сиёсат
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАҲКИМИ НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон - пас аз ноил шудан ба Истиқлоли давлатӣ ва ҳалли низои дохилӣ дар радифи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳи мустақилонаи инкишофи худро интихоб кард ва ба марҳилаи наву босуботи сохтмону эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ворид гардид, ки ин боиси рушди бемайлони тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ гардид. Ҳоло давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла ҷиҳати боло бурдани эътибору мартабаи давлат чӣ дар дохил ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас анҷом медиҳад.
Боиси сарфарозист, ки дар натиҷаи роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа саъю талоши бунёдкорӣ авҷ гирифта, ин раванди нек боиси таҳкими мақому нуфузи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.
Дар натиҷа мо тавонистем, ки ҳатто дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ низ татбиқи ҳадафҳои миллиамонро бо маром идома диҳем. Ҳадафҳои стратегии муқарраргардида тақозо менамоянд, ки ҳар як фарди бонангу номуси кишвар бунёдкориву созандагиро ба меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ табдил дода, бо неруи дучанд барои ободии Ватани азизамон саъю талош намояд. Ин рисолати таърихӣ, қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва фарзи имониву шарти ватандории ҳар яки мову Шумо ба ҳисоб меравад.
Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди кишвар барои расидан ба мақсадҳои олии умумимиллӣ неруи худро дареғ нахоҳад дошт ва мо ходимони давлатӣ низ дар ин ҷода бо ҳисси баланди ватандорӣ ва дарки масъулият ташаббусҳои наҷибу созандаро тақвият хоҳем бахшид.
Бо итминон метавон гуфт, ки Тоҷикистон таҳти Сарварии хирадмандонаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор дастовардҳо дар роҳи ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ноил гардидааст.
Маҷмуан, метавон изҳор намуд, ки 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ дар натиҷаи талошҳои пайдарпайи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ неруи тоза бахшида, новобаста аз мушкилиҳо ба таъмини сулҳу субот, рушди устувори иқтисодӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Сайдулло ХАЙРУЛЛОЕВ,
собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.09.2021 №: 192 Мутолиа карданд: 933