logo

Хабарҳо

Навидҳои фарҳанг

 
ФИЛМИ «ҶОМӢ ВА НАВОӢ»-РО БА НАВОР МЕГИРАНД
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон натиҷабардорӣ шуд.
Сафар дар ҳайати муовини якуми директори «Тоҷикфилм» Толиб Ғайбуллозода, олимон Шодимуҳаммад Сӯфизода, Муҳрид-дин Низомӣ ва раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов сурат гирифт.  Дар вохӯриву суҳбатҳо ба анҷоми корҳои муқаддамотӣ оид ба иншои филмномаи «Ҷомӣ ва Навоӣ», масъалаҳои васеи вобаста ба ин ду шахсияти бузурги таърихи ду миллати ҳамҷавор, дӯстии бегазанди тоҷикону ӯзбекон ва инъикоси он дар ин филми ҳунарӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гарид.
Қарор дода шуд, ки дар муҳлати муқар-раршуда филмномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов бо маслиҳату машварати олимони тоҷик таҳия хоҳад кард.
 
 
ГИРОМИДОШТИ СОТИМ УЛУҒЗОДА
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷи-кистон ёдбуди Нависандаи халқии Тоҷи-кистон Сотим Улуғзода баргузор гардид.
Адибони маъруф Абдулҳамид Самад, Аскар Ҳаким ва Гулрухсори Сафӣ аз хидматҳои шоистаи ин шахсият дар таъриху адабиёти тоҷик гуфта, изҳор доштанд: «Роману намоишномаҳои таърихии «Ривояти суғдӣ», «Фирдавсӣ», «Восеъ» барои ташаккули ҳувияти миллӣ ва бедории мардум нақши бузург доранд». Ҳачунин, пешниҳод гардид, ки барои арҷгузории ранҷҳои адабии нависанда мунтахаби осораш рӯйи чоп ояд.
 
 
“ГУЛНАЗАРНОМА” НАШР ШУД
Китоби адабиётшинос ва тарҷумон, устоди ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода Абдурашид Самадов таҳти унвони “Гулназарнома” ба чоп расид. Ин китобро Абдурашид Самадов подоши “дӯстии 59-сола бо Гулназар”, “меҳру муҳаббат ва самимияти ӯ” арзёбӣ кардааст.  
Китоб аз силсилаи мақолаҳо, ёддошту хотирот, суҳбатҳо ва номаҳо иборат аст. Дар бахши мақолаҳо перомуни эҷодиёти Гулназар тааммул шуда, дар бахши хотираҳо лаҳзаҳои рангини зиндагии шоир сабт аст.
40 номаи Гулназар ба муаллиф аз ёди ҷавонии пуршӯр, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, фаъолияти якҷояи онҳо дар Афғонистон нақл мекунанд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1730
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед