоиву ҳидоятҳои ӯ сол ба сол обрӯйи муассиса дар ҷумҳурӣ боло мерафт ва ба яке аз хоҷагиҳои калони номдору овозадори кишвар табдил ёфт. Соли 1970 дар хоҷагӣ зиёда аз 390  сар чорвои шохдори калон, 400 сар аспу моли майда, 1100 оилаи занбӯри асал парвариш меёфтанд. Ҳамон сол ба давлат 170 тонна гӯшт, 1100 тонна алафу беда, ба миқдори зиёд гиёҳҳои шифобахш, садҳо метри мукааб ҳезум тайёр карда, ба давлат супурданд. 
Соли 1971 ҳаво хеле мусоид омад ва кишоварзон дар мавсим зиёда аз 105 тонна пистаи хушсифат ҷамъ оварданд, ки дар ҷумҳурӣ натиҷаи рекордӣ ба ҳисоб мерафт. Барои ин натиҷаи шоёни меҳнатӣ, хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара ба гирифтани Байрақи Сурхи сайёри Кумитаи Марказии КПСС, Совети Вазирони СССР ва Иттифоқҳои касабаи СССР мушарраф гашт. 
Хоҷагӣ аз ҳисоби даромади бадастомада стансияи илмӣ-тадқиқотии ҷангалпарварӣ, идораи хоҷагӣ, дар деҳаҳои Пуштигач, Навобод, Қарабодом ва Сангтӯда барои коргарон хонаҳои истиқоматӣ ва фермаҳои чорводорӣ ба истифода дод. Ҳамзамон, соли 1972 зиёда аз 120 оиларо аз деҳаҳои хурди ноҳия, ки қувваи барқу мактаб надоштанд, ба мавзеъҳои Пасигач, Навобод ва Қарабодом кӯчонда, барои онҳо манзили зист бунёд намуданд. 
Соли 1976 хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара боз ҳосили бесобиқаи писта (110 тонна) ҷамъ овард. Дар баробари ин, меҳнаткашон 120 тонна гӯшт, 79 тонна пиёзи анзур ва 30 тонна асал истеҳсол карда ба давлат супурданд. Бо назардошти ин комёбиҳо, бо фармони роҳбарияти олии Иттиҳоди Шуравӣ директори хоҷагии ҷангал Ғаюр Сафаров бо ордени Револютсияи Октябр сарфароз гардид. 
Мутаассифона, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ хоҷагӣ рӯ ба таназзул ниҳод. Танҳо баъди пойдор шудани сулҳу салоҳ, кормандони муассиса бо дастгирии Ҳукумати кишвар тавонистанд, ки рушди минбаъдаи онро таъмин созанд. Инчунин, бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои барқарорсозӣ, ниҳолшинонӣ, чорводорӣ ва асалпарварӣ ба роҳ монда шуд, ки ҳоло пешравиҳо дар ин самт ба чашм мерасанд. 
Тавре директори муассиса Худоназар Раҳимзода ба хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ҳудуди хоҷагии ҷангали ноҳия 62 ҳазору 861 гектарро ташкил медиҳад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва талу теппаҳо дарахтони гуногун, аз қабили писта, дӯлона, бодом, хуч, олуча, себ, анҷир, зардолу, арча, бед, тут ва гиёҳҳои шифобахш ба монанди, чойкаҳак, сипанд, тахач, ҷамлак, чоқула ва кокутӣ, мерӯянд. Дар маҷмуъ, заҳматкашон ҳар сол зиёда аз 30 намуди гиёҳҳои шифобахш ҷамъ меоваранд. Имсол хоҷагӣ аз ин ҳисоб зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ даромад гирифт.
Бояд гуфт, ки даромади асосии хоҷагӣ аз ҳисоби писта  мебошад, ки майдони он 13 ҳазору 600 гектарро дар бар мегирад. Бо кумаку дастгириҳои Ҳукумати кишвар соли 2007 кормандони он 32 тонна ҳосил рӯёнданд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ натиҷаи беҳтарин аст. Мутаассифона, дар ду соли охир бо сабабҳои номусоид омадани обу ҳаво, истеҳсоли писта дар хоҷагӣ якбора коҳиш ёфт. 
Имрӯзҳо кормандони хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара мақсад доранд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ҷангал бамаротиб зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозорҳои истеъмолӣ саҳми муносиби худро гузоранд.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2021    №: 185    Мутолиа карданд: 2292
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед