сиёсат
ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР ҶОЙГОҲИ ҶАҲОНӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари таъсиргузор дар ҳалли масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва мунодии сулҳ дар ақсои олам ҳафтаи сипарӣ дар сархати расонаҳои дунё ва меҳвари таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт. Кишвари мо ба ин далел мавриди таваҷҷуҳ ва сари забонҳо буд, ки дар вазъияти бисёр печидаи авзои минтақа ду нишасти дорои аҳамияти байналмилалӣ – ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро дар сатҳи баланд мизбонӣ кард, ки натиҷаҳои он дар таърихи фаъолияти ин ду созмони бонуфуз ҳамчун фасли нави ҳамгироӣ ва таҳкими сулҳу субот рақам зада мешаванд.
Қабл аз оғози ҷаласаҳо, ки 16 – 17 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, дар маҳофили гуногуни сиёсӣ баҳсҳое вуҷуд доштанд, ки дар пасманзари қазияи Афғонистон ва мавқеъгирии гуногуни кишварҳои ҳавзаи ҳар ду созмон нисбат ба он гуфтугӯҳои мураккабе дар миён хоҳанд буд. Воқеан, дар ҷараёни баргузории ҳамоишҳои сатҳи баланд, то ҷое мавзеъгириҳои ба ҳам зидди роҳбарони давлатҳо дар бархӯрд ба мавзуи Афғонистон, ки он ҳам бо риояи урфи дипломатӣ сурат гирифт, ба ин далел рӯшанӣ андохт.
Дар ин росто, таҷрибаи нодири сиёсӣ ва талошҳои Сарвари давлати Тоҷикистон ҷиҳати тасмимгириҳои дуруст оид ба Афғонистон дар ҷаласаҳои Шурои амнияти дастаҷамъии СААД ва Шурои сарварони давлатҳои узви СҲШ ба зуҳур омад. Пешвои миллат зимни музокироти сатҳи олӣ дар доираи нишасти созмонҳо ва мулоқот бо роҳбарони давлатҳо, аз ҷумла Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, бори дигар аз мавқеи Тоҷикистон дар масоили эътидоли вазъ дар Афғонистон пуштибонӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз суқути давлати Афғонистон ва ғасби ҳукумати ин кишвар аз сӯи гурӯҳи иртиҷоии «Толибон» мавқеи худро ошкоро баён намуда, эълон дошт, ки ҷонибдори ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми неруҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тоҷикон, дар ин кишвар аст.
Ҳоло бо гузашти беш аз як моҳи ба қудрат расидани гурӯҳи «Толибон» дар Афғонистон ва режими ҷоришуда, давлатҳои аъзои СҲШ, СААД ва дигар мамлакатҳои минтақаву ҷаҳон ба ин натиҷа расиданд, ки танҳо ташкили ҳукумати ҳамашумул метавонад низом дар ин кишварро ҷорӣ намуда, таҳдиди хатарҳоро коҳиш диҳад. Ҳамин нукта дар суханронии роҳбарони давлатҳои узви созмонҳои мавриди назари мо нуқтаи калидӣ буд, ки ишора ба дурустии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон аст.
СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪӢ ОМИЛИ МУҲИМИ СУБОТ ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ САРҲАДОТ АСТ
Субҳи 16 сентябр тасвирҳои зебое аз шаҳри Душанбе ба нуқоти гуногуни олам паҳн гардид. Хабарнигорони сершумори хориҷие, ки ба манзури бозтоби ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуда буданд, қабл аз ҳозир шудан ба маркази матбуоти ҷаласа, ки дар Китобхонаи миллӣ созмон ёфта буд, гулгашту хиёбонҳо ва манзараҳои зебои Душанберо тавассути суратгирак аксу навор мегирифтанд. Маркази матбуотӣ бо компютер, интернети баландсуръат ва дигар васоили техникии иттилоърасонӣ муҷаҳҳаз буд ва хабарнигорон тавассути мониторҳои бузург пахши мустақими ҷаласаро пайгирӣ намуда, гузоришҳои худро фавран ва бидуни мушкил таҳия менамуданд. Ҳанӯз қабл аз оғози ҷаласа, даҳҳо гузоришу хабар вобаста ба омодагии Душанбеи ороста ба мизбонии ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии СААД ба дасти расонаҳои хориҷӣ расида, пахшу нашр шуданд. Фазои иттилоотӣ нишон медод, ки меҳмонону хабарнигорони хориҷӣ аз пазироии гарму самимӣ, омодагии кишвари мизбон ба баргузории ҷаласаҳои сатҳи баланд ва суръати тараққиёти Тоҷикистон дар мисоли шаҳри Душанбе ба ҳайрат омадаанд.
Ҷаласаи Шурои амнияти дастаҷамъии СААД нимаи аввали рӯз таҳти раисии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ оғоз намуд. Дар ҷаласа, ҳамчунин, роҳбарони Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Арманистон ва Федератсияи Россия (маҷозӣ) ҳузур доштанд.
Таъмини амният дар сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои СААД, масъалаҳои марбут ба амнияти минтақавию байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумлаи муҳимтарин мавзуъҳои нишасти Шурои амнияти дастаҷамъӣ, буданд. Зимнан, вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақа аз масъалаҳои калидӣ ба шумор мерафт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа аз идомаи марҳилаи хатарноки пандемияи коронавирус ва таъсири тулонии он ба иқтисодиёт ҳушдор дода, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳоро сароҳатан ба вазъи Афғонистон низ ҷалб намуданд. Сарвари давлат бори дигар ҳушдор доданд, ки вазъи фалокатбор дар Афғонистон бевосита ба амнияти Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад: «Вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадидтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил меёбад».
Воқеан, чунин нигаронӣ аз ҷониби кишварҳои ҳамсуд ва, умуман, тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҷиддӣ гирифта шавад. Зеро изҳори назари Пешвои миллати тоҷикон оид ба Афғонистон ва хатарҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ҳамеша дар асоси таҳлилҳои амиқу пешбиниҳои дақиқ сурат мегиранд. Доираҳои огоҳи ҷомеа хуб дар ёд доранд, ки ҳанӯз қабл аз ҳодисаҳои даҳшатбори террористии 11 сентябри соли 2001 дар ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаклгирии терроризми байналмилалӣ дар Афғонистон ва хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор дода, аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи кишварҳои оламро ба ҳалли мушкилоти кишвари ҳамсоя даъват намуда буданд. Ҳоло бояд ба ин нукта диққат дода шавад, ки бетарафии дигарбораи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба моҷарои Афғонистон ва манфиатҷӯйии кишварҳои алоҳида дар ин сарзамин метавонад оқибатҳои фоҷиаборе дар пай дошта бошад. Ё ба таъкиди Сарвари давлати мо: «Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тулонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабори аз ҷиҳати миқёс баробар бо ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ аз вазъияти вилояти Панҷшер- ягона минтақаи пурра тасарруфнашудаи Афғонистон, ки ҳоло дар муҳосираи комил қарор дорад, изҳори нигаронӣ карда, зикр намуданд, ки гурӯҳи «Толибон» ба ваъдаҳои худ дар ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои маскуни ин кишвар амал накарданд. Дар идома дафъатан таъкид гардид, ки «Тоҷикистон ҳамаи шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро шадидан маҳкум мекунад».
Мутаассифона, чунин мавқеъгирии рӯшан аз ҷониби дигар кишварҳо дар ин ҷаласа чандон ба назар намерасид ва роҳбарони давлатҳо аксаран бо баёнияҳои умумӣ вобаста ба вазъи Афғонистон иктифо карданд.
Дар ҳамин ҳол Станислав Зас, Котиби генералии СААД, ки вобаста ба натиҷаҳои ҷаласа бо хабарнигорон суҳбат мекард, аз мувофиқаҳои ҳосилшуда ва қабули барномаҳои нави ҳамкорӣ дар доираи созмон хабар дод. Тавре ӯ изҳор дошт, дар сурати ташаннуҷи вазъ дар сарҳад СААД барои таъмини амнияти Тоҷикистон ва мубориза бо таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон ба вуҷуд меоянд, чораҳое мушаххасеро рӯйи даст хоҳад гирифт. Ба ин манзур, дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон силсиламашқҳои густардаи неруҳои дастаҷамъии СААД таҳти унвонҳои «Ҷустуҷӯ – 2021», «Эшалон – 2021», «Ҳамкорӣ – 2021» ва «Кобалт – 2021» баргузор мешаванд, ки тибқи нақшаи ягона сурат хоҳанд гирифт.
Ҷаласа бо қабули Эъломияи Шурои амнияти дастаҷамъии СААД ва 14 санади нав ба поён расида, раёсат дар ин созмон соли 2022 ба Арманистон мегузарад.
Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ташкилоти байналмилалии минтақавиест, ки дар заминаи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 таъсис ёфтааст. Таҳкими сулҳ, амният, суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳимояи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои аъзо дар асоси дастаҷамъӣ, ҳадаф ва принсипҳои асосии созмон эътироф шудаанд. Ҳоло Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия аъзои СААД буда, барои ҳамроҳ шудани аъзои нав бо шартҳои муайян имконият дода шудааст.
Таҳлилгарон мавҷудияти чунин созмонро дар шароити кунунӣ омили муҳими субот ва таъмини амнияти сарҳадоти давлатҳои аъзо медонанд. Дар ҳамин ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки худ дар фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро афзалиятнок мешуморад ва манфиатдори он аст, ки созмон ба омили муҳими таъмини амнияти ҷаҳонию минтақавӣ мубаддал гардад.
СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
ТОҶИКИСТОН ЭЪТИБОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОНРО ТАҲКИМ БАХШИД
17 сентябр низ шаҳри Душанбе ҳамчун маркази тасмимгирии масоили муҳими минтақавию ҷаҳонӣ шинохта мешуд. Дар як вақт роҳбарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ дар ин шаҳри озодаву гулпӯш ба ҳам омаданд. Теъдоди намоядагони воситаҳои ахбори омма беш аз 500 нафарро ташкил медод. Нигоҳҳо аз хориҷи мамлакат ҳам ба ҷониби Тоҷикистон дӯхта мешуданд.
Маркази баргузории ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои узви СҲШ «Кохи Наврӯз» буд. Баробари ворид шудан ба ин кохи пуршкӯҳ, санъати меъморӣ ва ороишии мардуми тамаддунофари тоҷик таваҷҷуҳи меҳмонони сатҳи олиро ба худ мекашид. Бори нахуст дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД ва СҲШ ҷаласаи якҷояи роҳбарони давлатҳои аъзои ҳар ду созмон оид ба мавзуи Афғонистон низ дар ҳамин ҷо баргузор гардид.
Дар ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай сарварон ва роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои созмон, меҳмонони фахрӣ ва намояндагони воломақоми ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва сохторҳои доимамалкунандаи созмон ҳузур доштанд. Ин нишаст аз назари сатҳ ва аҳамияти таърихӣ аз дигар ҷаласаҳои Шурои сарварони давлатҳои узви СҲШ арзиши баландеро қоил буд. Зеро он ба таҷлили 20-солагии таъсиси созмон, ки дар давраи раёсати кишвари мо таҳти шиори «20 соли фаъолияти СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ» иттифоқ афтод, мусодиф омад. Ва тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ин ҳамоиш «марҳилаи муҳим дар таърихи СҲШ гардида, қисмати мазмунии рӯзномаро хеле ғанӣ гардонд».
Дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ, ки нимаи аввали рӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир шуд, масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, раванди қабули аъзои нав, додани мақоми шарикони муколамавӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд.
Зимни ҷараёни ҷаласаи СҲШ низ роҳбарони давлатҳо дар баробари дигар масъалаҳо ба мавзуи Афғонистон бештар тамаркуз доштанд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид карданд, ки низоми сиёсӣ дар Афғонистон на бо дахолати ягон кишвар, балки бояд бар асоси иродаи мардуми кишвар шакл гирад ва ҳукумати фарогир таъсис шавад.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки СҲШ метавонад дар ин давра барои ба даст овардани сулҳу оромӣ дар Афғонистон нақши фаъол дошта бошад. «Мо бояд барои аз байн бурдани маводи мухаддир иқдом кунем ва ба мардуми Афғонистон, ки дар вазъияти душвор қарор доранд, ёрӣ расонем».
Нарендра Моди, Сарвазири Ҳиндустон, ки дар ҷаласа бо тариқи онлайнӣ суҳбат мекард, гуфт, ки вазъияти кунунии Афғонистон мушкили ифротагроӣ дар минтақаро печидатар хоҳад кард. Роҳбари Ҳиндустон ҳаракати «Толибон»-ро гурӯҳи ифротгаро номид ва таъкид кард: «Афғонистон набояд дигар пойгоҳи террористон шавад. Аз ин рӯ, кишварҳои аъзои СҲШ бояд дар пешгирии ин масъала дасти ҳам бигиранд».
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки дар ҷаласа ба таври маҷозӣ иштирок дошт, дар баробари пандемияи коронавирус ва оқибатҳои он, ҳамчунин, ба мавзуи Афғонистон низ дахл кард: «Мо бояд бо терроризм мубориза кунем ва талош намоем, ки дар Афғонистон давлати фарогир ва сулҳу оромӣ барқарор шавад».
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон дар суханронияш ба қудрат расидани гурӯҳи «Толибон» дар Афғонистонро амри воқеият донист ва гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳон бояд дар канори мардуми ин кишвар бошанд ва ёриҳои башардӯстонаро дареғ надоранд. Ба гуфтаи Сарвазир, ҳоло дар Покистон 4 миллион гурезаи Афғонистон ба сар мебарад.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин гуфт, ки ҳаракати иртиҷоии «Толибон» бояд ба ваъдаҳои худ амал кунад, ки ишора ба ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон аст. Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекситон Шавкат Мирзиёев ва дигар роҳбарони ҳайатҳо низ таъсиси ҳукумати фарогир дар кишвари ҳамсоя шарти асосии расидан ба сулҳу оромӣ дониста шуд.
Оғози расмиёт ё тартиби ба узвият пазируфтани Ҷумҳурии Исломии Эрон, додани мақоми шарикони муколама ба Арабистони Саудӣ, Мисру Қатар дар СҲШ яке аз натиҷаҳои муҳими ин ҷаласа арзёбӣ шуд, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон ба миён омад.
Баъд аз маросими имзои 30 санад, аз ҷумла Эъломияи Душанбе дар бораи бистсолагии СҲШ, дар поёни ҷаласаи Шурои сарварони СҲШ бори нахуст гимни Созмон садо дод, ки он бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардида буд. Ин ташаббуси нави кишвари мо дар таърихи фаъолияти Созмон боз як саҳифаи навро рақам зада, дар руҳияи СҲШ таъсири нек хоҳад гузошт.
Воқеан, давраи раёсати кишвари мо дар СҲШ сарфи назар аз мушкилоти пандемияи коронавирус ва чолишҳои минтақавӣ бо натиҷаҳои баланд ҷамъбаст гардид. Зеро дар ин давра таҳти раёсати Тоҷикистон беш аз 100 чорабинии муҳим дар сатҳи роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узв доир гардида, ба тавсеаи фаъолият ва таҳкими эътибори СҲШ дар арсаи байналмилалӣ саҳифаи нав боз шуд. Чун дар гузашта, ин навбат низ раёсати Тоҷикистон дар СҲШ бо роҳандозии иқдомҳои нав анҷом пазируфт. Зеро мавқеъгирии кишвари мо дар шахси Сарвари давлат ҳамеша одилона ва таклифу пешниҳодҳо корсозу ба манфиати умум мебошанд.
Тоҷикистон дар ин давра устуворона саъй кард, ки домани фаъолияти Созмон тавсеа ёфта, эътибори он ҳамчун ташкилоти минтақавии таъсиргузор дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким ёбад. Ба ин манзур, дар доираи нақша-чорабиниҳои таҳияшуда тақвияти ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ба унвони яке аз тарҳҳои муҳиму асосӣ қарор дода шуд.
Роҳбарони кишварҳои аъзои СҲШ зимни суханрониҳо маҷмуи ибтикороти анҷомшуда дар давраи раёсати Тоҷикистонро тавсиф намуда, ба саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз асосгузорони СҲШ дар таҳкими эътибори байналмилалии он баҳои баланд доданд.
ТОҶИКИСТОН ВА ПОКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН КӮШИШҲОИ МУШТАРАК АНҶОМ МЕДИҲАНД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз анҷоми ҷаласаҳои СААД ва СҲШ шоми 17 сентябр гуфтугӯҳо дар мавриди ҳалли қазияи Афғонистонро зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон бо Сарвазири ин кишвар Имрон Хон идома доданд.
Тавре сарварони давлатҳо баъд аз мулоқот ва маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар зимни изҳороти матбуотӣ баён доштанд, дар баробари масъалаи рушди ҳамкориҳои ду кишвар, баррасии вазъи имрӯзаи минтақа ва қазияи Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Мо – ҳамсоякишварҳои Афғонистон, ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдорем ва ба эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем».
Чунин изҳорот дар ҳолест, ки солҳо боз мардуми азиятдидаи афғон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори хайрхоҳи Афғонистон ва ҳомию пуштибони манфиатҳои худ медонанд. Ва имрӯз ҳам Пешвои миллат дар масъалаи Афғонистон бетараф набуда, барои ҳимоя аз манофеи тамоми қавмҳо, аз ҷумла тоҷикони ин кишвар, мавқеи устувор нишон медиҳанд. Ҷасорат ва иродаи қавӣ дар вуҷуди Пешвои миллат ҳамроҳ бо хосияти азалиест, ки ҳангоми ҳадаферо дар пеш гузоштан, то расидан ба марзи мурод устуворона талош меварзанд. Чунин як арзиши бемисл бори дигар дар ҳимоят аз тоҷикони Афғонистон зуҳур кард, ки ҳамовозии тоҷикони ҷаҳон ва форсизабонони оламро ба миён овард.
Президенти маҳбуби кишвар дар идомаи изҳороти матбуотӣ чунин гуфтанд: «Мо ҷонибдори ҳукумати фарогир дар он кишвар бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошем. Ҳамзамон, мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд».
Тавре сарварони Тоҷикистону Покистон зикр карданд, ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшери Афғонистон тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд.
Сарвазири Ҷумҳурии Исломиии Покистон Имрон Хон низ бо ишора ба ҳамин масъала гуфт, ки даргириҳо дар Панҷшер омили аслии нигаронии Тоҷикистону Покистон аст.
- Аз ин рӯ, ҳар ду ҷониб талош хоҳем кард, ки ин масъала бо роҳи музокира ҳаллу фасл шавад ва дар Афғонистон як ҳукумати фарогир бо назардошти манфиатҳои ҳамаи қавмҳо рӯйи кор ояд,- таъкид намуд Сарвазири Покистон.
Ба андешаи таҳлилгарон, натиҷаҳои ин мулоқот метавонад дар сарнавишти Афғонистон таъсири нек гузорад. Зеро дар сурати амалӣ гардидани мувофиқаҳои ҳосилшуда ва таъмини баробарҳуқуқии ҳамаи неруҳои сиёсӣ имкон дорад, ки идомаи хушунатҳо дар Афғонистон боздошта шавад.
Қурбоналӣ РАҲМОНЗОДА,
Фирӯз РАҲМОНИЁН,
суратгир Комрон САФАРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.09.2021 №: 189 Мутолиа карданд: 1333