Хабарҳо
Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»
Дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт, - хабар медиҳад маркази матбуоти МН МО ҶТ.
Зимни баррасии лоиҳа иброз гардид, ки санади мазкур бо мақсади бартараф намудани хатоҳои имлоӣ дар матни Қонуни амалкунанда ва номукаммал будани меъёрҳои алоҳида дар давраи баъди мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур (аз 1 январи соли 2017) ба мушоҳида мерасанд, инчунин, мушаххас намудани заминаҳои ҳуқуқӣ барои баланд намудани самаранокии низоми нав дар самти ба роҳ мондани таъин, ҳисоб ва бозҳисобӣ, ташкили пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, ҷиҳати таъмини шаффофият ва омори дақиқ дар соҳаи таъминоти нафақа бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири навтаъини фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Тарафҳо ҳавасмандии амиқро барои таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд таъкид намуда, фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, инчунин, абзори машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро муҳим хонданд.
Ёддошти тафоҳум байни иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ миёни иттифоқҳои касабаи ҳар ду давлат Ёддошти тафоҳуми давравӣ ба тасвиб расонданд. Санади мазкур барои тақвияти ҳамкории дуҷониба мусоидат хоҳад кард, - иттилоъ доданд аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.
Ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 24-26 сентябр ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом дод. Дар ин сафар раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон Қудратилла Рафиқов, роҳбарони иттифоқҳои касабаи соҳавӣ мулоқоти судманд анҷом дод.
Дар доираи сафар намояндагони Тоҷикистон бо фаъолияти кории иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон ва технопарки шаҳри Тошканд, ки 16 корхонаи истеҳсолиро дар бар мегирад, шинос шуданд.
Чангу ғубор ва селҳои пиряхӣ пешгӯйӣ мешаванд
28 - 29 сентябр дар минтақаҳои алоҳидаи вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабонарӯзи наздик дар ғарби ВМКБ, минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд бар асари об шудани пиряхҳо эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ пешгӯйӣ мешаванд. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ дод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти хиёбонҳо, хусусан наздикии роҳҳои сернақлиёт, минтақаҳое, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд. Ҳангоми корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва сафар эҳтиёткор бошанд.
COVID-19. Ягон ҳолати гирифторшавӣ сабт нашудааст
Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ, аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17084 нафар гирифтори коронавирус сабт гардида, аз ин шумора 16960 кас шифо ёфт. Бар асари ин беморӣ 124 нафар фавтид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1797