logo

иҷтимоиёт

АБУБАКР МУРОДОВ. МУШТЗАНИ ҶАВОНЕ, КИ МЕТАВОНАД ИФТИХОРИ ВАТАН ГАРДАД

 
Тавре қаблан хабар дода будем, варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон (17 – 31 август, Дубай АМА) 15 медал (нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтанд. Яке аз медалҳои биринҷиро ба хазинаи варзишии кишвар боксёри ҷавону умедбахш Абубакр Муродов (дар вазни 57 киллограмм) ворид намуд. Ба ин муносибат суҳбате доштем бо ҷоизадори Чемпионати қора.
Абубакр дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар даври аввал озод буд ва муҳорибаро аз даври дуюм оғоз намуд. Ӯ муқобили муштзани бомаҳорати Ҳиндустон Виҷай Синг ба ринг баромада, ӯро мағлуб намуд. Ҳамин тавр, боксёри ҷавони тоҷик ба нимфинал роҳ ёфт. Мутаассифона, дар ин марҳила аз  Абдигали Абдикерим (Қазоқистон), ки чемпиони Осиё гардид, шикаст хӯрд. Ва соҳиби медали биринҷиву 1500 доллари ИМА гашт.  
Ҳамсуҳбати мо набарди нимниҳоиро чунин шарҳ дод: «Дар се раунд мо баробар ҳарб доштем: ҳам дар ҳуҷум ва ҳам дар ҳимоя. Тамоми кӯшиши худро барои баромадан ба финал сарф кардам, вале бо қарори доварон ғалаба насиби боксёри қазоқ гардид». 
Бояд гуфт, ки Абубакр Муродов финалисти Чемпионати Осиё миёни наврасон (10 – 17 октябри соли 2019, Фуҷайра, АМА) мебошад. Ӯ дар ин мусобиқот ба хазинаи варзишии кишвар медали нуқра ворид намуд. Барои ин дастовард сазовори Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2019 гардид. Ва бо мукофоти молиявӣ дар ҳаҷми 12500 сомонӣ қадр шуд. 
- Воқеан, барои ҳар нафар новобаста аз касбу кор хушоянд аст, ки заҳматҳояш қадр мешаванд. Барои ман бисёр ғайри интизор буд Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин бори дигар маро таккон дод то дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бештар ширкат намуда, парчамбардори кишвар бошам. Бояд махсусан зикр намоям, ки Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари аз нигоҳи молиявӣ дастгирӣ кардани варзишгарон, инчунин, ҳар варзишгарро таҳрик медиҳад то дар оянда ба дастоварҳои шоиста шарафёб гардад, - иброз дошт Абубакр.
Қаҳрамони матлаби мо тайи чор сол мешавад, ки дар кишвар яккатозӣ мекунад, яъне чоркарата қаҳрамони Тоҷикистон дар солҳои 2018, 2019, 2020 ва 2021 мебошад. Дар баробари ин, дар минтақа ӯ миёни боксёри наврас ва ҷавон яке аз чеҳраҳои ошно ба ҳисоб меравад. Зеро давоми чор  соли охир  ӯ дар як қатор мусобиқоти байналмилалӣ ғолибият ба даст овардааст. Ҳамчунин, дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Узбекистон унвони беҳтарин боксёрро соҳиб шудааст. 
Абубакр Муродов дар оила яккаписар мебошад. Ӯ як апаву як хоҳар дорад. Аз 8-солагӣ ба бокс машғул буда, тамринро дар мактаби варзишии № 3-и шаҳри Кӯлоб зери роҳабрии мураббиҳо Комил Холиқов ва Собир Файзуллоев оғоз намудааст. Бешубҳа, барои ба камол расондани варзишгари ҳирфаӣ мураббӣ нақши бориз дорад. 
- Пеш аз ҳама миннадории худро ба мураббиҳоям мерасонам. Ба чи дастоварде, ки шарафёб гардидам, маҳз заҳмату талошҳои устодонам буданд. Дар ҳама лаҳзаҳо онҳо дар канорам буданд. Дар баробари тамринҳои ҳаррӯза, устодонам – Комил Холиқов ва Собир Файзуллоев аз нигоҳи равонӣ маро ба мусобиқаҳо омода ва дастгирӣ мекарданд. Агар ҳолати равонии варзишгар, аз ҷумла муштзанҳо хуб бошад, метавон муқобили дилхоҳ ҳариф набарди арзанда нишон дод, - илова намуд Абубакр Муродов. 
Миёни боксёрони ҷаҳон идеали Абубакр муштзани маъруфи филиппинӣ Мэнни Пакяо мебошад. Чаро маҳз ӯ? Ба ин суол Абубакр чунин ҷавоб дод: «Ҳарчанд Мэнни қади на онқадар баланд дошта бошад ҳам (166 см), ба қавле мисли бод тезсуръат асту мисли паланг чолок. Ӯ истеъдоди Худодод дорад. Аввалин унвони қаҳрамони ҷаҳонро Пакяо дар синни 19-солагӣ соҳиб шуда, дар 8 вазн ғолибият насибаш гаштааст. Муҳрибаи охираш бо Юрденис Угас (Куба) моҳи августи соли ҷорӣ буд. Новобаста аз он ки дар синни 42-солагӣ ба ринг баромад, муқобили рақибаш 12-раунд арзанда рақобат намуда, бо қарори доварон мағлуб гардид. Дар баробари боксёри машҳур буданаш, инчунин, инсони хоксор ва хайрхоҳ мебошад. Мэнни дар зодгоҳаш – музофоти Танго барои эҳтиёҷмандон манзили истиқоматӣ сохта, барои пешгирӣ аз оворагардии ҷавонон майдончаҳои варзиш, боғҳои истироҳатӣ ва марказҳои гуногун бунёд кард. Бо ҳамин хислатҳояш дар Филиппин ва ҷаҳон мавриди эҳтироми умум қарор гирифтааст».
Ҳоло қаҳрамони мо донишҷӯйи курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад. Ӯ мегӯяд, ки дар баробари таҳсил пайваста дар машғулиятҳо иштирок мекунад. Аз ҷониби донишгоҳ низ, ки муаррифгарӣ он мебошад, дастгирӣ меёбад.
- Орзуи ҳар варзишгар қаҳрамон шудан дар Чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ мебошад. Тамоми кӯшишу маҳорати худро барои соҳиб шудан ба дастовардҳои назаррас сарф хоҳам кард, то Парчами Тоҷикистон доимо парафшон ва Суруди миллии кишвар дар бузургтарин мусобиқоти ҷаҳонӣ садо диҳад. Зеро ҳар як ғалабаи варзишгарони мамлакат эътибор ва нуфузи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад, - бо ниятҳои нек иброз дошт Абубакр.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,  
«Ҷумҳурият»    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2021    №: 185    Мутолиа карданд: 751
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед