logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ  ДАР ДУ БИНОИ ИСТИҚОМАТИИ ПАНҶОШЁНА
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон ба корҳои сохтмонии 2 бинои истиқоматии панҷошёна оғоз бахшиданд.
Иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии иншоот 50 садяк заминро дар бар гирифта, замини зери сохтмон 124 метри мураббаъ мебошад.
Дар биноҳои бунёдшаванда 50 хонаи истиқоматии барҳаво, аз ҷумла 10 хонаи 1 ва 40 хонаи 2 - ҳуҷрадор, ҷойгир карда мешаванд.
Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳакаши он Ҷамъияти саҳомии кушодаи «САНИИОСП» мебошанд.
Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди биноҳои истиқоматӣ Сарвари давлат ба таъмини сифати кор дар рафти сохтмон дастуру маслиҳатҳо доданд. 
Бинои истиқоматӣ бо мақсади дар оянда таъмин намудани кормандони касбу кори гуногун бо манзили истиқоматии хизматӣ сохта шуда, дар он шароити хуби зисту зиндагонӣ фароҳам оварда мешавад. 
Тибқи лоиҳа дар назди иншоот майдончаи бозии кӯдакона ва истироҳати калонсолон ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, ҳар ду бинои бунёдшаванда дорои лифт ва ҷойи махсуси либосхушккунӣ хоҳанд буд.  
Мутобиқи нақша оянда дар ин ҷо боз як бинои дигари 5 - ошёнаи истиқоматии хизматӣ сохта мешавад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисми бештари кормандони сохторҳои гуногун бо манзилҳои истиқоматии хизматӣ таъмин гардидаанд ва оғози сохтмони 2 бинои истиқоматии панҷошёна дар маркази ноҳияи Балҷувон аз тадбирҳои навбатӣ дар ин самт ба шумор мераванд.
 
МАЙДОНИ ПАРЧАМ ВА НИШОНИ ДАВЛАТӢ  ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
23 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар асоси нақша - чорабиниҳо ба хотири истиқболи шоиста аз Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳия бо тарҳи муосир бунёд гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди иншоот нахуст бо нишонаи арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
Баландии пояи Нишони давлатӣ 21,5 метр буда, бо сифати баланди меъморӣ сохта шудааст.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро бо садо додани Суруди миллӣ парафшон намуданд.
Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон  35 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.
Масоҳати умумии майдони Парчам ва Нишони давлатӣ 7200 метри мураббаъро ташкил дода, барои сайру гашт ва истироҳати сокинону меҳмонон, инчунин, гузарондани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.
Иншоот бо зиёда аз 500 адад ниҳоли гуногуни ороишию ҳамешасабз ва дар масоҳати 200 метри мураббаъ  бо гулҳои рангоранг оро ёфтааст, нишастгоҳҳои замонавӣ низ гузошта шудаанд.
Роҳравҳои майдон сафолакпӯшанд, дар маркази он  фаввораи рангоранги диққатҷалбкунанда бунёд гардидааст.
Корҳои паймонкорию сохтмониро дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мега-Техника- Иншоот” бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расондаанд.
Парафшонии Парчам ва бунёди Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон баробари таъмини зебоии мавзеъ, ҳамчунин, омили муҳим дар самти бедор кардани эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастии ҳар як сокин, хосса наврасону ҷавонон  мебошад.
Дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо мақсади таъмини истироҳати хубу бофароғати сокинону меҳмонон ҳангоми шабона 34  чароғак ва 12 адад равшанидиҳандаи 12-метра гузошта шудаанд.
 
ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН –  ТУҲФАИ ИДОНА БАРОИ ҶАВОНОН
23 сентябр дар ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода, дар барномаи рангини фарҳангӣ иштирок намуданд.
Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувон аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ  ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масоҳати он 3,68 гектарро ташкил медиҳад. Майдони умумии зери иншоот 1446 метри мураббаъ мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 45 нафар мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикроҳсоз» бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.
Маблағгузории иншоот аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, аз чор минбари нишастгоҳ ва ҷойи махсус барои меҳмонони олиқадр иборат мебошад.
Ҳуҷраҳои кории маъмурият, нозир, доварон, либосивазкунӣ, мураббиён, нуқтаи тиббӣ ва назорати допингии иншооти муосири варзишӣ бо беҳтарин шароит дар зери нишастгоҳҳо сохта шудаанд.
Майдони бозии футболи варзишгоҳ 105 бар 68 метрро ташкил дода, масоҳати 13 ҳазору 944 метри мураббаъ сабзазор гардидааст.
Ҳамчунин, як қисми иншоот дар масоҳати беш аз 2400 метри мураббаъ сафолакпӯш ва атрофи он  ба андозаи 7 ҳазор метри мураббаъ кабудизор  шудааст.
Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувон дар заминаи таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш ва солимии ҷомеа бунёд  гардидааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани варзишгоҳ дар самти ташкили тамринҳои ҳаррӯза, баргузории мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ,  чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланд, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар миёни сокинон имкони васеъ фароҳам овард.
Баробари ба истифода додани иншооти хуштарҳи варзишӣ дар ноҳияи Балҷувон 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Дар ҳудуди варзишгоҳ 4 равшанидиҳандаи калон ва 25 адад чароғи махсус (торшер) насб шудаанд, ки баробари фароҳам сохтани шароит барои машғул шудан ба варзиш ҳангоми шабона ба зебоии мавзеъ зинати хосса зам менамоянд.
 
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба истифода додани Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувон дар ҷамъомади тантанавӣ суханронӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ифтитоҳи варзишгоҳро туҳфаи арзишманд барои сокинони заҳматдӯсти ноҳия маънидод карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони ноҳияи Балҷувон  бо дарки баланди масъулият ва хештаншиносӣ корҳои ободонию созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, дар пешрафту ободии Ватани азиз саҳми шоиста мегузоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон карданд, ки шароити ноҳия барои растанипарварӣ ва чорводорӣ бисёр мусоид буда, рушди ин бахшҳо метавонад дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дошта бошад.
Аз ин лиҳоз масъулон вазифадор гардиданд, ки доир ба ташкили фермаҳои чорводориву парандапарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар мавзеъҳои мусоид, истеҳсолу захира кардани маҳсулот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа чораҳои дахлдор андешида шаванд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои беҳтар таъмин намудани мардум бо неруи барқ дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон неругоҳҳои хурди барқи обии «Ҳорма» ва «Пушти боғ» бо иқтидори умумии 360 киловатт сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Балҷувон ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафтаву неруманд гардондани Ватани маҳбубамон чун ҳарвақта сарҷамъу аҳлона ва бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ саъю талош мекунанд.
Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барномаи рангини фарҳангии таҳиянамудаи аҳли санъату ҳунар пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ карда шуд.
 
ТАРАБХОНАИ «САЙДИ ХОСОР» 
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон тарабхонаи «Сайди Хосор»-ро ба истифода дода, бо имконоти муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Иншооти муосири хизматрасонӣ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар радифи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021 бо истифода аз санъати хоси меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
Тарабхонаи «Сайди Хосор» аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бахши хусусӣ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Насимҷон Сатторов сохта шудааст. 
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2019 оғоз гардида, то 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буд. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани он 15 нафар бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, барои ташкили хизматрасонӣ, баргузории тӯю маъракаҳои хурсандии сокинон ва дигар чорабиниҳо имкони хуб муҳайё гардидааст.
Дар тарабхона ба мизоҷон асосан хӯрокҳои миллӣ ва замонавӣ аз сайдҳои гуногун омода ва пешниҳод гардида, дар он имкони хизматрасонӣ ба 200 нафар дар як вақт мавҷуд мебошад. Намои дохилӣ ва берунии иншоот бо шаклу унсурҳои миллӣ ва муосир оро ёфта, ба маркази ноҳия зебоии хосса зам менамояд.
Тарабхона дар соҳили дарёи Талхак, яке аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳия ҷойгир буда, таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ бештар ҷалб месозад.
 Ноҳияи Балҷувон дорои мавзеъҳои зиёди таърихию сайёҳӣ мебошад ва сохта ба истифода додани чунин иншоот ба манфиат буда, дар самти муаррифии меҳмондории хоси тоҷикона ва санъати меъмории миллӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ мусоидати зиёд мекунад.
Ба таъкиди масъулон, мавриди истифода қарор гирифтани иншооти хизматрасонии «Сайди Хосор» дар рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳии ноҳияи Балҷувон, такмили низоми хизматрасонӣ ва дар ин асос барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилию хориҷӣ замина мегузорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти нави хизматрасонӣ барои сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ иқдоми соҳибкори ватаниро шоёни таҳсин хонда, ба масъулон ҷиҳати рушди соҳаи туризм ва фароҳамсозии инфрасохтори боз ҳам беҳтар дар ин гӯшаи зебоманзари мамлакат дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
 
БОЗДИД АЗ БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ  БА НОМИ  БОБОЮНУС ХУДОЙДОДЗОДА
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншоот бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатӣ роҳбарият ва фаъолони ноҳия самимона истиқбол гирифтанд.
Нахуст дар ноҳияи Темурмалик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаро пас аз таъмир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои боғ, ки бо санъати баланди меъморӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия навсозӣ гардидааст, шинос шуданд.
Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзода дар масоҳати 20 ҳазору 750 метри мураббаъ азнавсозӣ шуд ва дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ноҳия шароити мусоид фароҳам омад. 
Дар ҳудуди боғ дарахтони нодиру зебои сояафкан, ба монанди сарв, мажевелник, серенаи ҳиндӣ ва шоҳбулут шинонда шуда, ҳамчунин, ҳудуди боғро 25 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ зебу зинат мебахшанд.
Нигоҳубини дарахтон ва гулу буттаҳои ороишӣ ба таври муосир роҳандозӣ гардидааст. 2250 метри мураббаъ роҳравҳои ҳудуди ин макони фарҳангӣ бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш шудааст.
Иттилоъ доданд, ки дар иншооти мазкур шароити мусоид барои гузарондани барномаҳои фарҳангӣ, истироҳати сокинон ва мусобиқаҳои варзишӣ фароҳам аст. Аз ҷумла, қомат афрохтани амфитеатри зебову замонавӣ барои гузарондани консерту дигар чорабиниҳо имконият фароҳам намуд. Ҳамчунин, дар боғ барои гузарондани тамрину сабқатҳои варзишӣ як майдончаи муосири варзишӣ бунёд гаштааст.
Ҳангоми таҳияи лоиҳа ва анҷоми корҳои навсозӣ таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи имконияти бозиву фароғати кӯдакону наврасон зоҳир шуд. Аз ин ҷост, ки дар ҳудуди боғ атраксионҳои дилхушӣ барои кӯдакон ва дар масоҳати 500 метри мураббаъ майдони алоҳидаи бозиҳои гуногун ташкил гардид.
Барои сокинону меҳмонон дар дохили боғи фарҳангӣ нуқтаи алоҳидаи хӯроки умум ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст ташкил шудааст.
Аз ду тарафи боғ даромадгоҳ бо услуби баланди меъморӣ ва ороишоти зебо бунёд ёфта, гирду атрофи боғ панҷарабандӣ гардидааст.
Дар ҳудуди боғ фаввораҳои замонавӣ бо шаклу услуби хоса сохта шудааанд.
Хусусан шомгоҳон боғи мазкур барои сайру гашти мардум мавзеи ниҳоят қулай буда, чароғонӣ ва гуногунрангии ҳудуди боғ диққатҷалбкунанда мебошад.
Иттилоъ доданд, ки навсозии иншооти мазкур соли 2019 оғоз гардида, имрӯз ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ки туҳфаи арзанда барои сокинони ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. 
Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро барои нигоҳубини дуруст ва ҳифзи ҳамаҷонибаи иншооти мазкур вазифадор намуданд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАЙДОНИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ 
23 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони Нишони давлатӣ дар ҳудуди шаҳраки Баҳманрӯд дар масоҳати 1292 метри мураббаъ ташкил гардида, баландии пояи Нишон 22 метрро ташкил медиҳад. Сутунпояи Нишони давлатӣ бо санъати баланди меъморӣ ва бо истифода аз сангҳои ороишӣ бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шудаанд.
 Дар майдони мазкур барои сайру гашт ва тамошои сокинону меҳмонони ноҳия шароитҳои мусоид фароҳам гардидаанд. Аз ҷумла, бунёди 4 фаввораи замонавӣ аз ду тарафи майдон ин маконро барои истироҳату фароғат муносибу мусоид ва зебо намудааст. 
Гирду атрофи иншооти навро гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат медиҳанд. Дар маҷмуъ, 132 метри мураббаи майдони Нишони давлатӣ майсазор гардида, дар гирду атрофи он наздики 1000 гули мавсимӣ бо шаклу ороишоти гуногун шинонда шудааст.
Ҳамчунин, роҳрав ва ҳудуди иншоот дар масоҳати 1200 метри мураббаъ сафолакпӯш шудааст. Чароғонии мавзеи мазкурро шомгоҳон 15 сутунпоя бо чароғҳо равшанӣ медиҳад.
Қобил ба тазаккур аст, ки сохтмони майдони Нишони давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва арҷ гузоштан ба асолати миллӣ бунёд гардида, барои баргузории иду ҷашнҳо дар ин ҷо имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон дастур доданд, ки гирду атрофи иншооти мазкур ҳамеша чунин ободу зебо ва сабзпӯш нигоҳ дошта шавад.
 
БИНОИ НАВИ МТМУ № 1 МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик, дар шаҳраки Баҳманрӯд бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-умро мавриди истифода қарор доданд.
Таълимгоҳ тибқи нақша, дар масоҳати 2500 метри мураббаъ доман густурда, аз 4 ошёна ва 29 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, ҳуҷраҳои фаннӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, омодагии дифои ҳарбӣ иборат мебошад ва барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот бо дарназардошти стандартҳои ҷаҳони муосир бунёд шуда, ҳамчунин, аз толори варзишӣ бо 100 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои 150 ҷой, ошхона барои 48 нафар, китобхона бо толори хониш, синфхонаи инкишофи кӯдак барои омода намудани кӯдакон ба мактаб, ҳуҷраи махсус барои омӯзиши бозии шоҳмот бо тахтаи электронӣ ва компютери намуди моноблок иборат мебошад.
Ҳамзамон, муассисаи таълимӣ дорои буғхона буда, дар фасли зимистон имконияти бо ангишт гарм нигоҳ доштани тамоми ҳуҷраҳоро дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ҷараёни корҳои сомонёфта ва суҳбат бо омӯзгорон, таъкид намуданд, ки бо фароҳам гардидани шароити муосири таълим, маорифчиёни ноҳияро зарур аст, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва афзудани дастовардҳои соҳа саъю талоши бештар намоянд ва дар тарбияи дурусти насли наврас саҳми муносиб гузоранд.
Дар муассиса ҷиҳати татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф шароити мусоиди илмомӯзӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои фанни химия, биология, физика ва озмоишгоҳ фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо бо техникаю технологияи насли нав муҷаҳҳазанд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нав соли 2019 оғоз гардида, он дар муҳлати муайяншуда аз ҷониби фармоишгар – Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафедоб-Тур” ба анҷом расонда шудааст.
Бо назардошти талаботи замон, дар шафати муассисаи мазкур майдончаи варзишии бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва майдончаи ҳарбӣ барои гузарондани машғулиятҳои омодагии дифои ҳарбии хонандагон бунёд шуда, гирду атрофи он бо дарахтони сояафкану ороишӣ зебо гардонда шудааст.
Ҳамчунин, саҳн ва роҳравҳои муассиса дар масоҳати 800 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 20 адад чароғаки равшанидиҳанда насб шудааст.
Аснои шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ба маорифчиён дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бо фароҳам шудани шароити хуби таълимӣ маорифчиёни ноҳияи Темурмалик ба Сарвару роҳнамои маорифпарвари худ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми малакаю дониши худро ба харҷ дода, дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.
 
РОҲАНДОЗИИ БОҒИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРАКИ БАҲМАНРӮД 
23 сентябр дар ноҳияи Темурмалик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маркази ноҳия яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 10 ҳазору 257 метри мураббаъ бунёд гардида, қомат афрохтани он ба симои ноҳия ҳусну таровати тоза зам менамояд.
Баъди ба истифода додани майдони Нишон ва Парчами давлатӣ барои истироҳату фароғати сокинони ноҳияи Темурмалик имконияти хуб фароҳам мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки баландии Парчам бо ба назар гирифтани сутунпояи он 50 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матоаш 14 ба 7 метр мебошад.
Корҳои бунёдкорӣ дар боғи Парчами давлатӣ соли 2018 оғоз гардида, он дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд ба итмом расид.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, қомат афрохтани Парчами давлатиро дар маркази ноҳия иқдоми нек ва наҷибона хонданд.
Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст бунёд ёфта, дар рафти корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Роҳравҳои ҳудуди боғ дар масоҳати 2600 метри мураббаъ сафолакпӯш шуда, дар шафати он 3 фаввораи замонавӣ ва 82 чароғаки равшанидиҳанда насб шудааст, ки ҳангоми сайругашти шабона хеле зебо ба назар мерасад. Ҷиҳати зебою назаррабо гардидани боғи Парчами давлатӣ 500 ниҳоли ҳамешасабзи арча, 200 дарахти ороишии маҳаллӣ ва хориҷии навъҳои магнолия, заранг ва шоҳбулут шинонида шуда, атрофи Парчам бо деворнигораҳои замонавӣ иҳота гардидааст, ки инъикоскунандаи расму оинҳои миллӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳиммати фарзандони бонангу номуси миллат, ки дар ободӣ ва пешрафти Тоҷикистон саҳми муносиби худро мегузоранд, баҳои баланд доданд.
Тибқи иттилоъ ҳамин гуна корҳои ободонию бунёдкорӣ дар дигар деҳоти ноҳияи Темурмалик идома доранд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2021    №: 191    Мутолиа карданд: 3367
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед