мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ САРВАРОНИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СҲШ ВА СААД ДАР МАВЗУИ АФҒОНИСТОН
17 сентябр, баъди анҷоми ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ, дар толори «Зарандуд»-и Кохи Наврӯз мулоқоти роҳбарони кишварҳои аъзои СҲШ ва СААД дар мавзуи Афғонистон баргузор гардид.
Нахуст, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад карда, таваҷҷуҳи сарварони давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба зарурати ҳалли қазияи Афғонистон ҷалб намуданд.
Дар мулоқот оид ба қазияи Афғонистон, ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ сухан ронданд.
Сарварони давлатҳои Россия Владимир Путин, Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Ҳиндустон Нарендра Моди доир ба мавзуи мазкур бо тариқи онлайнӣ сухан гуфтанд.
Пас аз анҷоми ҳамоишҳои сатҳи олӣ, аз рӯйи натиҷаи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ ва мулоқоти роҳбарони кишварҳои аъзои СҲШ ва СААД дар мавзуи Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.09.2021 №: 187 Мутолиа карданд: 4737