logo

номаҳо

ШУКРОНА МЕКУНЕМ

 
Шукрона аз он мекунем, ки офтоби сулҳу салоҳу амонӣ дар осмони кишвари азизамон партавафшониву нурафшонӣ мекунад. Ҳамаи ин бо баракат ва саъю талоши шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи бонангу номуси кишварамон ба даст омадааст. 
Чун анъана, ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаҳои олии кишвар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Ҷаноби Олӣ баргузор мегардад. Бо омадани ин санаи муборак Президенти муҳтарам оғози соли нави таҳсилро ба тамоми сокинони Ватани азизамон табрику таҳният мегӯянду дар оғози Дарси сулҳ  пурарзиш будани неъмати сулҳ ва ба ҷо овардани шукронаи онро ба ҳамаи сокинони кишвар хотиррасон менамоянд. 
Дар суханронӣ бештар Президенти кишвар аҳамият доштани илму дониш барои рушди маънавиёти инсон ва инкишофи давлату миллат суҳбат намуда, масъалагузориҳои илмиву оммавӣ карда, моро ба сӯи донишу маърифат ва сулҳу ваҳдат роҳнамоӣ мекунанд.
Бо ҳамин мақсадҳои неку арзишманд солҳои 2020-2040 ҳамчун Солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардид, ки тавассути он тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, андешаронии техникии насли ҷавонро мустаҳкам гардонанд. 
Пешвои миллат саъю талоши шабонарӯзӣ менамоянд, ки  ҳеҷ фарзанди  тоҷик аз илму дониш бенасиб нагардад. Бо ҳамин ҳадафи олӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар имрӯз муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосир бунёд гардиданд, ки шаҳодат аз арҷгузорӣ ба донишу донишомӯзии миллати сулҳдӯсту сулҳҷӯи мо медиҳад. 
Хулоса, мо бояд шукрона аз он намоем, ки чунин Ватани маҳбуб дорем, миллаташ раҳбареро ба худ ихтиёр намудааст, ки  хирадманду дӯстдори илм буда, ҳамеша мехоҳанд ояндаи  мардуму миллат дар зери партави озодӣ, оромӣ ва ободӣ  дурахшону сарбаланд бошад.   
 
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии  
Институти Осиё ва Аврупои  АМИТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2021    №: 185    Мутолиа карданд: 6490
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед