иҷтимоиёт
НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ ва дар ин замина бо нишондиҳандаҳои назаррас истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли сокинони ноҳияи Деваштич, аз ҷумла соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва хизматрасонӣ камари ҳиммат баста, натиҷаи чашмрас нишон доданд.
Дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ба номи профессор Исматулло Юлдошеви деҳаи Зарнисори ноҳия 5 синфхонаи иловагӣ барои 120 хонанда мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ифтитоҳи синфхонаҳо намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич - раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иштирок намуданд.
- Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бунёди иншооти таъйиноти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳия бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша ва тариқи ҳашар авҷи тоза касб намуда, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат кард, - гуфт раиси ноҳия.
Маблағи умумии синфхонаҳои иловагӣ 786 ҳазор сомониро ташкил дода, ин амали нек аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Туйчӣ Абдуллоев, Зуҳуриддин Ҷамолов, Ойбек Отаҷонов, Нуриддин Алимов ва шахсони саҳоватпеша рӯйи даст гирифта шуд. Дар корҳои сохтмонӣ устоҳои махаллӣ фаъолият карданд.
Итминон дорем, ки синфхонаҳои иловагӣ ба беҳтар гардидани шароити таҳсил ва сатҳу сифати донишандӯзӣ мусоидат менамояд.
Барои иштироки фаъолона ба соҳибкорон, омӯзгорони муассиса ва устоҳои маҳаллӣ сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.
Маратҷон ҶАББОРОВ,
ноҳияи Деваштич
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2021 №: 185 Мутолиа карданд: 863