logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ АСАЛ ВА  НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ 
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншоот, суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолон бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Сафари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо, нахуст, аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд. Он аз ду қисми асосӣ: намоишгоҳи асал ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ иборат буд. 
Кишоварзони зарофар аз нуҳ шаҳру ноҳияи вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва Суғд дар масоҳати 50 садяк замин анвои гуногуни маҳсулоти занбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбор, инчунин, беш аз 300 оилаи занбӯрро ба маъраз гузоштанд.
Ба фестивал тибқи талаботи меъёрҳои тасдиқгардида 40 тонна маҳсулоти соҳа, аз ҷумла 15 тонна навъҳои гуногуни асал, мум, гарди гул, шири занбӯр ва ғайра, бо бандубаст пешниҳод шуд. Дар ҷойи баргузории намоиши асал хаймаҳо, нуқтаҳои гирифтани асал, ташкили корҳои мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал ба назар мерасид.
Табиат ва ҳавои ноҳияи Дарвоз бо гулу гиёҳҳои зиёди шифобахш барои парвариш ва зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал ниҳоят созгор мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми боздид аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, таъкид намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фарохи дар ноҳияи Дарвоз мавҷудбуда, метавон рушди соҳаро таъмин ва сатҳу сифати зиндагии аҳолиро баланд бардошт.
Занбӯриасалпарварӣ ва истеҳсоли асал соҳаи камхарҷу сердаромад ба шумор меравад. Тавре зикр гардид, аз соли 2005 то инҷониб, яъне аз давраи қабули Барномаи давлатии рушди занбӯри асал, шумораи оилаҳои занбӯр, занбӯрпарварон ва ҳаҷми маҳсулоти он маротибаҳо афзудааст.
Қобили зикр аст, ки соли равон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занбӯриасалпарварони ноҳия шумораи қуттиҳои занбӯри асалро ба 4 ҳазору 330 расонданд, ки ин назар ба соли қаблӣ зиёд мебошад.
Занбӯриасалпарварони ноҳияи Дарвоз ҳамасола кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо зиёд намудани шумораи оилаҳои занбӯри асал аҳолиро бо ин навъи маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ таъмин намуда, ба ин васила, дар ғанӣ гардидани буҷет, таъсиси ҷойҳои кори мавсимӣ ва муаррифии асали тозаи ватанӣ саҳм гузоранд.
Дар чор гӯшаи дигари намоишгоҳ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, анвои гуногуни маҳсулот, аз қабили картошка, пиёз, каду, меваҳои хушк ва тар, навъҳои гуногуни себ ва дигар намуди сабзавоту полизиҳо, ки дастранҷи заҳматкашони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Дарвоз мебошанд, ба намоиш гузошта шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз фаровонии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, ки аксаран содиротӣ мебошанд, изҳори хушнудӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди саноатии он бояд сол ба сол афзун гардад ва аз ин ҳисоб иқтидори содиротии Тоҷикистон тақвият ёбад.
 
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯҲОИ ДАРВОЗУ ВАНҶ
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди ифтитоҳи як қатор иншоот, бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ вохӯрда, ҳамаи сокинони заҳматдӯсти ин ноҳияҳоро ба ифтихори сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷашни муқаддас, бузург ва таърихӣ мебошад, самимона табрику таҳният гуфтанд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муколамаи судманду созанда бо сокинони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ баргузор шуд. Дар мулоқот Шаҳодати Саидҷамол – хонанда аз ноҳияи Дарвоз, Тоҷинисо Манфиатхонова – собиқадор  аз ноҳияи  Ванҷ,  Нурмаҳмад  Гулов – собиқадор ва Фотима Сулаймонова – собиқадор аз ноҳияи Дарвоз суханронӣ карданд.
 
ИФТИТОҲИ БИНОИ МАРКАЗИ АДЛИЯ ВА МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ 
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Анҷираки Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз бинои наву замонавии маркази адлия, майдончаи варзиш ва бозии кӯдаконро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои маркази адлия дар доираи таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 1 ҳазору 500 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат мебошад ва дорои ҳафт ҳуҷраи корӣ барои фаъолияти кормандони идораи нотариалии давлатӣ, кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, толори зебою муҷаҳҳази ақди никоҳ ва толори машваратии ройгони ҳуқуқӣ мебошад.
Толори ақди никоҳ, ҳуҷраи роҳбарият, равзанаи ягона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар ошёнаи якум буда, китобхона, идораи нотариуси давлатӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаи дуюм ҷой гирифта, дорои тамоми шароити замони муосир мебошанд.
Дар толори машваратии ҳуқуқӣ сокинони ноҳия имкон доранд аз ёрии ройгони ҳуқуқӣ баҳравар гарданд.
Барои кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ошёнаи якум шароити хуби корӣ муҳайё шудааст. Дар китобхонаи маркази адлия асарҳои бадеӣ ва соҳавӣ барои пешбурди кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариуси давлатӣ муҳим нигоҳ дошта мешавад.
Таҳхонаи бино ҳамчун бойгонӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, китобҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим пешбинӣ мешавад.
Ҳангоми сохтмон 35 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин буданд.
Бино бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, ба атроф зебоӣ зам намудааст.
Майдончаи варзиш дар масоҳати 280 метри мураббаъ сохта шуда, дорои шароити хуби машғул гардидан ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол мебошад. Майдонча дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Сарвари давлат бахшида ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) аз ҷониби Вазорати адлия бо сатҳу сифати баланд бунёд ёфт.
Дар қисми дигари замини ҷудогардида майдончаи бозии кӯдакону наврасон доман паҳн кардааст, ки бо таҷҳизоти дилхушии кӯдакона муҷаҳҳаз мебошад.
 
ТАҚДИМИ ТУҲФАҲО БА ЯТИМОНИ НОҲИЯҲОИ ДАРВОЗУ ВАНҶ  ДАР ТАРАБХОНАИ “ОРИЁНО”
27 сентябр дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстию ятимпарварӣ чун анъанаи нек дар тарабхонаи “Ориёно” бо як гурӯҳ ятимони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ мулоқоти самимӣ доир карда, аз аҳвол, шароити зисту таълим ва тарбияашон пурсон шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, кӯдаконеро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум монда, таҳти дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.
Шодии кӯдакону наврасонро дар ин рӯз ҳадду канор набуд, зеро ин навбат 100 нафар кӯдаки ятиму маъюб аз ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ аз дасти Пешвои муаззами миллат туҳфаҳо иборат аз  сарулибос, шириниҳо, ашёи хонишу кумаки молиявӣ гирифтанд ва суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Бо назардошти он ки рушду пешрафти Ватани азиз бевосита ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор ва донишманд вобаста аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро ба омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар ва аз худ кардани техникаву технологияи навин ҳидоят намуданд.
Дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, дар маҷмуъ, 300 ятим, нимятим ва маъюбони то 18-сола ба қайд гирифта шудаанд, ки зери ғамхориҳои Сарвари дурандешу ятимпарвари мамлакат қарор доранд.
Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон масъалаи беҳтар намудани шароит ва имконоти дастрасии ятимон ба таҳсилу зиндагии арзандаро зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор додааст ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як боздиди кории худ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ятимон мулоқот карда, ба масъулон ҷиҳати беҳтар намудани шароити зисту таълим ва вазъи моддиву техникии таълимгоҳҳои онҳо дастуру супоришҳо медиҳанд.
Давоми  сӣ соли Истиқлоли давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва будубоши ятимон дар мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва бо ҷойи кор таъмин шудани ин қишри ҷомеа корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
 
ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОСИ СОХТМОНИ  РОҲИ ДАРВОЗ – ДАРВОЗАИ РӮШОН
27  сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон қисмати шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Чин аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвозро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Масофаи роҳи мошингарди қисмати шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Чин 26 километр буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки исломии рушд, Хазинаи саудии рушд,  Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб ва Хазинаи ОПЕК бо харҷи қариб 32 миллион доллари ИМА навсозӣ шуда, корҳои сохтмониро, асосан, коргарону мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ" ва дигар ширкатҳои роҳсозии бонуфузи ҷаҳонӣ дар асоси нишондоди лоиҳавӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расондаанд.
Хотиррасон менамоем, ки ба сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Чин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2019 расман оғоз бахшида, барои бо сатҳу сифати олӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти коммуникатсионӣ масъулони соҳаро вазифадор намуда буданд.
Дар  асоси лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб", қитъаи Шкев – шаҳраки Қалъаи Хумб аз ду хатти роҳ иборат буда, паҳноии стандартии роҳ ба 12 метр ва паҳноии қисмати роҳи мошингард ҳафт метрро ташкил медиҳад. Канораҳои роҳ аз ду тараф ба дую ним метр баробар мебошад. Ҳамзамон, дар ин масир пули мошингузар ва 30 ҳазору 886 метр пойдевори муҳофизатӣ бунёд гашта, 2 ҳазору 92 метри мукааб лӯлаи обгузар насб гардид. Мутобиқи талабот, дар қитъаи мазкур, ҳамчунин, зиёда аз 630 аломати роҳ гузошта шуд.
Дар сохтмони роҳи мазкур аз тарафи паймонкор 308 нафар мутахассис ва коргари муҳандисию техникӣ ҷалб гардида буд.
Қисмати роҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Чин идомаи бунёди шоҳроҳи мошингард ба самти шарқии мамлакат буда, дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва стратегӣ мебошад.
Ба таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу пулҳои то имрӯз бунёдгардида  шоҳрагҳои рушди минбаъдаи мамлакат буда, бояд барои имрӯзу фардои миллату давлат хизмат намоянд.
Дар асоси лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб", қитъаи Шкев – шаҳраки Қалъаихумб чароғонкунии ду тарафи роҳ то маркази ноҳияи Дарвоз ва маҳаллаҳои аҳолинишин амалӣ гардида, истгоҳҳои замонавӣ низ бунёд шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи қисмати шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Чин ба бунёду навсозии қитъаи роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон оғози расмӣ бахшиданд.
Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо таҷдиду навсозӣ гардидан, беш аз 16 километр кӯтоҳ мегардад ва, дар маҷмуъ, 92,3 километрро ташкил хоҳад дод. Маблағи лоиҳа наздики 2,5 миллиард сомониро дар бар мегирад.
Тибқи лоиҳа, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ шуд, дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 330 лӯлаи обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 3 ҳазору 328 метр, бунёди панҷ долон  бо дарозии умумии 601 метр ва 15 пули мошингузар бо дарозии умумии 633 метр ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудааст.
Дар маросими муаррифии лоиҳа иҷрокунандаи вазифаи сафир-мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Чен Дайн Вен ба таври онлайнӣ иштирок карда, роҳбарияти олии Тоҷикистонро бо оғози татбиқи лоиҳа табрик намуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд намудани роҳи мошингарди Дарвоз – дарвозаи Рӯшон ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ин қитъаи роҳ, ки ҷузъи асосии роҳи мошингарди Қалъаихумб – Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ ба ҳисоб меравад, бо таҷдиду навсозии он рафтуомади сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.
Дар рафти таҷдиду навсозии роҳи Дарвоз – дарвозаи Рӯшон 1000 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, онҳо оянда ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба дар бунёди қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ ва Хоруғ – Кулма – сарҳади Чин саҳми назарраси худро мегузоранд.
Маврид ба зикр аст, ки давоми 30-соли Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи наздики 217 миллион сомонӣ 66,5 километр роҳ ва 40 километри дигар бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозӣ гардидааст. Дар маҷмуъ, аз тамоми манбаъҳо дар соҳаи нигоҳдории роҳҳо зиёда аз 26 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки дар партави амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ – аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мусоидат хоҳад кард.
Дар робита ба оғози навсозии роҳ, ҳунармандони ноҳияи Дарвоз ба меҳмонони олиқадр барномаи рангини консертӣ пешкаш намуданд.
 
ИШТИРОК ДАР ГУЗАШТИ НИЗОМӢ ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз дар гузашти низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии дигар навъи қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сарбозони далери ватанро бо солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи пурифтихори давлатдории тоҷикон, таҳкими Артиши миллӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ андеша ронда, саҳми фарзандони далеру шуҷоъро дар таъмини сулҳу суботи сартосарӣ назаррас хонданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ва хизматчиёни ҳарбии дигар навъи қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ва савганди ҳарбӣ ҳидоят намуданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ бо иштироки ду ҳазор сарбозону афсар гузашти низомӣ ва намоиши техникаҳои ҳарбӣ доир гардид.
 
БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРДАНИ ҶДММ “ТАҶ-ЭТ” (TAJ -ET) 
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти ҶДММ “Таҷ-эт” (Taj-et) оғоз бахшиданд.
Самти асосии фаъолияти корхонаи навбунёд дар ноҳияи Дарвоз ба бандубасти маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла лӯбиё, нахӯд, мош, макарон ва биринҷ равона гардида, бо ҳамкории соҳибкорони ватанӣ ва шарикони рушд таъсис ёфтааст.
Хӯрокворӣ дар корхона бо истифода аз технологияи муосир, ки аз Туркия ворид ва васлу насб гардид, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ бандубаст мешавад.
Ба иттилои масъулон, корхона имкон дорад, ки дар як моҳ 500 тонна маҳсулот ва дар як сол то 6 ҳазор тонна  хӯроквориро бандубаст намояд.
Хӯроквории корхона дар марҳилаи аввал ба бозори дохилӣ пешниҳод гардида, оянда дар нақша аст, ки содироти он ба кишварҳои ҳамсоя зери бренди “Таҷ-ғалла” (Taj galla) ба роҳ монда шавад.
Баробари ба фаъолият оғоз кардани корхона, 24 нафар, ки аксари онҳо занону бонувони маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хӯрокворӣ барои бандубаст, асосан, аз хоҷагидорону кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастрас мегардад ва ифтитоҳи корхона омили муҳим дар самти дастгирии аҳли заҳмат дониста мешавад.
Масъулони корхона бо роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат тасмим доранд, ки дар ояндаи наздик истеҳсоли макаронро ҳам ба роҳ монанд.
Дар ноҳияи Дарвоз бо фаъол гардидани се корхонаи нав дар як рӯз, шумораи корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ба 16 расид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз бо мақсади ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар, коркарди маҳсулоти ватанӣ то ба ҳадди ниҳоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат дар самти расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар боз ҳафт корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои дастгирӣ аз ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон муҳайё сохт, ки баробари афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор рушди соҳаи саноат дар мамлакат таъмин шавад.
 
ИФТИТОҲИ ҶДММ “МЕВАҲОИ БАДАХШОН” 
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз се корхонаи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла ҶДММ “Меваҳои Бадахшон” - ро ба истифода дода, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.
Ҷамъият дар деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз дар асоси дастуру роҳнамоиҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Масъуд Закряев дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардид.
Самти асосии фаъолияти корхона коркард ва бандубасти меваю сабзавот ва истеҳсоли чипс  буда, маҳсулоти ниҳоӣ баробари таъмини бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад.
Таҷҳизот ва хатҳои технологии корхонаи нави саноатӣ аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Россия, Туркия ва Украина ворид ва васлу насб гардидаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки раванди истеҳсолот дар ҶДММ “Меваҳои Бадахшон” тавассути ду хатти технологӣ – чипсбарорӣ ва навори мевагӣ (батончик) амалӣ мегардад.
Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз 1,3 тонна ва дар як сол то 400 тонна меваю сабзавотро коркард намояд.
Дар корхона дар марҳилаи аввал нуҳ навъи маҳсулот –  чор намуди чипс аз лаблабу, сабзӣ, нок ва себ ва панҷ намуди масҳсулоти серғизою болаззат аз мева истеҳсол  мешавад.
Меваю сабзавот барои коркард ва бандубаст ба корхона тибқи шартнома аз боғпарварон ва кишоварзони ноҳияи Дарвоз дастрас мегардад.
Истеҳсолоти корхона зери тамғаи “Карон эко фрутс” (Karon eco fruits) дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ бандубаст ва ба бозори истеъмолӣ пешниҳод мегардад.
Корхона дорои нуқтаҳои қабули маҳсулоти хом, шустушӯйӣ, хушкнамоӣ, резасозӣ ва ҷудо кардани маҳсулоти нуқсдор буда, раванди фаъолияти хатҳои истеҳсолӣ тавассути технологияи муосир назорат карда мешавад. Ҳамзамон, барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр дар корхона анбори алоҳида бо ғунҷоиши 40 тонна маҳсулот мавҷуд аст.
Маврид ба зикр аст, ки маҳсулоти корхона аз лиҳози экологӣ сад дар сад табиӣ мебошад, зеро ба он барои хушсифату болаззат шудан, ягон маводи кимиёвӣ карда намешавад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истеҳсолӣ беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Корхона, дар муҳлати  кӯтоҳ, дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо харҷи 4 миллион сомонӣ бо сатҳу сифати баланд дар масоҳати 1148 метри мураббаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Роҳандозии истеҳсоли чипс аз меваҳои хуштаъму лазизи ватанӣ таҷрибаи нахустин буда, дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси корхонаву коргоҳҳои муосири коркарди дастранҷи боғпарваронро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба нақша гирифтааст.
Бунёди корхонаи муосири саноатӣ дар ноҳияи Дарвоз бо мақсади истифодаи пурра аз имконот ва иқтидорҳои мавҷуда амалӣ гардида, омили муҳим дар самти таъмини сокинони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва як қадами устувор барои саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат дар самти таъсиси ҷойҳои нави кор, коркарди маҳсулоти хоми ватанӣ то ҳадди ниҳоӣ ва рушди деҳот намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Ба масъулон барои дастгирӣ аз ин гуна иқдомҳои бунёдкорона ва минбаъд низ таъсис додани коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ҷиҳати коркард ва бандубасти меваю сабзавоти тозаи табиӣ, махсусан аз минтақаҳои баландкӯҳи мамлакат, дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ҶДММ “КАРОН ПЛАСТ” 
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз, ҳамчунин, ҶДММ “Карон пластр”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хатҳои истеҳсолӣ, имконияти корхона ва маҳсулоти тайёри он шинос шуда, бо мутахассисони ватанӣ суҳбати самимӣ намуданд.
Корхона дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ бо мақсади таҷлили сазовор аз 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҳмон Шифоев бунёд ёфт.
Дар корхона лӯла ва дару тирезаҳои пластикӣ бо истифода аз технологияи муосир дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол шуда, 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 2400 метр лӯлаи қутрашон аз 15 то 120 миллиметр буда, маҳсулоти ниҳоии он барои кашондани хатти оби нӯшокӣ ва обёрии заминҳои кишт пешбинӣ гардидааст.
Лӯлаҳои корхона ҳам барои оби хунук ва ҳам барои оби гарм истифода шуда, талабот ба ин навъи масолеҳ дар бозори дохилию хориҷӣ зиёд мебошад. Истифодаи маҳсулоти корхона барои солҳои зиёд кафолат дода мешавад.
Лӯлаҳо ва дару тирезаҳои пластикии истеҳсолкардаи корхона дар бозори дохилӣ рақобатпазир буда, аз ҷумлаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад.
Ифтитоҳи корхонаи нав имконият медиҳад, ки талаботи бозори ноҳия ва атрофи он бо ин навъи маҳсулот қонеъ гардад.
Аснои шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иттилоъ дода шуд, ки дару тирезаҳои пластикӣ дар корхона, асосан, тибқи фармоиши мизоҷон истеҳсол мешавад.
Масоҳати қитъаи замини корхона 2157 метри мураббаъро дар бар гирифта, бинои истеҳсолӣ дар майдони 402 метри мураббаъ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ бунёд ёфт.
Хатҳои технологӣ ба корхона аз Туркия ва Чин ворид шуда, бо иштироки мутахассисони ватанӣ васлу насб гаштааст. Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот аз дохил ва хориҷи кишвар дастрас мешавад.
Маҳсулоти корхона, асосан, барои бозори дохилӣ равона гардида, дар оянда бо баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти он ба кишварҳои минтақа ҳам ба роҳ монда хоҳад шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори ватаниро намунаи ибрат ва дастгирӣ хонда, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2021    №: 193    Мутолиа карданд: 4064
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед