сиёсат
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ
16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва рафти иҷрои созишномаҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баимзорасида баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба саҳми шахсии муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рушди муносибатҳои шарикии стратегии мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд доданд.
Ҷонибҳо аз рушди бемайлон ва густариши маҷмуи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти дуҷониба маҳсуб ёфта, сарварони давлатҳо фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории форуми байниминтақавии сармоягузориро дар Тоҷикистон таъкид доштанд.
Зимни баррасии масъалаҳои амниятии минтақавӣ вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон низ муҳокима гардид.
Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули судманди афкор сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.09.2021 №: 186 Мутолиа карданд: 761