барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир муҳтарам Абдулмаҷид Таббун барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
“Ҷаноби Олӣ!
Хабари даргузашти ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа боиси ғояти андуҳи мо гардид.
Марҳум дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистон ва Алҷазоир саҳми босазо дошта, бо саъю талошҳои пайвастааш дар ин ҷода дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд.
Лутфан аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам ба мардуми дӯсти Алҷазоир ҳамдардиву таъзияи самимии инҷонибро бирасонед. Ба ҳамаи наздикону пайвандони марҳум матонати руҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам.
Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.09.2021 №: 189 Мутолиа карданд: 4668