мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ГУРБОНГУЛИ БЕРДИМУҲАММАДОВ
17 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат меварзад, мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои мо хизмат хоҳанд кард.
Ҷонибҳо, инчунин, масъалаи рушду густариши робитаҳоро дар соҳаҳои ояндадори саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, истифодаи бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкориҳоро дар бахши фарҳангию гуманитарӣ матраҳ намуданд.
Зимни баррасии масоили амниятии минтақавӣ ба вазъи сиёсию низомии Афғонистони ҳамсоя дахл гардид. Сарварони ду давлат хостори ҳар чи зудтар ва бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи ин кишвари ҷангзада шуданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, вобаста ба дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа табодули афкор сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.09.2021 №: 187 Мутолиа карданд: 4679