Хабарҳо
СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО
Тоҷикистон давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ бо роҳбарии хирадмандонаву дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Аз ҷумла, дастоварди бузурги кишвари мо тайи ин солҳо рушду нумуи воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, дар мисоли телевизион, радио ва матбуот мебошад.
Ин нуктаро Субҳиддин Шамсиддинзода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиши илмӣ - оммавӣ таҳти унвони «Воситаҳои ахбори омма ва ташаккули давлатдории миллӣ», ки бо ташаббуси Академияи ВАО-и Тоҷикистон бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи Рӯдакӣ ва ёдбуди журналисту публитсисти соҳибном Асадулло Саъдуллоев баргузор гардид, иброз намуд.
Дар чорабинӣ бурду бохти соҳа, ба даст омадани донишҳои нави илмӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта баррасӣ гардида, инчунин, барои татбиқи таҷрибаи пешқадам дар низоми ВАО-и кишвар ибрози назар карда шуд.
Зикр гардид, ки ҳоло дар мамлакат 94 шабакаи телевизиону радио, студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, инчунин, беш аз 500 рӯзномаю маҷаллаи давлатию хусусӣ фаъолият доранд.
Саъдӣ Исматов, директори Академияи ВАО, иброз намуд, ки имрӯз дар кишвар зодрӯзи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти форсу тоҷик, таҷлил мегардад. Ва ин рӯз бо баргузории конфронсҳо, суҳбатҳо ва мулоқот бо аҳли фарҳангу адаб ҷашн гирифта мешавад. Ҳамаи ин маҳз аз самараи Истиқлолияти давлатист.
Дар идома Абдулмуъмин Қутбиддинов, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Нигина Сироҷова ва Сангин Гулов, устодони ин факултет доир ба ҳаёт ва фаъолияти публитсист Асадулло Саъдуллоев суханронӣ намуданд.
Дар охир аз ҷониби директори Академияи ВАО ба журналистони фаъол ифтихорномаҳо тақдим гардид.
Оламбегим НЕКҚАДАМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1102