сиёсат
САФАРИ РАСМИИ САЙИД ИБРОҲИМИ РАИСӢ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Мавриди зикр аст, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон аввалин боздиди расмии муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ аз кишварҳои хориҷӣ дар ин маснади олӣ мебошад.
18 сентябр маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон оро ёфта буд, баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарварони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан, гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди роҳбарони ду давлат анҷом ёфт.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон
18 сентябр, пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ, баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хосаи сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.
Дар мулоқот маҷмуи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, мавзуъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Таъкид гардид, ки мардумони ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги моро арзишҳои муштараки маънавию фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Ин муштаракот метавонанд заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд гарданд.
Зимни вохӯрӣ ба масъалаи таҳкиму тавсеаи муносибатҳо дар чандин бахшҳои ояндадор, аз ҷумла соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, коммуникатсия, энергетика, саноат, фарҳанг, маориф ва илм, таъмини амният ва дигар арсаҳои барои ҳар ду ҷониб судовар, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Аз фаъолияти назарраси Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар самти таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ шуд.
Барои афзоиши ҳаҷми гардиши мол пешниҳод гашт, ки Барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 таҳия гардида, барои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ фаъолияти Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистону Эрон ва Шурои муштараки сармоягузорӣ байни ду кишвар роҳандозӣ шавад.
Ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва маъдан, аз ҷумла бахшҳои сохтмони саддҳо, неругоҳҳо, корхонаҳои тавлиди дору, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар самтҳои судманди робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Ҷонибҳо рушди инфрасохтор ва шабакаҳои нақлиётӣ, бунёди роҳҳои заминӣ, оҳан ва пайвасти онҳо бо бандарҳои обии Эронро барои тамосҳои башарӣ зарур шумурданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва соҳаи сайёҳӣ табодули афкор карданд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният, робитаҳои сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир ба манфиати ду кишвар ва минтақа номида шуд.
Ҷонибҳо аз вазъи сиёсию низомӣ дар кишвари Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд, зеро ин ҳолати мураккаб ба амнияту суботи минтақа таҳдид мекунад.
Ҳангоми вохӯрӣ, ҳамчунин, робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалӣ, баррасӣ гардиданд.
Ҷониби Тоҷикистон оғози расмиёти пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эронро ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай истиқбол намуда, изҳори итминон кард, ки робитаҳои муштараки ду кишвар дар ин созмон ба дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории созанда мусоидат хоҳад намуд.
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Эрон
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, бо иштироки сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи ду ҷонибро тақвияти бештар мебахшад.
Ба Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ имзо гузоштанд.
Сипас, санадҳои зерин имзо гардид:
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супурдани маҳкумшудагон;
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникӣ;
Протоколи техникӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кор, таовун ва рифоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши техникӣ ва касбӣ;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва ҷавонони Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи мамлакат нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.09.2021 №: 187 Мутолиа карданд: 900